Loe raamatut: «Нигина ва Мирмалик», lehekülg 11

Font:

Равзанаи ҳаштум. Гулбонги шоҳона аз дурахши ду ахтари тобони Исфара

Ҳафт моҳи таҳсил ва омӯзиши илми адабу мусиқӣ монанди ҳафт бор миҷа задан зуд гузашту гулдухтари ворухӣ аз ҳар суфраи маърифат ба қадри дилхоҳ чошнӣ гирифта, ҷисман ва рӯҳан хеле тағйир ёфта, ба таъбири устод Рубобӣ «суп-сурх хуҷандӣ» шуд. Дар ҳар маҷлису маҳфиле, ки ин шӯхи парирӯ ва хушлибосу ширинҳаракот ба ҳунар ояд, эъҷози калом ва махсусан рақси зебояш ҳамаро афсун мекард. Аммо вай хурсанди хурсанд набуд ва ҳар замон «Оббо!» мегуфту оҳ мекашид. Зеро шоире, ки диданашро орзу мекард, аз Исфара наомаду Зиёуддини Порсӣ хабар расонд, ки бародари Сайфуддин дар арафаи ҷашни Наврӯз вафот кардаасту дар сӯги Шабоҳиддини ҷавонмарг сахт мотам дорад. Дигар сабаби хотирпарешонии Нигина он буд, ки Мирмалик низ ба Хуҷанд наёмаду ҳатто аз худ дараке надод. Фақат Бибинурӣ ҳамин қадар гуфт, ки Мирмалик сипаҳбуди ҷасури лашкари шоҳзода Ҷалолиддин шудаасту ҳамроҳ ба Фарғона лашкар кашидаанд, то ба тухми қарохониҳо қирон оварда, Мовароуннаҳрро, минҷумла Хуҷандро пурра ба давлати Хоразмшоҳиён ҳамроҳ кунанд. Сеюм ҷиҳати хотирпарешонӣ он буд, ки падару модар ва бародарро хеле пазмон гашта, агар номи Ворухро шунавад, дилаш гум мезад. Азбаски барои ба деҳа бозгаштан дигар ягон монеа вуҷуд надошт, аз Бобокалони Бузург фотеҳа гирифту ба паҳлуи Бибинурӣ нишаст ва субҳи рӯзи чаҳоршанбеи муродбахш аробаи тезгард сабук ба ҳаракат даромад. Вале то Ворух нарасид…

Андаке дуртар аз аспрези Исфара, дар хамгашти роҳи Шӯроб, ки барои Ворухравӣ нисбатан кӯтоҳу қулай буд, амаку падари Нигина ва кадхудои деҳа меҳмонҳои хуҷандиро бо чеҳраи шоду хуррам истиқбол гирифтанд.

– Наход маро ҳамин қадар пазмон шуда бошанд, ки барои пешвозгирӣ ба Исфара омадаанд? – аз ҳайрат чашмонашро калон кушода, бо таҳайюр ба Бибинурӣ нигарист Нигина ва дигар ягон ҳарфе нагуфта, худро ба оғӯши падар андохт.

– Имсол иди зардолу дар Исфара таҷлил мешавад! – баъди ҳолпурсӣ мужда расонд Иброҳимхоҷаи кадхудо. – Аз ҳар русто сад нафарӣ меҳмон даъват кардаанд. Ҳамакаса омадем, ки бо як тир ду нишон занем: ҳам шуморо пешвоз гирему якҷоя сайру тамошо ва дар базми ҷамшедӣ иштирок карда, ҳамроҳ ба Ворух баргардем.

– Ин қадар меҳмони бисёру базми ҷамшедӣ чаро? – ба ҳайрат омад Шайх Бурҳониддин. – Ҳар сол иди зардолу дар як русто хоксорона, бе ҳамҳама мегузашт…

– Имсол навбати исфарагиҳо. Онҳо мардуми доро, аз ҳаври даҳонашон ғӯраи хом мепазад, – лутфу кинояро бо ҳам омехт Аҳмадсайид – Бояд исбот кунанд, ки дар меҳмоннавозӣ аз дигарон як сару гардан болоянд!

– Акоям мағзи гапро гуфтанд. Лекин… миёни мардум ҳар хел овоза бисёр…

– Ман ҳам чанд гапу калоча шунидам, – бо эҳтиёт атрофро нигариста, овозашро як парда паст намуд Иброҳимхоҷа. – Мегӯянд, ки имсол дар иди зардолуи Исфара подшоҳи олам Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ иштирок мекардааст!

– Султон не, писараш… Шаҳзода Ҷалолиддин имрӯз ба Исфара меомадааст! Мегӯянд, ки вай дар Фарғона ҳокими қарохониҳоро сари зону шинондаасту ба ин муносибат дар Исфара базми подшоҳӣ мешудааст…

– Ҳамааш фаҳмо! – гуфт бо оҳанги ҷамъбаст Шайх Бурҳониддин ва ҳамроҳонашро ҳадаҳа кард: – Зуд бошед, аз тамошо дер намонем. Шоҳзода, ки ояд, Мирмалик ҳам меояд!

Шоҳзода Ҷалолиддин ва аҳли рикобаш аз ҷониби Лаккон, ки дарвозаи Фарғона аст, ба Исфара ворид шуданду чун ба маҳаллаи Устомулло расиданд, созандаҳо таблу санҷ заданду карраною испедмӯҳраро бод бардамиданд ва аз танини осмонрас аспҳои хастагашта ҳушёр шуда, бо чашми изтироб атрофро нигаристанд. Лек бар ивази сипоҳиёни ҷавшанпӯши ханҷарбадаст гулдухтарони парниёнпӯши дар даст нону намакро дида, савораю савориҳо ором гирифтанду масрур ва мағрур ба атрофу акноф чашм давонданд. Пазироӣ зуд анҷом ёфту ҳамагон ҷониби қалъаи ҳокимнишин равона шуданд, ки дар маҳаллаи Сари Баландӣ воқеъ буд. Тамоми роҳ дуҳулзан пеш-пеш рафта, бар табира даввол мезаду аз ҳафтсола то ҳафтодсола Шоҳзода Ҷалолиддини аввалмақомро бо тавозӯъ «Хайра мақдам!» мегуфтанд. Шайх Бурҳониддину ҳамсараш, Нигинаю падару амакаш низ дар қатори пешвозгирандаҳо истода, бо чашмони муштоқ Мирмаликро мекофтанд, ки яке аз чил савораи гирди Шоҳзода буд, аммо ҳатто дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки тағояш бо дигар наздиконаш даҳ қадам дуртар чорчашма вайро меҷӯянд.

Охирин сарбоз ба куҳандиз даромадан ҳамон дарвозаи бузург пӯшида шуду мардуми зиёд ва аксари мизбонҳо берун монданд. Аз ворухиён фақат Иброҳимхоҷаи кадхудо ба дарун роҳ ёфту дар кунҷе рост истода, мушоҳида кард, ки меҳмони гиромӣ ва нозукро рӯйи шоҳкати зери маҷнунбеди кокулпарешон болои чор рахт кӯрпачаи шоҳӣ шинонданд. Аз ду ҷониб болишҳои мулойими зеҳзаррин ниҳода, имкон фароҳам оварданд, то бе малоли хотир каҷпаҳлӯ зада, бо ҳаловати том чойи санҷидӣ бинӯшад ва кӯфти роҳ барорад. Канизакони озодаву ғуломони тозалибос бешавқуну мағал, аммо чусту чолок ҳаракат карда, ба Шоҳзодаю ҳамроҳонаш, ки аксарашон ашрофу амирзодаю сипаҳбуди ҷоннисор буданд, дар косаҳои заррин кангар оварданд ва бо лафзи пурназокат фаҳмонданд, ки ин таоми дармонбахш беҳтарин даво барои дафъи хастагӣ асту онро аз сиёҳалафи кӯҳи Ғизолон ва беҳтарин райҳони соҳили Исфараруд пухтаанд.

Баъди таом барои истироҳат андаке вақт ҷудо гардид ва кадхудо дарҳол ба ҷустуҷӯйи Мирмалик сар кард. Бо табассуми сохта дар байни сипоҳиёни солор оҳиста қадам гузоштаю беист ибораи «Ягон хизмат ҳаст?» нӯки забон оварда, оқибат чеҳраи ошноро дид. Қадам бебоктар ниҳоду «Ассалом, Мирмалик!» гуфт ва дар интизори посух карахт истод. Мирмалик лаҳзае ба чеҳраи кадхудо синча карду шинохт ва «Иброҳимхоҷа шумоед?!» гӯён, оғӯши пурмеҳр калон кушода, аввал аз саломатии тағо пурсид.

– Ҳазрати Шайх Бурҳониддин ҳамин ҷо… дар берун…

Мирмалик дигар ҳарфе нагуфта, зуд назди Шоҳзода рафту қомати баланд хам намуда, хушхабар ба гӯши муборак расонд. Ҷалолиддин хушҳол гашт, вале Мирмаликро рухсат надод, ки дарҳол берун давад, балки сухане бехгӯшӣ гуфт. Мирмалик одоби таъзим баҷо оварда, бо тавозӯъ қафо гашту лаб ба гӯши кадхудо наздик расонд:

– Ба шумо рухсат шуд, ки аз қалъа берун бароед ва тағоямро хотирҷамъ намоед. Пас аз як-ду пиёла чой мо низ бадар мешавем ва лаб-лаби ҷӯйбор сайри зардолу карда, ба мастабаи Зумурадшоҳ меравем, ки базмгоҳи асосӣ он ҷо будааст. Иншоаллоҳ, дар берун дида ба дидор мерасад. Ишораи маро интизор бошед…

Муждаи кадхудоро шунида, Нигина оҳи сабук кашид, ки оқибат дурри мақсуд ба каф меояду Мирмаликро мебинад. Азбаски Бибинурӣ ҳам ташнаи дидори ҷигарбанди шоҳсавораш буд, ҳар ду монанди дигар занону духтарони фаранҷидор ва чодарбасар аз мардҳо ҷудо, дар мазраи сабзи лаби ҷӯ нишастанд. Дари қалъа кушода шудан ҳамон аз ҳар канора садои карнай ва нақора баланд гашту аз оғози Иди зардолу башорат дода, ҳамаро ба ҷунбиш овард. Меҳмони олиқадр пешопешу аҳли рикоб аз дунбол бо роҳбаладии боғбони машҳури диёр Ғиёсиддини Нозӯр аз тарафи офтобшинам ба боғи Чилмева даромаданд. Ин саробӯстон дар шафати маҳаллаи Сари Баландӣ қад-қади ҷуйи Мулдон доман паҳн карда буду аз зардолую шафтолую себу муруд то чормағзу санҷиду бодом, мувофиқи номаш, чил навъ шаҳдмеваи шакаррез дошт. Фақат аз як худи зардолу дар ин боғи шоҳона даҳ намуди ширинтаринаш – қандаку хурмоӣ, дарафшаку бинигорӣ, ширпайванду маҳтобӣ, ҷавпазаку мирсанҷалӣ ва худрезаку ҷавзоӣ паҳлуи ҳам руста, ба якдигар рангу тароват бахшида, ҳар роҳгузарро ширинком мекарданд.

Шоҳзода Ҷалолиддини Манкбурнӣ, ки шояд дар умраш бори аввал бо хотири осуда ба чунин боғи биҳиштӣ қадам мениҳод, байни растаҳои зардолузори тиллоранг оҳиста-оҳиста гом ниҳода, баъзе шохаҳои пурмеваро бо эҳтиёт хам мекарду аз ҳар навбовае беҳтарин донае ба даҳон меандохт. Табиист, ки сипаҳбудҳо сарвари худро пайравӣ менамуданду ниҳоли пурмева дар они воҳид бемева мемонд. Аммо Ғиёсиддини боғбон аз чунин талаю тороҷ дар рӯзи равшан дилгир нею баръакс, мамнун гашта, боғ-боғ мешукуфт ва пайваста «Бемалол даҳон ширин кунед, ош шавад!» мегуфт. Шоҳзодаю ҳамроҳонаш низ пайваста боғбону ҳамкоронашро таърифу тавсиф мекарданд.

Дар мобайни боғ сайргарони мӯҳтарамро навгонии нишотбахше ба ҳайрат овард: чор гулписари наврас аз чор тараф дар чор табақи гулнақши сафолӣ аз зардолую шафтолую харбузаю бодиринги наврасида чор навъи хубтарин – мирсанҷилии нимбӯр, калвандаи тиллоранг, шамимаи хушбӯй ва толонаи тийиб махсус барои Шоҳзода ширинкома оварданду пеши пояш дузону нишаста, табақҳои пурмева болои сар ниҳоданд. Маҳз дар ҳамин асно аз ҷониби Исфараруд боди мулойим вазида, гесӯи ҳазорранги дарахтони боғи биҳиштиро маҳин шона зад ва бӯйи муаттари насрину қаранфул ва хайрию пудинаро ба машоми ҳозирин расонд. Шоҳзода Ҷалолиддин аз омезиши хушбӯйиҳо ва хушгӯйиҳо сармаст шуд. Ангушти хитоб боло бардошт ва бо лафзи поки тоҷикӣ гуфт:

– Ҳаббазо! Эй мардуми пок, ҳаббазо! Қаблан шунида будам, ки Исфара дили Фарғона асту беҳтарин макон дар ин бӯстон! Алҳол бовар кардам, ки дар ҳақиқат Исфара ҷаннатмакон, беҳин сарзамин дар Мовароуннаҳр будааст! Ҳаббазо!!

Атрофиён – ҳокиму қозию сӯфию ҳама уламо ва деҳхудоёну сарварону бузургмардони Исфара баробар таъзим намуда, сухани хуши Шоҳписари Султон Муҳаммади Хоразмшоҳро сипосгузорӣ карданд.

– Биҳамдуллоҳ, дуруст гуфтед, эй Шоҳзодаи азимулқадр! – яке аз таъзимгарон, марди миёнақаде, ки ҷуббаи гулнақши ҷойдорӣ дар бар дошт, қадаме пеш гузошта, дубора таъзим намуд. – Каломи мубораки шумо боиси сарбаландии мост:

Навниҳоли умратон пурбор бод!

Сабзу зебо, зиннати гулзор бод!

Ҷалолиддин боз ангушти хитоб боло бардошт:

– Эй мардуми пок! Дар чунин макони биҳиштӣ зиста, аз чунин ҳавои муаттар нафас кашида, аз чунин меваҷоти шаҳдрез ком ширин карда, аз чунин манзараҳои зебо баҳра бардошта, шеъри ноб мебояд гуфт! Хушилҳоме ҳаст?

Аз мобайни издиҳом ҷавонмарде бо тавозӯъ пештари Шоҳзода омаду одоби таъзим пурра баҷо овард:

Расид айёми зарпош, эй Шоҳзода,

Ба ман зардолу барчош, эй Шоҳзода,

Дар миёни гулбоғҳои Исфара

Зиёд пайдо шавӣ кош, эй Шоҳзода!

– Бадоҳатан шеър бофтан ҳунари ҳар кас не, ҳаббазо! – шоири ҷавонро рӯҳбаланд кард Шоҳзода Ҷалолиддин. – Пайваста машқ кардан ва маҳоратро сайқал додан ҳар довталабро ба мақсад мерасонад. Боз ягон заҳрадоре хушсухан ҳаст?

Бо ҳидоят ва роҳандозии ҳамдеҳагон шоири шинохтаи ворухӣ Абдулмаҷид аз хиҷолат мисли зардолуи маҳтобӣ сурх шуда, беҷуръатона назди Шоҳзода омаду баъди таъзим ҳолати дигар гирифт ва шеъри тозаэҷод бо лаҳни форам қироат кард:

Эй дил, ту биханд, боғи ҷон механдад,

Зардолу ки пухт, ин ҷаҳон механдад!

Ҳар мева чу ахтарест дар шохи дарахт,

Гӯё ки тамоми осмон механдад!

– Ҳаббазо! – лаб ба таҳсин кушод Ҷалолиддин. – Шеъраки хуб аст, аммо олӣ не. Наход дар Исфара ягон шоири сара набошад?! Ҳайфи манзара…

– Шоири сара ҳаст…

– Кист ӯ?

– Сайфуддини Исфарангӣ!

– Сайфуддин… оё вай самарқандӣ нест? Аҳли адаби Самарқанд дар маҳфиле вайро ҳамшаҳрии худ хонда буданд…

Мирмалик хомӯш истоданро салоҳ надониста, бо ишораи даст аз сипаҳсолор Ҷалолиддин иҷозати сухан пурсид.

– Сайфуддин фарзанди ҳамин диёр, эй соҳибқирон! Мо ҳамсабақем. Як сол дар Хуҷанду ду сол дар Самарқанд якҷоя илм омӯхтем. Ман ба Хуҷанд баргаштаму вай чор соли дигар самарқандӣ шуд… Шоири хуб аст, каломи хуш, табъи баланд, фикри амиқ дорад…

– Ҳоло Сайфуддин куҷост?

Мирмалик китф дарҳам кашиду Абдулмаҷид дарҳол ба кӯмак шитофт.

– Сайфуддин ҳамин ҷост, лекин… ҳавсалаи шеъру шоирӣ надорад.

– Чаро??

– Мусибати гароне ба сараш омадааст… Бародараш ҷувонмарг шуду вай гӯшанишин…

– Дар кулли олам аз шоири гӯшанишин бадтар наёфтаам! Фирдавсию Низомию Хайёму Рӯдакӣ ва Унсурию Ҳоқонӣ магар гӯшанишин буданд? Ҳар рӯзи Худо барои онҳо рӯзи набарду имтиҳон буд. Лиҳозо номи ин бузургони рафта имрӯз баланд аст! Азеро зинда ба шеър аст номи шоир!!

Атрофиён, тибқи таомул, дастҳо пеши бар «Алҳақ!» гуфтанду ҷавонмарди лоғарандоме ҷомаи сиёҳ дар бар ва тоқии кабуд дар сар саҳле лангида, рӯ ба рӯйи Шоҳзода Ҷалолиддин омад. Сару китф андак поён хамонда, таъзими муносиб ба мақоми шоирӣ намуд ва самимона лаб ба гуфтор кушод:

– Ассалому алайкум, эй Ҷаҳонсолори ҷавон, Ҷалоли дин ва Ҷамоли нурофарин, марҳабо ба Исфараи нозанин!

Айши ту ҳамеша дар тамошо хуш бод!

Боғи тараби ту, сарвболо, хуш бод!

Нӯшидани ҷоми бодаву оби ҳаёт,

Бе мо чу хушат набуд, бо мо хуш бод!

Дар лабони Шоҳзода табассум шукуфт ва бо мамнунӣ гуфт:

– Ҳаббазо, эй ҷавони хушодоб ва хушкалом! Сайфуддини шоир, андалеби хушилҳони Исфара ту ҳастӣ?

– Бале, эй Соҳибқирони кишваркушой ва бахти бедори падар. Аҳмади ғамдида манам, ки қадами мубораки ту мусибати сиёҳ аз вуҷудам дур афканд. Инак, бо дили шод ва эҳтироми зиёд ба хидмати Ҷалоли дин ва Ҷамоли нурофарин омадам:

Ман зи баҳри шеър оби зиндагонӣ мех(в)арам,

Айб машмар, гар кунам даъвӣ, ки Хизре дигарам.

Ҳамчу мурғи ҷони поконам дар ин нилиқафас,

Дасту пое мезанам, то нагзарад об аз сарам.

Як дабистони Уторид зодаи табъи ман аст,

Чун ба толеъ зодаи осори саъди Акбарам.

Ҳар куҷо гоме гузорам, бар замин аз файзи нур,

Сурати ҷон менигорад килки маънипарварам.

Ҳаргизам бори бурути кас наҷунбонад зи ҷой,

Нестам хас, то барорад пойкӯбон сарсарам!

– Ҳаббазо, эй андалеби хушнаво, марди поки ҷони покони Исфара! Хуб аст, ки мусибатро падруд гуфтӣ, худро ба мо шиносондӣ ва бо дили гарм ба шеър пайвастӣ. Зиҳӣ, шоир!

Хитоби Шоҳзодаро шунидан ҳамон ходимони чолок ба Сайфуддин кулоҳу хилъати нав пӯшонда, миёнашро бо камарбанди заррин бастанд ва аввалин шуда, ӯро Мирмалик табрик намуд. Ду ҷавонмарди ҳамқад ва хушҳолро дар лаҳзаи шодмонӣ якҷо дида, дили Нигина аз фараҳ лабрез гардид. Ҳис кард, ки нашъаи гарме аз нохуни по то фарғи сараш дамид ва ба тани латифаш ҳузуру ҳаловату қуввати тоза бахшид. Сидқан бовар кард, ки тилисм тамоман шикаста, абгор шудааст.

Пас аз анҷоми табрику таҳнияти атрофиён Ҷалолиддини Манкубернӣ бо нигоҳи меҳрполо Сайфуддинро нигарист:

– Пир будӣ, ҷавон шудӣ, эй шоир! Бигӯй, ки чанд сол дорӣ?

– Маро модар пас аз таърихи ҳиҷрат

Ба соли пансаду ҳаштоду ду зод…

– Эҳ-ҳе! Тамоман ҷавон будаӣ, ман аз ту ҳамагӣ панҷ сол бузург…

– На панҷ сол, балки хеле бузургтарӣ, эй Ҳумоюнбахт! Феҳрасти фазли ту, лутфи беҳамтои ту ҷонро сафо ва илҳомро оби бақо мебахшад. Аз шарофати азми бо барқ ҳаминони ту, бо ақлу ройи савобкори ту аз хоки гуҳарбори мо решаи манҳуси дарахти қарохонӣ бурида шуд! Офарин туро, эй ҷавонбахту ҷавондавлат, ки ҳам азои маро ва ҳам азоби халқи ҷафокашидаи маро хотима бахшидӣ. Дар ин боб руҷӯе дорад шоири Исфара ба мардуми Исфара:

Ҳон, ситамёфтагон, шод шавед!

Ки ситам рафт, расид ин нуқабо.

Субҳи инсоф алам зад бар бом,

Зулмро аз катиф афтод ливо.

Ба навои қаламу теғ нишонд,

Файзи иқбол ғубори ғавғо.

Фитна гар дастдарозӣ медошт,

Адл буррид ба шамшери қазо.

Рафт он навбати бедод, ки буд

Зулмро бар сари халқ истило.

Офтоби назари саъд имрӯз

Соя андохт бар аҳволи шумо!

– Ҳаббазо шоире бо дидаи ибратбин! Мебинам, ки ҳарчанд ғамгинӣ, эй шоир, қалбан мекӯшӣ, то каломат ширин ва олӣ бошад. Боварам торафт қавӣ мегардад, ки ту метавонӣ бо афсуни сухан шаҳду шакар аз най берун кашӣ. Ҳаббазо!

– Лутфи соҳибқирони баландахтар алмудом рахшанда бодо! Қаблан ишора шуд, ки беҳин бузургони назм ҳар рӯзи хеш набарди имтиҳон медонистанд. Аз осори нафас ва шӯълаи чашмони оламгири Султонзодаи бузург эҳсос мекунам, ки имрӯз дар кӯчагоҳи имтиҳон қарор дорам. Инак, ҷавоби ман:

Дар сухан тарзи наве дорам, ки ҳаргиз ҳамчу моҳ,

То фалак гардон бувад, кӯҳна нагардад аз навӣ.

Ганҷи ҳикмат зери ҳар ҳарфе ниҳон дорам, валек

Гоҳ туркӣ хонадаш бо ақл, гоҳе паҳлавӣ.

– Аҳсант туро, эй шоири шакарфишони порсӣ, ки туркию ҳам паҳлавиро медонӣ!

– Хоразмию арабиро ҳам мисли забони модарӣ азбар кардаам…

– Ҳаббазо, эй ганҷинаи Исфара! Бегумон ту маҳз ҳамон шоир ҳастӣ, ки ҷустуҷӯяш мекунам. Падари бузургворам, Шоҳаншоҳи олам маро дастур дода, ки аз ҳар диёри мубтало шоирону ҳунарварони олигуҳарро бегазанд ба Ғӯрганҷ расонам, то зебу зинати дарбори мо шаванд. Азеро баъди шикасти Сомониён сулолаи хоразмшоҳиён умедгоҳи бузургони Аҷам буданду ҳастанд!

Аҳли рикоб бори дигар даст болои сина ниҳодаву сар ба зер афканда, бо як овоз «Алҳақ!» гуфтанд ва бо умеди шунидани ҷавобияи сазовор Сайфуддинро нигаристанд.

Шоири нуқтасанҷ дарҳол ба мадҳи Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ пардохт:

Дар гулшани мулк бори дигар,

Товуси зафар кушод шаҳпар.

Афканд ҳумои фатҳ соя

Бар чашмаи офтобханҷар.

Дебочаи корномаи мулк

Шуд хатм ба номи шоҳ Санҷар.

Яъне ки Алои дину дунё

Султон Муҳаммади Музаффар!

Аз ҳар ҷониб нидои таҳсин ва офарин баланд гашту сари Шаҳзода гӯиё ба осмон расид. Донае мирсанҷалии нимбӯр ба даҳон андохта, дигаре ба шоир дароз карду санҷишро идома дод:

– Шоире, ки каломи мавзун, хаёли рангин ва шеваи бовиқор дорад, лоиқ бар он аст, ки дар миёни муосирони хеш ливои сарфарозӣ бардорад. Ҳаббазо, эй Сайфуддин! Лек… маро шубҳае пеш омад: шеъре, ки дар ситоиши падари бузургворам гуфтӣ, тозаву тар аст ё аз дафтари ашъор?

Сайфуддин лаб ба ҷавоб накушода, Абдулмаҷиди Ворухӣ, ки то ҳол дар қариби Шоҳзода меистод, одоби муоширатро риоя накарда, бо эҳсоси баланд гуфт:

– Бадоҳатан, фар-фар шеър гуфтан шеваи бародари арҷманди мост!

Хайрият, ки ҷасорати шоир сипари густохии ӯ гардиду Шоҳзода хашм нагирифт ва бо дониши амиқ набарди суханро идома бахшид:

– Устоди зудшеърӣ ҷуз Рӯдакӣ касе набуду нест! Агар бошад, бигзор дар васфи ин қитъаи замин, боғи афсонавӣ, боди муаттар, оби равон ва хаймаи пурмева бадоҳатан як қитъа шеър бигӯяд. Агар моро писанд ояд, ин қитъаи замин ӯро бубахшем.

Сайфуддин як қадам пештар омаду бо чеҳраи афрӯхта ва чашмони шукуфта лаҳзае дарахтони пурмеваро назора намуд. Сипас дасти чап боло бардошту андалеби шохсор шуд:

Парда бардор, ки сури чаман аст,

Бод дар айни нисори суман аст.

Боғ чарх асту миҷарра майдон,

Шох ҷавзову навбова паран аст.

Самари ғунча зи шохи миност,

Тоҷи пироя зи дурри Адан аст.

Об дар ҷӯй равад чун симоб,

Абр гӯйӣ, ки гули настаран аст.

Бар замин хаймаи тардомани гул

Сояпардозтар аз норван аст

Ҳама хел мева ақиқ аст магар,

Дар дами бод ҳавои Яман аст…

Шеъри фар-фар ҳамаро писанд омад, вале ҳеҷ кас садо баланд накард. Хурду бузург нафас ба дарун кашида, Шоҳзодаро менигаристанд, ки дар суфакати аъло ҳамоно бовиқор менишаст. Нигина ҳам сокит буд, ҳарчанд дили ҳасосаш ороме надошт. Вай хуб медонист, ки шоир ба Шоҳзода шеъри олӣ эҳдо намуд. Аммо намедонист, ки пораи озмоишӣ чӣ сон қадрдонӣ мешавад…

Хушбахтона, интизорӣ тӯл накашид. Султон Ҷалолиддин солор аз ҷой хест. Ба рӯйи сабзаи мулойим, ки шабеҳи пойандози бахмалӣ буд, оҳиста гом ниҳод. Сабук қадам зада, ба паҳлӯи Сайфуддин омад. Шоирро нарм ба оғӯш кашид ва баланду мутантан садо баровард:

– Зеҳ!

Нидои шодӣ аз сайргоҳ ба фалак печид. Нигина ҳам мисли дигарон «Зеҳ!» мегуфту медид, ки муншӣ коғазу давот дар даст назди ҳокими Исфара омад, то санади иқтоъ бинависад. Мирмалик ва Абдулмаҷид сар бар сари Сайфуддин ниҳода, шоири хуштолеъро бародарвор шодишарик гаштанд. Шайх Бурҳониддину Аҳмадсайиду Абдулсайид низ ба ваҷд омаданду аз дур Сайфуддинро бо дастафшонӣ табрик намуданд. Таҳният ва пазириш бо ҳам печиду шукӯҳи сайри зардолу дуболо, мисли ширу шакар фараҳбахшу гуворо гашт.

Ангушти ишорат баланд кардани Шоҳзода мавҷи хушҳолиро паст нишонд.

– Эй мардуми пок! То метавонед, тафохур намоед, ки эдун шоири зӯрманду тавоно дилбанди шумост. Азбас эҷоди волои шоир эъҷози Ягонаи болои сари мост, Сайфуддини Исфарангӣ назаркардаи Худост! Ашъори обдор ва каломи тобдори ин баландахтар умри абад хоҳад ёфт. Ба ман бовар кунед, эй мардуми пок, ки тоҷикӣ бароям забони модарист, «Шоҳнома»-ро хатм кардаву аз ашъори Рӯдакию Хайём баҳраи том бардоштаам, шоҳбайти рехта аз сатри нопухта ба қиёс ҷудо карда метавонам ва бо итминони комил мегӯям, ки манзумаи бадоҳатан эҷодшуда шоҳкорист! Боғи Чилмева ба шоир мебахшам, то саробӯстони хоса ва боргоҳи эҷоди тоза шавад!

Нидоҳои шодбоду шодбош ва ғиреву ниҳеви мардуми хушҳол дигарбора ба хурӯш омад, вале дасти болои Шоҳзода Ҷалолиддин мавҷи баландпарвозро садди муваққатӣ шуд:

– Эй мардуми пок! Сайфуддини Исфарангӣ дар мавзеи Сари Баландӣ сарбаландӣ ёфту аз имтиҳон гузашт! Вай дар рикоби мо ба Ғӯрганҷ меравад ва дар сафи пеши шоирони дарбори шоҳаншоҳи олам ҷой мегирад. Акнун ба шумо ва шоири бузурги шумо даричаи дилро мекушоям, ки шояд охирин шарти имтиҳон бошад.

Тамоми шоирони олам дар боби ишқу муҳаббат абёти ширин ва дилнишин доранд ва ҳамагон маъшуқаро шамъ, ошиқро парвона меҳисобанд. Ин шабеҳи хуб баёнгари ҳол аст. Вале ман ҳеҷ намехоҳам, ки парвона ва парсӯхта бошам. Дар Ғӯрганҷу Бухоро, Балху Самарқанд ва Ҳироту Ҳисор аз шоирони сағиру кабири Аҷам талаб кардам, ки барои Шоҳзодаи ошиқ ташбеҳи нав дарёбанд. Кӯшиданд, ҷустанд, кофтанд ва бофтанд, аммо табъи дили мо чизе наёфтанд. Оё шоири Исфарангӣ ташбеҳи дилхоҳ меёбад?

Сайфуддин дарҳол лаб ба ҷавоб кушод:

Шамъест орази ту, парвона офтобаш,

Парвонасон чӣ дорӣ чандин дар изтиробаш!

Шоҳзода Ҷалолиддин моту мабҳут гардиду бо шавқу шӯр каф ба ҳам зад:

– Ҳаббазо, эй шоири хушкалом ва зудшеър! Офарин, эй шоири бадеъуззамон ва ахтари тобон!

Эй мардуми пок! Ҳамчун фарзанди ваколатдор ба шумо мегӯям, ки аз ҳамин лаҳза эътиборан Сайфуддини Исфарангӣ Малик-ул-каломи дарбори Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ аст!

Ҳаббазо! Аҳсант туро!! Зиҳӣ шоир!!!

* * *

Базми ҷамшедӣ бо нағмаи чангу захмаи рубоб ва садои форами доира оғоз ёфт. Мавсими роҳату фароғат фаро расид ва ҳар дилеро ҳаваси рӯйи гуле дар сар афтид. Шоҳзода Ҷалолиддин кулоҳу ҳуллаи нав ба бар карда, бо роҳбаладии Малик-ул-калом Сайфуддини Исфарангӣ ба мистабаи Зумуррадшоҳ даромад. Кохи лаби об, ки дару тирезаҳо аз чормағзи обнус дошту сақфаш бо чӯби санавбар кандакорӣ шуда, деворҳояш аз зари гудохтаю гаҷи дубехта ҷилодор буд, пас аз кофуру уду сипанд сӯхтан басо хушбӯй ва роҳатфизо гашта, барои маҷлиси соҳибдилон омодаву ороста менамуд. Хизматгузорони шигарфу чобук аз гулу ёсуману муҷамбилу райҳон ва хайрии алвон неъмати фирдавс офарида, аз ҷомаи заррину қолини рангин ва фаршҳои навойин тахти шоҳона густарида буданд. Каҷкулоҳони мӯпарешон ва пистадаҳон, ки чеҳраи ҳар кадоме чун маҳи дуҳафта дурафшон буд, меҳмони олиқадрро бо таҳнияту эҳтироми бузург истиқбол гирифта, ба тахти баланд шинонданд.

Аҳли рикоби шоҳзода фарохури қадру манзалат ва мансаб дар паҳлуи чапу росташ ҷойгир шуданду ҳокими Исфара ба арбобу шаҳнаю садри рустоҳо аз онҳо поёнтар нишастанд. Ҷойгоҳи занону бонувон алоҳида ва пардапӯш буду баъде ки ҳама ҷобаҷо шуданд, захмаи рудзан на пасту на баланд садо доду малик-ул-калом бо пешгуфтори на кӯтоҳу на дароз базмро кушод:

Оби мо имшаб зи ҷӯйи Исфара,

Бодаи мо аз сабӯйи Исфара.

Ҷуббаҳо дорем тӯбартӯву лек

Қиблаи дилҳо ба сӯйи Исфара.

Хубрӯёнро дар ин майдони гул

Бар сари ҳар гом бӯйи Исфара!

Дуруди Худой ва худойгон бар меҳмони муаззам Ҷалолиддин ибни Муҳаммад, фарзанди бузурги шоҳаншоҳи олам ва беҳтарин Банӣ Хоразм, ки бо ҳузури мубораки хеш ва ёрони вафодори хеш анҷумани хубонро мунаввар ва мӯҳташам гардониданд. Хурду бузурги Исфара меҳмони муборакнафас ва раҳнаварди ҷаҳондидаро бартар аз нури дидаи худ меҳисобанд ва ману мурғи бедори дилам имшаб дар хидмати Ҷалолиддини азиз аст:

Хусраво, мулки салотини гузашта ин замон

Мар туро чун шири модар ҳаст мероси ҳалол.

Ахтари рушан Ҷалолиддин, ки аз иқболи ту

Бофурӯғ аст аз ҷамолат маснади иззу ҷалол.

Дар ҳавои дилкушои мидҳати ту рӯҳи ман

Ҳамчу товусони қудс аз нур дорад парру бол.

Ҳамчу Хизр аз баҳри шеъраш медиҳам оби ҳаёт,

То қиёмат ҳамчу тӯбӣ тоза бодо ин ниҳол!

То ба шодӣ бигзаронӣ рӯзгори иззу ноз,

Рӯзҳои рӯзгорат бод эмин аз завол!

Шоҳзода ҳамаро дар шигифт гузошта, ба ҳурмати шеър ва иззати шоир сар ба таъзим аз ҷой хест. Лаҳни мусиқӣ ва садои марғулаи Сайфуддин як парда баланд шуд:

– Ҳон, эй базмнишинони саройи сурур, вақти сабӯҳ аст, аттараб!

Эй ёрони маҷлиси унс, дари дилҳо бикушоед, то бо ҳам нишот кунем ва замзамаи ною нӯш, қойидаи гиру дори мардуми Исфара баҷо орем, ки мефармоянд: чанг зану бода нӯш, шод зию ғам махӯр!

Мутрибони чирадаст, ки маътали ишора омода менишастанд, аз «Ушшоқ» навое дар сабки исфарангӣ шурӯъ карданд. Надимони латифу озода нону фатиру кулчақанд оварданд, ғӯробаю риштаугрою оши наргисӣ кашонданд, гулоби Тамохуш ва анӯшаи Чоркӯҳ ба соғар кашиданд, рӯйи хонҳо нишалои Ворух ниҳоданд, барои меҳмони олиқадр хамсатулҳалво аз панҷ деҳа ба тарзи лавзина, машкуфӣ, бодомӣ, залеб ва давомушк фароҳам сохтанд. Дар мистаба ною нӯш ва рақсу хурӯш ба ҷӯш омад.

Хунёгарони волоҳунари Исфара санҷу чантор, чангу чағона ва ною рубоб ба забон оварда, бо камоли завқ сурудҳои ошиқона хонданд. Дили раққосаҳои шӯху шанг ба хурӯш омаду дар ҳавои «Ганҷи бодовард» рақси дастбандро ончунон нозуку латиф иҷро намуданд, ки чашме безиё намонд. Нигина, ки ҳар як ҳаракати мавзуни раққосаҳоро бо чашми омӯзиш менигарист, ҳаяҷони худро пинҳон дошта натавониста, ба Бибинурӣ бехгӯшӣ гуфт:

– Ин хелак рақси зебо бори аввал мебинам!

– Об дар кӯзаю ту гирди ҷаҳон мегардӣ, духтари оча!

– Хуб гуфтед, очаҷон, ман бояд бисёр омӯзам… Оъ, вая бинед!

Ҳар ду баробар Мирмаликро нигаристанд, ки мисли кӯҳ аз ҷой баланд шуду ноҳамвор қадам зада, назди Ҷалолиддин омад ва бо лабханд чизе гуфт. Шоҳзода бо аломати ризо сар ҷунбонду аз мевадони тиллоӣ як шафтолуи сурхи арғувонӣ гирифта, ба дасташ дод ва ангушти ишоратро ҷунбонда, коре фармуд. Сипаҳбуди кӯҳпайкар бо мамнуният таъзим намуда, тавре ки омада буд, ноҳамвор қафо гашту худро ба кати ворухиҳо расонд. Аввал ҳадяи Шоҳзодаро бо эҳтироми хос ба тағояш супурду баъд ба паҳлуи Абдулмаҷид нишаст ва латифае гуфт магар, ки ҳама қоҳ-қоҳ хандиданд. Ҷой иваз кардани Мирмалик аз назари мири базм пинҳон намонд ва азбаски дар толор бемалол гаштугузор карда метавонист, бе ҳеҷ истихора ба шафати Иброҳимхоҷаи кадхудо омада нишаст.

Дар базмгоҳ ҳама мамнун ва масрур буданд, аммо Нигина шодию нишоти дучандон дошт. Пас аз интизорию умедвории ҳафтмоҳа оқибат бахташ хандид ва ҳар ду азизи дилашро дар як ҷо – ҳамнишину ҳамҷавор дид! Ҳар ду хилъату кӯлоҳи якхела доштанду наздиктарин муқаррабони Султон Ҷалолиддин маҳсуб меёфтанд – яке сиппаҳбуди разм, дигаре сипаҳбуди базм… Ҳар ду қаду басти якхела ва чашмоне мисли кавкаби дурахшон доштанду чеҳраи дилкаш, абрувони паҳну пайваста. Фарқи ягона ин буд, ки Мирмалик мӯйлаби сип-сиёҳи сипоҳона дошту Сайфуддин мӯйлаби дарози борик ва риши пасту гирдаи шоирона… Ҳар ду барои Нигина мӯҳтарам буданд – яке шеър бахшида буду дигаре китоби армуғонӣ ва қанди наврӯзӣ… Ва боз… ҳар ду дили бедори ӯро тасхир карда буданд – яке дар аспрезу дигаре дар боғи Чилмева…

Нигина аз паси парда ҳар дуро баръало медид, вале ин таҳам-танҳо ӯро дар паси парда дида наметавонистанд. Зеро аз пардабардорӣ оҷиз буданд…

Наход ин ҳолат то абад бетағйир монад??!

Нидои сӯзони қалби ларзонро ҳар ду шуниданд магар, ки баробар ба кати пардапӯш нигаристанд. Аз чунин мувофиқат Нигина лаҳзае карахт гашт, вале кати пардапечро бо даст нишон дода, бо ҷӯшу хурӯш гап задани Абдулмаҷидро дида, зуд бо фаросат дарёфт, ки шоири сархуш дар базмгоҳ ҳузур доштани Нигинаро ба онҳо ошкор кардааст…

Муғаниён оҳанги навозиш дигар карданду доира бо садои дилхурӯш раққосаи таннозеро ба ҷилва овард. Нигина бо як дидан ӯро шинохт. Тантанаи ҷашни ҳазора, ишваю ҷилваҳои Товуси навхиром, тозон ба саҳна баромада, ин раққосаро тақлид карданҳояш, аз сари ваҷд ба духтарчаи сесола шеър бахшидани шоири ҷавон Аҳмади Исфарангӣ турнақатор пеши назараш падидор гашт. Дар дили тасфидааш шавқи тозае ҷӯшид. Хост тозон ба саҳна барояду он лаҳзаҳои гуворои кӯдакӣ бори дигар такрор кунад, то аз малик-ул-калом Сайфуддини Исфарангӣ шеъри наве мукофот гирад. Вале панди Очанурӣ, махсусан «ҳеҷ вақт ба ҷилваи товус тақлид макун!» гуфтанаш монанди як каф оби хунук тафси дили ҷӯшидаро паст гардонд. Пушти лаб бо нӯги дандон газида, ба дастафшонию чашмпаррониҳои Товуси хушхиром бо чашми дигар назар афканд.

Шоҳзода низ ҷилваи ҳусн ва рақси кокулро бо диққати том тамошо мекард. Лекин аз ваҷоҳаташ аён буд, ки лаззати том набардоштааст ва гумон, ки лаб ба таҳсин кушояд. Раққосаи дуюм низ сазовори таҳният нашуд. Ҷамилаи Кандӣ ҳам ҳарчанд кӯшид, мавриди таваҷҷӯҳи олӣ қарор нагирифт. Мизбонҳои асосӣ хотирпарешон гашта, шодгунаи соҳибҷамол Нодираи Чоркӯҳиро пеш андохтанд, ки муғаннияи хушсадо ва раққосаи хушадо буду дурдонаи Исфара. Нодира дар ҳавои таронаҳои мардумӣ бо нозу адои дилбарӣ ба ҷилва омад ва дар мистаба шӯр ангехт!

Шоҳзода низ худро дошта натавониста, мисли дигарон кафкӯбӣ намуд ва бо чеҳраи болида гуфт:

– Ҳаббазо! Эй ҳунёгарони Исфара, бо савту садои ангубин ва рақсу адои оташин маро ҷигаркабоб кардед, офарин! Баста бодо нафаси субҳидам то даме, ки маро муроди дил ба каф ояд!

Маро дар дил орзуест, ки дар Исфараи нозанин беҳтарини беҳтарин раққосаи маҳҷабин бубинам. Шодгунаи сарвқади лоларухе мехоҳад дилам, ки хиромидану гуфтору рафтораш, қаду басту ҳусну ҷамолаш нотакрор, накӯтар аз тозагули навбаҳор бошад! Агар ӯро пайкар ва ҳунар дили маро писанд ояд, сар то қадамаш зару зевар пошам!

Ҳокими Исфара огаҳии том дошт, ки шодгунае ба чунин авсоф дар мистаба нест. Бо таваллою зора Сайфуддинро нигарист, ки мушкилкушо шавад ва бо сеҳри калом чора дарёбад.

Шоир дар байни обу оташ монданашро фаҳмид, аммо наларзид, балки бо лабханди ширин нидо кард:

– Фориғу дилшод бош, эй Шоҳзодаи хушиқболу фарохдавлат, ки туро лутфи Кирдигор муйин асту гулшани саодат ба ройи ту қарин! Азбас аҳли ҳунар азиз медорӣ, гули дилҳои пуршарар баста дар дасти тавонои туст. Қалби поки шоир далолат медиҳад, ки раққосаи дилҷусти Шоҳзода Ҷалолиддин дар ин мистаба ҳузур дорад. Аммо кӣ будани ӯро касе намедонад!

– Кист ӯ?

– Дувоздаҳ сол муқаддам рақси як духтарчаи сесоларо дида, аз ҳайрат даст ба гиребон бурда, шеърпорае ҳадя карда, шоирона фотеҳа дода будам. Лаҳзае пеш аз сипаҳбуди диловари ту Мирмалики Хуҷандӣ фаҳмидам, ки он лоларухак имрӯз Маҳастии замон асту маҳастивор менавозад, мехонад ва мерақсад.

– Маҳастиро медонам, ки ҳамнишин ва ҳамсӯҳбати Султон Санҷар буд. Аммо куҷост Маҳастии нав?!

– Нигина бинти Абдулсайид, ки аз Хуҷанд омадааст, меҳмони базми мост. Вале… наметавонам, ӯро ба саҳна хонам…

– Чаро?!

– Падараш Абдулсайиди дуредгар ин ҷост ва ба ман гуфтанд, ки Нигина бе изни падар ҳатто нафас намекашад.

– Ҳаббазо! Офарин ба чунин падар ва таҳсин чунин духтари покро!

Тавсифи Шоҳзода падару духтарро ба по хезонд. Баробари онҳо Аҳмадсайид низ аз ҷой хесту саросема лаб ба тамаллуқ кушод:

– Аввало, ассалому алайкум, эй Шоҳзодаи бузург. Ман Аҳмадсайиди бозаргон, амакбузурги Нигина. Ҳар як сухани Шоҳзодаи бузург тоҷи сари мо. Иҷро кардани хоҳиши дили меҳмони бузург барои мо ҳам фарз асту ҳам қарз. Ҳозир Нигинаи мо ҳунарашро нишон медиҳад.

Эй шоир Аҳмад ибни Муҳаммад, бишнав, ки падараш розӣ асту ба Нигина – иҷозат. Худо кушоиш диҳад.

Баъди фурсате дар мистаба навои «Нози Наврӯз» танин андохт. Бо ҳавои мусиқор рухсораи латифи Нигина чун моҳпора оҳиста-оҳиста аз пардаи рақиқ падид омад. Вай чамон гом ниҳода, ба мобайни давра расиду башаст сари зону нишаст. Ҳамон замон сар ба зер афканд ва бо ҳаракати латифе ҳиҷоби гулфом ба пушт партофт. Кулолаи қиргуни вай, ки бо моҳичаҳои нуқраю тиллоӣ – ҳадяи наврӯзии Бобокалони Бузургаш оро ёфта буд, мавҷ-мавҷ парешон шуд ва ҳарири танаш чу гули сапеде зери барги бунафша пинҳон гардид. Тавқи заррин, дастпонаи тилло ва гӯшвораҳои нуқрафом низ зери ҳиҷоб монд. Садои мусиқор ҳам сонияе хомӯш шуд ва ҳамагон фаҳмиданд, ки ҳусни оғози рақси нав идомаи пуршӯр хоҳад ёфт…

Vanusepiirang:
16+
Ilmumiskuupäev Litres'is:
10 veebruar 2023
Kirjutamise kuupäev:
2023
Objętość:
690 lk 1 illustratsioon
Õiguste omanik:
Автор
Allalaadimise formaat:
epub, fb2, fb3, ios.epub, mobi, pdf, txt, zip