Loe raamatut: «Нигина ва Мирмалик», lehekülg 20

Font:

Равзанаи шашум. Саҳнаи ғамангез ва масхараомези охирин мазҳакаи пурмоҷарои Ғурганҷ

Ғӯрганҷи офтобӣ нисбат ба дигар шаҳру навоҳӣ пештар аз хоби дай бедор шуду боғу роғ аз боди сабо сабз гашт. Аммо як кунҷи дили Нигина мисли холи байни абрӯяш сиёҳ буд. Зеро шодию тараб аз пайи Мирмалик ҳамроҳи Сайфуддин рафту ба ҷояш ғаму андӯҳ омад. Шодгунаи ношод рӯз то рӯз маъюс мегашт. Дам ба дам аз сари мижа сиришк меафшонду аз ҳавову ҳавас чашм баста, намедонист дарди дилашро ба кӣ гӯяд? Ба Шакархонуми ҳампаҳлӯяш на ҳама асрори ниҳонро ошкор гуфта метавонист. Хавф аз он дошт, ки агар ин хонуми бухороӣ ба Мирмалик дилкашол будани ӯро донад, дарҳол ба Малика Дилором хабар медиҳаду шояд мушкилоти дандоншикане ба вуҷуд ояд ва риштаи муҳаббати аз тори анкабут бориктаршуда тамоман канда шавад. Рафту, Худо накарда, аз ин савдои нопухта Турконхотун воқиф гардад, замину осмонро чаппа мегардонад…

Тағйири ҳолати Нигина аз назари Шакархонум пинҳон намонд ва рӯзе лаб ба насиҳат кушод:

– Дар ҳайратам, ки чаро ба ҷойи шӯхию рақсу бозӣ, интухин, ба ғаму андӯҳ печидаӣ? Охир, ҳама чиз дорӣ, аз бойдухтарон бартарӣ, боз чӣ мехоҳӣ?

Нигина чашмони шаҳлояшро мисли хуморолудаҳо нимбоз намуда, оҳе синареш кашид:

– Падару модар, ёру дӯстон, зодгоҳам Ворухро сахт пазмон шудиям! На рафта метавонаму на нома фиристодан… Дар паҳнои дур безор аз ҷон танҳои танҳо мондиям… Мехоҳам, ки пинҳон аз дигарон нола кунам, лекин ба дилам зӯрам намерасад. Меларзаду мегӯяд:

Дар ин дунё касе беғам набошад,

Агар бошад, банӣ одам набошад!

– Ман ҳам дида истодаам, ки аз дилтангӣ ҷаҳон ба назарат мисли даҳанат танг менамояд. Ту, ки аҳли мотами Шайхулислом нестӣ, интухин, чаро дар мотам нишаста, зиқу дилреш мешавӣ? Сафо талабу ба доди Худо шукр кун, ки бад бадтар нашавад! Рафтем ба пеши духтарҳо, то дар остонаи навбаҳор ғунчаи дилат, интухин, во шавад!

– Дуруст мегӯед, ойтӣ, зимистон рафтан дораду айёми гулшукуфт наздик меояд. Лекин… аз китобҳо хондаам, ки ганҷу мор, гулу хор ва ғаму шодӣ бо ҳаманд… Бовар кунед, пасу пеши хотирамро пардаи торик печондааст, ба тараб заррае ҳавас надорам…

– Исто ва дигар ягон калима нагӯ! Интухин, сабаби дилтангии туро фаҳмидам! Фақат росташро гӯй: дилсӯхтаи кадом ҷавонӣ? Интухин, дилписанди коми ту Сайфуддин аст ё каси дигар??

– Чаро ин хел мегӯед, ойтӣ?

– Баъди рафтани Дамир Малику Шоҳмурод, интухин, муддате карахт шудӣ. Лекин Сайфуддин рафтан ҳамон тамоман парешонҳол гаштӣ. Бо чашми худ, интухин, чанд бор дидам, ки дар кунҷи хилват ашки пинҳон рехта, ба ҷойи таом ғусса мехӯрдӣ. Ба худ гуфтам, ки Маҷнун рафту, интухин, Лайлӣ бо ғаму ғусса танҳо монд…

– Ин хел нагӯед, ойтӣ. Баъде ки Шоҳзода Ҷалолиддин маро дар Исфара кабутари ҳарам номид, Сайфуддин дарҳол маро хоҳар хонд. Ман ҳам сидқан гуфтам, ки барои Аҳмад-ако бартар аз хоҳар шавам…

– Бе ягон шубҳа ба гапҳоят бовар мекунам, Нигинабону. Лекин, интухин, мардуми Бухоро мегӯянд, ки сухан аз сухан берун ояд. Ҷавонмарди доною зебою латифу зариф будани Сайфуддинро, ки медонам, интухин, ҳоли зори кабки хушхиромро дида, ба хулосае омадам, ки баъди рафтани шоири маҳбуб дили гарму доғи маҳбуба яхпора шудааст…

– Аз саратон гардам, ойтиҷон, дигар асло ин хел нагӯед. Шеър-ҳои нағзи Сайфуддин барои ман аз чеҳраи гарми вай дилҷӯйтар аст. Аммо нолаҳои зори дилам сингори шӯру афғони ҳамон паррандаи хушхиром аст, ки ишора кардед. Хуб медонам, ки булбули боғи шоҳаншоҳам ва қафас маъвои ман нест, ҳарчанд заррин аст. Лекин чӣ илоҷ: подшоҳ маро қафасбанд карда, ба ихтиёри модараш супурда, худ ба мулки Бағдод рафтаасту ҳеҷ не ки биёяд…

Чаро булбул намечархад дар ин боғ?

Ба шаҳри Ғӯрганҷ ҳоким шуда зоғ!

– Ана акнун фаҳмидам, ки Нигинабону чаро аз мағзи ҷон зориву интухин, аз замир нола мекунад?! Ана акнун донистам, ки тани Нигинабону абгору лоғар аз чӣ дард аст?! Оббо… Ҳарчанд медонам, ки кори булбули бечора фақат доду фарёд аст, интухин, боисрор мегӯям: зиқи ҳол бас! Азбаски бо зиқуннафас коми гетӣ натавон гирифт, мегӯм: зиҳӣ саодат! То ба кай, эй гулбону, ғуссаи шоҳона мехӯрӣ? Дил шод дор ва, интухин, чун пештара дар роҳи базм гом бардор! Рӯзгоре, ки аз барги тут атлас мекунад, агар умр ба шодмонӣ гузаронӣ, интухин, занги дилатро зумуррад мегардонад! Рош, ба пеши духтарҳо!

Нигина дигар лом накафонду аз қафои Шакархонум раҳсипор шуд…

* * *

Духтарони ромишгару раққоса, ки саргарми машқ буданд, ду бонуи ҳунармандро бо хушҳолӣ истиқбол гирифта, чусту чолок ба давраи худ кашиданду рақси дастбандро бетанаффус идома бахшиданд. Нигина дар ҳалқаи духтарон саҳнаро ҳамагӣ як давр гашту ба худ омада, чун моҳӣ бар об фурӯ шуд ва дар ними нафас ба моҳ баромад. Нағмаи хунёгарон низ аз рақси дилошӯб ҷони тоза дарёфт ва суруди шогирдони устод Комгор ба авҷи олӣ расид.

– Расо дар вақташ омадед! – гуфт устод ҳини сӯҳбати секасӣ. –Навакак хабар расид, ки фардошаб дар ҳавлии бегларбегӣ49 базми осмонкаф мешудаасту мо бояд зӯр тайёрӣ бинем.

– Базму гап! – беғаш хандид Нигина. – Ҳар маъракаро шукӯҳ бахшидан шуғли доимии шумост…

– Гапат дуруст, лекин… раққоса бисёру базморо надорем… Туро дида, банди дилам кушода шуд…

– Дилпур бошед, устод:

Инак, ману рақси пурфасона,

То ғам равад аз дилам карона!

– Базм оростан нағз! – гуфт Шакархонум бо табъи хуш. –Лекин базми осмонкаф ба кадом муносибат бошад?

– Бегларбегӣ духтарашро ба шавҳар медодааст. Аз номи Турконхотун гуфтанд, ки базми арӯсӣ нестандарҷаҳон шавад.

– Ҳамааш фаҳмо-о-о! – ҳарфи охиринро мад кашид Шакархонум. – Вақте шер ба шикор равад, интухин, дар бешаи хилват гургу шағол арӯсӣ мекунанд.

Нигина маънои таҳтонии ишораи Шакархонумро дарҳол сарфаҳм рафт. Аз нақли Сайфуддин қиссаи аз вазирӣ азл шудани дастпарвардаи Турконхотунро медонисту иловатан фаҳмида буд, ки баъди барканоршавӣ ӯро Хотуни бузург ба шукӯҳу шавкати том истиқбол гирифта, «акнун Муҳаммад ибни Солеҳ вазири дасти рости ман» гуфта, дастгоҳи олӣ дода, бегларбегӣ номида, мақомашро дуболо сохтааст.

– Баъди тӯй даҳчанд қудратманду тавоно мешавад ин бегларбегӣ! – хулоса баровард устод. – Чунки набераи маҳбуби Турконхотун домодшавандаи ӯст ва мо вазифадор шудаем, то базми арӯсиро аз танӯри офтоб бештар тасфонем.

– Гуфтам-ку, Шумо метавонед, устод! – ин карат оҳанги гуфтори Нигина тарзи дигар садо дод. – Фақат бе ман…

– Чаро?! Оъ…

– Ором шавед, дӯстам! – аз остини Комгор кашид Шакархонум. –Қиссаи шоҳу вазирро худатон нағз медонеду чаро, интухин, ҳайрон мешавед? Агар Хоразмшоҳ фаҳмад, ки надимаи хосагиаш…

– Шуд, гап адо! Ту баҳори олами дигар, булбули гулбоғи подшоҳӣ. Чаманистони вазир парвозгоҳи ту нест! Агар аз зиёфати вай насибае дошта бошӣ, ба сабили меҳмон меравӣ, на раққосаи шодгуна…

* * *

Ин пешгӯйӣ дуруст баромад ва Гулҷамоли наварӯс, ки ҳаводор ва иштиёқманди рақси Нигина буд, бехост ба ошёнаи кабутари ҳарам омаду бо лутфу меҳрубонӣ ба меҳмонӣ хонд ва гуфт:

– Ним сол боз орзуманди онам, ки шаби арӯсӣ ҳампаҳлӯям бошӣ.

– Чаро?

– Дар шаби висол ахтари бахт дар кафи шоҳи ман асту мехоҳам ахтари баҳт50 ҳамшафати ман бошад, то ситораи мо баҳӣ51 шавад!

Аз каломи шоиронаи Гулҷамоли порсигӯ Нигина ба ваҷд омаду бадоҳатан байти дилхоҳ гуфт:

Туро ҳама умр шодмонӣ бувадо,

Бахтат кавкаби осмонӣ шавадо!

Аз ваҷоҳати Гулҷамол маълум буд, ки китфокитф нишастан бо Нигинаи шакарпосух ӯро бениҳоят маъқул аст. Аз интихоби худ гул-гул шукуфта, бо ифтихор атрофиёнро менигаристу аз мурғ то ба моҳӣ беҳтарин нуқлу наворо пештари меҳмони гиромӣ гузошта, ӯро ба хӯрдану нӯшидан муроот мекард.

Нигина, ки бори аввал дар базми арӯсӣ ҳамчун зиёфатхӯр ширкат меварзид, аз илтифоти зиёд ба хиҷолат ғӯтида, зери чашм гирумони дигар бонувонро менигарист, то мизони меҳмонӣ нигоҳ дорад. Либосу ороишоти вай аз занони акобиру аъён камӣ надошт. Пироҳанаш аз атласи вашӣ беназир буду фақат Турконхотун мисли ӯ ангуштари подшоҳӣ дошт. Дар ҳусну тароват, ки ягонаи маҳфил буд, мехост ҳусни сулук – хушрафторӣ ба дараҷаи олӣ нигоҳ дошта, ҳамранги ҷамоат бошад. Вале дафъатан пай бурд, ки иҷрои ин амал муҳол асту расму одати занони хоразмӣ аз бонувони суғдӣ куллан фарқ дорад. Хубони Самарқанду Хуҷанду Исфара баробари мардон дар базму зиёфатҳо ширкат варзида, асбобҳои мусиқӣ менавозанду мерақсанду месароянд, аммо аз нӯшидани шароб парҳез доранду кам мехӯранд ва ҳарфи зиёдатӣ намегӯянд. Занҳои Ғӯрганҷ бошанд, баробари мардон беибо май менӯшанду аз хӯришҳои гуногун даҳонро пур карда, бо овози баланд гап мезананду қоҳ-қоҳ хандида, аз лаҳни мутрибу ҷилваи раққоса лаззат мебардоранд, вале худ аз ромишгарӣ ҳазар мекунанд. Яъне, тавофути хотунҳои ду хитта аз замин то осмон буду Нигина хоҳ-нохоҳ миёнҷӣ гардид ва ҳангоме ки муғаннии хушовоз бо оҳанги шӯхи хоразмӣ ба оғози айшу шодмонӣ ишорат кард, бе дудилагӣ бода аз дасти соқии гулбӯ гирифт ва гуфт:

– Хоҳем-нахоҳем, умри мо гоҳ ширину гоҳе талх мегузарад. Ин талхи ширингувор менӯшем, то гулшукуфти умри ҷавонӣ ширину гуворо шавад!

Аз шароби лоларанг Нигинаро орази симин арғувонӣ гашту сӯҳбати гулдухтарон тасфид. Дар авҷи сухангустарӣ ҷавони лоғарандоме, ки рӯйи зарду нозебо ва чун пӯсти турунҷи обхаста пурчин дошт, чун пилбачаи маст чаппаю роста қадам зада, ба симотайни шоҳу моҳ52 наздик омад. Бо чашмони тангу хуморӣ ба арӯс ва дугонаҳояш лаҳзае нигаристу ба Нигина калимае чанд нимғурма ҳавола кард ва мастона калавида, тарафи симоти шоҳи базм – фарши меҳмонӣ ва зиёфати домод, ки аз ҳазору як неъмати олам зебу зиннат дошт, тоб хӯрд. Даст ба ҳам совидаю ҷавони ҳампаҳлӯи домодро беҷо карда, аз ҳама боло нишаст ва бетакаллуф ба нону ҳалво даст заду паёпай қадаҳи шарбату шароб бардошт.

– Ин бодичаи бодапараст кӣ бошад? – пурсид Нигина худро нороҳат ҳис карда.

– Узлоғшоҳ, валиаҳди шоҳаншоҳи олам!

Нигина чу донист, ки ҷавони беадаб кист, хомӯш гашту сар ба зер афканд. Ёдаш омад қиссаҳои аз Сайфуддин шунидааш, итобу хитоби Турконхотун, ба ҷойи Ҷалолиддини болобаланду хубрӯй ва хирадманд ҷабран валиаҳд шудани Узлоғшоҳи кӯтоҳқаду ҳақир ва камфаросат…

Шоҳзода қабои сафеди шоҳӣ дар тан дошт ва аранге ба назари Нигина чунин намуд, ки даруни ҷома кирмаки пиллае ҷунбуҷӯл дораду мисли ағлаб беадабон миёни ҳазор кас худро танҳо ҳисобида, ҳар чӣ хоҳад – мекунад, ҳар чӣ хоҳад-мехӯрад ва ҳар чӣ хоҳад – мегӯяд. Парвои он надорад, ки мардумон айб меҷӯянд ва маломаташ мекунанд. Аз барои айши лаҳзавӣ, ки акси муддаои умум аст, обрӯи султонӣ мерезад…

Аз гирудори бесомони валиаҳди густох Нигинаи нозуктабъ бетоқат гашт. Дар пешонии арӯс низ асари парешонӣ муойина кард ва хост ӯро аз вазъияти ноҳинҷор берун орад:

– Ба назарам, шоҳзода аз арӯсии ту хурсанд аст, ки ошӯби айш дорад…

– Вай ҳама вақт ҳамин хел шӯрапӯштӣ мекунад. Ту зиқ нашав, ҳозир вайро ба нармӣ водор мекунанд, ки аз нияти нопок дасту дил шӯяд…

Сухани Гулҷамол тамом нашуда, чор раққосаи шӯру шанг назди Узлоғшоҳ омаданду бо нозу ишваи чашму абрӯ ақлаш рабуда, ба мобайн кашиданд ва рақсону ғазалхон бадар рафтанд. Валиаҳд аз шодӣ ҳуштак кашидаю пурхурӯш садо бароварда, то метавонист мешахилид ва меғиревид. Чанд ҳангоматалаби туфайлӣ ба онҳо пайвастанду тӯйхона аз одамони бегона пок гардид ва базми осмонкаф тароват ва шаҳомати тоза ёфт. Гулҷамол нигоҳи пурмеҳр аз рӯйи домоди хушбахт наканда, ошиқона нидо кард:

–Кайфияти як ҷуръаи паймонаи васл ба ними олам надиҳам!

Нигина аз посухи шоирона лаззати том бардошта, ба канизаки шароб фармуд, то аз нӯшинбода пиёла гулгун намояд.

– Эй Гулҷамол! Андак шаробе бо ту хӯрдам, нӯша гашт. Ту шод бошу сухани шодгуна шунав:

Анӯша касе, к-ӯ бувад шодхор,

Ту нӯша бизӣ то бувад рӯзгор!

– Нӯша аз анӯша чӣ фарқ дорад?

– Ҳар ду калима ифодагари хушбахтию хуррамӣ. Аз Борбад ба мо мерос мондагӣ. Сӣ лаҳни нишотбахши нахустин ҳунёгари олам саршор аз хушҳолию саодати инсонҳост. Беҳтарин лаҳни сигона «Нӯшинбода» – ситоишгари нӯша ва анӯша!

– Ин оҳангро мусиқорҳои мо навохта метавонанд?

– Ҷое ки устод Комгор бошад, ҳама лаҳни Борбад ба хурӯш меояд! Лекин… афсӯс ки то кунун лаҳни ин мутриб нашунидаем ва ман намедонам, ки базми осмонкаф ба ту маъқул аст ё не?

– Ҳамааш хуб, аммо олӣ не… Ҷамолу ҷилваи раққосаҳо ҳам хуб аст, бо оҳанги мусиқӣ даст афшондаю пой кӯфта, бадан меҷунбонанд, лекин дар дил оташ надоранд, фақат барои мастон мерақсанд. Ҷойи ту холист, хоҳар…

Аз он ки арӯси волонасаб ӯро хоҳар хонд, сари Нигина ба осмон расид.

– Оҳ, чӣ қадар мехоҳаму мехоҳам, ки барои Гулҷамол рақси зебое ҳадя кунам!

Нигина мунтазир дар суфраи хос,

Дили ӯ аз тапиш чун кабки раққос.

– Агар чунин ният дорӣ, чаро ҷиму им нишастаӣ?

– Ноилоҷам, хоҳар. Худат ки печутоби подшоҳу падаратро медонӣ, хапам…

– «Ноилоҷ» нагӯ!

– Чаро?

– Аввалаш ин ки дар олам ғайр аз марг дигар ҳама кор илоҷ дорад. Дуюмаш ин ки оё ту мехоҳӣ мо – навбуюгҳо ноил бошем.

– Албатта! Минбаъд ту аз ҳарфи ман ҳамеша меҳру вафо хоҳӣ шунид. Аз мағзи ҷигар орзу мекунам, ки ноил шавед, яъне ба муроду мақсади худ расед!

– Ин хел ки бошад, аз «ноилоҷ» ду ҳарфи охир бигир, хоҳар. Агар ту ба ман некӣ хоҳӣ ва рақси зебо тӯҳфа намоӣ, ман ба ту саробӯстони зебо ҳадя мекунам!

Хоҳархондҳо дасти байъат фишурданду пешхизмат пеши устод Комгор рафт, то маслиҳатро пазонад. Дар ҳамин асно ба тӯйхона чор меҳмони иззатманд ворид шуданд, ки яке падари арӯс Муҳаммад ибни Солеҳи вазир буду дар паҳлӯяш… шоир Сайфуддин!

Андалеби Исфара дарҳол чаҳ-чаҳ оғоз кард:

– Дар ин рӯзи муборак, вақте субҳи содиқ ридои осмонро чок заду қутби кабудҳирқаро аз нафаси сапедадам нурафшон кард, хабари базму нишоти Низомулмулк Носириддин Муҳаммад ибни Солеҳро шунидем. Чун бар сари парчами уфуқ оташи меҳр алам зад, ҳамроҳи бародари гиромиям Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ба Ғӯрганҷ шитофтем, то мисли мурғони хушхон ба лаҳни салои ат-тараб даромезем. Инак, бар сари сурфаи сафо дар ошёни дуо расидаем ва қабл аз он ки ба сабуҳу орифон дар маҳрами қудсиён пайванд шавем, аз сари сидқ каломи шоирона барфишондан маро орзуст:

Осифи мулк ҷамнигин, Носири дин, низоми мулк,

Он, ки забони килки ӯ ҳаст чу теғи комрон.

Дасти вазорат аз хаташ мурсалабанди кибриё,

Хатти ишорат аз кафаш чеҳракушои қудсиён.

Гирди фазои ҳайбаташ шери фано равад нагун,

Сӯи фанои ҳизраташ мурғи раҷо пурӯситон.

Ҳоло, ки ба тариқи дӯстӣ бо нону намаки бегларбегӣ тавъамон мешавем, орзумандем, машъалаи ҳаёти ошиқони навбуюг дар чорсӯи дилҳо шӯълавар гардад ва дар шашдари орзу андармон намонад, киштии умри навсафарон бегазанд ба соҳили мурод расад ва онон роҳи вафо асло гум накунанд. Аз шоҳпари мурғи ҳумо бар сари Гулҷамолу Рустам суниши лаъл резад ва замири ошиқон ойинадори рози ширин бошад.

Азми дуруст кардаам, то дар остони баланди Низомулмулки арҷманд, ки гавҳари ӯ низоми мулкро шараф медиҳаду давлати ӯ давоми умрро замона мекунад, аз килки рӯҳнигори хеш ба кадхудои гиромӣ номияи пурэҳтиром эҳдо намоям:

Эй зи кафи ҷовиди ту ҳамчу ҷанибати шаҳон

Гардани саркашон шуда бастаи тавқи имтинон!

Карда насими хулқи ту лавҳаи рӯҳро атир,

Дода қабули садри ту пайкари назмро равон.

Пушти зайифи беғамӣ буда ба рӯи ту қавӣ,

Давлати пири мардумӣ гашта ба аҳду ту ҷавон!

Нӯҳварақи сипеҳрро мулк ба пушти дафтарат

Ҷоизаи шараф диҳад чун қалами ту ҳар замон.

Чун назари хирад ҳама роҳбару дақиқбин,

Чун гуҳари маҳак ҳама қалбшиносу хурдадон.

Кавкабаи ҷалоли ту бод чунон, ки аз шараф

Афсари лаъл гул ниҳад бар сари шохи ҳар хазон…

Навбати табрик ба андалеби Шероз расид:

– Сухан баланд кунам, то фариштаҳои осмон бар дуои Сайфуддин «Омин!» гӯянд ва хотами иқбол дар ямини навбуюгҳо андозанд. Мебинам, ки Маликаи ҷаҳон, Худованди бонувони олам бо фароғати том овози руд ва бонги суруд гӯш карда, аз фурӯғи бахти набераи дилбанди хеш меболад. Ҳарчанд тариқи аҳли назар хомӯшию ҳайронист, дар ниҳояти таҳсин ба ягонаи даҳр аз лабони ширин назме чу ангубин ҳадя мекунам:

Эй беш аз он ки дар қалам ояд санои ту,

Воҷиб бар аҳли машриқу мағриб дуои ту.

Дарвешу подшоҳ, надонам, дар ин замон

Илло ба зери сояи ҳамчун ҳумои ту.

Нушинравону Ҳотами Тои, ки будаанд,

Ҳаргиз набудаанд ба адлу сахои ту.

Ислом дар амону замони саломат аст

Аз юмни ҳиммату қадами порсои ту.

Гар осмон бидонад қадри ту бар замин,

Дар чашми офтоб кашад хоки пои ту.

Бадбахт нест дар ҳама олам ба иттифоқ

Илло касе, ки рӯй битобад зи ройи ту!

Эй дар бақои умри ту хайри ҷаҳониён

Боқӣ мабод, ҳар кӣ нахоҳад бақои ту.

Он чист дар ҷаҳон, ки надорӣ ту он мурод?

То Саъдӣ аз Худой бихоҳад барои ту.

Ё раб, ризои ӯ ту баровар ба фазли хеш,

К-ӯ рӯзу шаб наметалабад ҷуз ризои ту!

Ташрифи ногаҳонӣ, каломи меҳрубонӣ ва мадҳу ситоиши осмонӣ аз ҷониби ду суханвари асрори маонӣ дар самои маҳфил ғул-ғул афканд. Турконхотуну вазири дасти росташ ва домоду арӯси хуштолеъ таъзиму такрим ба ҳадди олӣ расонда, шоиронро бо хилъату ҳадяҳои гаронбаҳо сарфароз гардонданд.

Баъди анҷоми пазириш устод Комгор меҳмонҳои гиромиро хайра мақдам гуфта, бо нидои шодиёна маълум намуд, ки дар идомаи базми тараб хоса барои наварӯси навшода ба расми армуғон аз сӣ лаҳни Борбад таронаи бахтовар бо рақси «Нӯшинбода» эҳдо мешавад.

Мутрибони хушнаво зуд парда мутобиқ сохтанду таронасарои хушлаҳҷа бо лаҳни дилнишини Борбад савти суруд оғозид. Таронаи пуршукӯҳи паҳлавӣ шӯри оташ дар дили кабки хушхиром афканда, ӯро ба хурӯши ҳуҷаста башорат дод. Нигина бо лабханди зебо ва ғамзаи дилрабо ба по хесту мавзун ба ҷилва омад. Лаҳни хуш бо ғамзаи хуш якҷо хуш андар хуш шуда, ҳамаро ба по хезонд ва ҳангомаи кеҳу меҳ ба фалак расонд.

Шӯру шағаби пурнишот устод Комгорро ба илҳом овард ва чанг бигзошту утруба – сози шодӣ ба даст гирифта, ончунон хушзахма навохт, ки аз нағмаи андӯҳшикани ӯ бути атласқабо ба ваҷд омада, шикан андар шикан пойкӯбон ва ларзон ончунон чарх зад, ки бегларбегиро кӯлоҳи заррин аз фарқи сар уфтод. Аз ҳайрат даст ба гиребон бурда, фармуд он кулоҳи вазирӣ аз марвориди обдор пур карда, ба кабки хушғамза бахшиданд.

Нигина аз тӯҳфаи шоҳона шоддил гашта, чун моҳи нав чеҳра барафрӯхт ва қомат барафрохт, даҳ ангушти ҳинорангро банд – банд ҷунбондаю қарсонда, он қадар чолок рақсид, ки домоди хушкомро пероҳани сабр чок гардид ва бедареғ зери пойи раққоса гавҳар пошид…

Кабки дарӣ бо нозу адои дилбарӣ болу пар афшонда, рақси гармро бо завқу иродат идома бахшиду лаҳзае гирди шамъи маҳфил парвона гашт. Сипас рӯ ба рӯяш дузону нишаста, бо таъзими пуртабассум адои таҳният карду дар ҳавои доира ба давр гаштан шурӯъ намуд ва лаҳза ба лаҳза суръат афзуда, расо сад карат чарх зад. Фарши мулойим аз чархи зону лаззати гуворо гирифту сари арӯс давр гашт ва гармогарм калиди саробӯстон ба дасти раққосаи ҳунарманд супурд…

* * *

Нигина ҳарчанд кӯшид, бо Саъдию Сайфуддин ки дар ҳалқаи сипаҳбудҳои турку қипчоқ сармаст менишастанд, ҳамсӯҳбат шудан натавонист. Сӯҳбат ба рӯзи дигар вогузошта, дилкашол аз зиёфат баргашту гавҳаре чанд ба устод Комгор ва шогирдонаш бахшида, Шакархонумро низ мамнун гардонда, субҳдамодам ба хона расид ва рӯзи дигар осудаву беғам дам гирифт. Бегоҳӣ аз тӯйхона дар табақи калон барракабоби танӯрӣ насиба фиристоданд, аммо аз шоирон Саъдию Сайф паёме наомад…

Нигина тани танҳо монда, муддате интизорӣ кашиду акнун ба рахти фароғат по дароз кардан мехост, ки касе дарро беҷуръатона кӯфт. Гумон кард, ки Сайфуддин омадааст, бо ноз гуфт:

– Ҳало! Ҳалқа ҷунбонда, пушти дар наистода, дарун дароед…

Аз дари нимкушода суроби марди ношиносеро дида, бо изтироб аз ҷой ҷаст:

– Дарро пӯш, эй номаҳрам! Ту кистӣ?!

– Маро нашинохтӣ?

– Шинохтан ҳам намехоҳам! Аз манзили кабутари ҳарам зуд дафъ шав, то нобуд нашавӣ!

– Дӯғ назан, духтар. Ман Узлоғшоҳ!

– Валиаҳди подшоҳ?!

– Худди худаш. Омадам, ки аз ҳолат хабар гирам. Ҳезуму нону намак ҳаст? Гӯшту равған дорӣ?

– Ҳамааш ҳаст. Басандаю барзиёдӣ. Боз чӣ пурсиш дорӣ?

– Пурсиш не, хоҳиш дорам.

– Бигӯ.

– Агар шоистаи лутфи ту шавам, лаҳзаяке меҳмон шудан мехоҳам. Иҷозат деҳ дарун дароям, ки меҳмон атои Худост!

– Ғалат гуфтӣ. Меҳмони нохонда балои Худост! Саройи мо гарчӣ муборак ҷоест, аммо ҳамеша дарбаста аст! Ҳозир раву пагоҳ, дар рӯзи рӯшан биё.

– Агар рафтанӣ мебудам, асло намеомадам! – овози Узлоғшоҳ як парда баланд шуду дарро калон кушода, чун дар зиёфати дирӯза, мисли пилбачаи маст бетакаллуф дарун даромад ва гӯшвори қиматбаҳои қадима ба кафи Нигинаи даҳонво ниҳод. – Аз аттори Рум махсус барои ту харидам!

Нигина назарногирона ба гӯшвори тилло ва ғазаболуд ба шоҳзодаи ошолуд нигаристу аввал хост, онро ба соҳибаш баргардонда, бо як зарбаи қатъӣ шасти валиаҳдро бишканад. Вале ҳоли зор ва чашми низори вайро дида, раҳмаш омаду мулойимтоб гуфт:

– Ҳадя овардан суннати пайғамбарист, ба шарте беғараз бошад. Бо ин тӯҳфа ту чӣ мехоҳӣ?

– Фиғони дили ман ба фалак расида истодаасту наход намешунавӣ? Аз ишқи ту, эй офтоби ҳусн, сарам ба дард омадаасту магар намебинӣ, ки оташи муҳаббати ту маро мисли мум мегудозад…

– Ин хел бошад, даррав бархезу аз ман дур шав!

– Чаро??

– Магар намедонӣ, ки аз шӯълаи офтоб дарди сар зиёд мешаваду муми гудохта ба хок яксон мегардад…

– Ман аз доираи аҳли хирад берунам, хату саводам пурра нест, ба гапҳои китобӣ сарфаҳм намерам. Одиякак мегӯям, ки аз ишқи ту ҷигарам чок-чок аст!

– Наход? Дур шав, ки дар сарат мастии ишқ нест. Ту сармаст аз шаробӣ…

– Ба гапам бовар кун, эй нозанин. Агар гӯям, ки дилу дини худро пурра ба ту бой додаам, хато намешавад. Бо як нигоҳ диламро бурдию хобу хӯр ҳаромам кардӣ!

– Яъне ки ҳолӣ ҳеҷ чиз намехӯрӣ? Пас чаро бафурҷа нишастаӣ? Хезу бирав, ки вақти хоб шуд. Пагоҳ барвақт биё, якҷоя субҳона мехӯрем.

– Ман садқаи сухан ба танз гуфтанот, эй духтар! Ту маликаи мулки ҳусну ҷамолӣ, ман гадои даргоҳи ишқи туям. Ҳар чӣ мехоҳӣ, бигӯ. Фақат… бо ҳар шева маро аз даргоҳат нарон! Дарвоқеъ, малика гуфтаму як чиз ба ёдам расид, – Узлоғшоҳ саросема ҷайбашро кофта, ангуштарини рахшон берун овард. – Ин чаларо онакалонам ба ту ҳадя фиристод.

– Кадом модаркалонат? Махдумаи ҷаҳон улёҳазрат Турконхотун?! Вай аз омадани ту ба манзили ман огоҳ аст?!

– Албатта! Ман бе иҷозати онакалонам ҳеҷ кор намекунам! Пеш аз офтобшинам вай манро ба хилватхона ҷеғ зада, ба роз гуфт, ки бираву кори Нигина бисоз…

Аз ин амри аҷибу ғариб вуҷуди Нигина ларзид, дилашро талвоса фаро гирифт ва ҳамзамон сахт дар шигифт монд. Бе тааммуқ дарк намуд, ки аҷузкампири озурда пойгоҳро хилват ёфта, дар Ғӯрганҷ набудани подшоҳу шоҳзодаи бузург – ҳомиёни кабутари ҳарамро дидаю дониста, алайҳи Нигинаи поктану покчодар, аммо мустаманду танҳо маккорона ба ҳуҷум гузаштааст. Яъне набарди нобарори пухта-хомӣ дар пеш асту агар ҳушёрию пухтакорӣ накунад, оқилонаю фиребо сухан нагӯяд ва устувор наистад, ин рақиби хомтамаъ, ки ба ҳар сияҳкорӣ омода аст, як мижгон ба ҳам наоварда, ба нангу номусаш таҷовуз мекунад ва обрӯяш аз нақши по пасттар мегардонад.

Нигинаро дар ибтидо раъй бар он афтод, ки худро девона созад. Гиребони ҷома дарронда, ба саҳни ҳавлӣ барояду доду фарёд занад, ёриву мадад хоҳад. Лекин зуд аз ин хаёли хом даст кашид. Зеро бе ягон монеа то дари кабутархонаи подшоҳ омадани шоҳзодаи валиаҳд аз он далолат медод, ки бо амри Турконхотун банди садди роҳ бартараф гардида, ҳеҷ кас ҷонибдори раққосаи ғариб нест. Бо дили гирён заҳролуд табассум кард, ангуштар дар кафи даст бозӣ доронда, айёрона лаб ба гуфтор кушод:

– Ангуштари сеҳрнок додааст очакалонат. Вай боз чиҳо гуфт?

– Онаам гуфт, ки Нигина омаду дар Ғӯрганҷ бозори гуҳар шикаст, нархи шакар арзони хоки сиёҳ шуд, лекин нархи наво дар бозори ишқ даҳчанд гарон гашт. Ҳазорон пиру барно орзуманди васли ин париваш шуданд, лекин аз беилоҷӣ дардманду ранҷур гаштанд. Қариб сад ошиқ аз ранҷурӣ мурд, чунки пулу мол надошт. Зеро ошиқе, ки зари сурх надорад, гапаш мисли миси сиёҳ норавон аст… Ман ки зари сурху зевари тилло беҳисоб дорам, аз ин гап хурсанд шудам!

– Бармаҳал хурсанд шудӣ. Ман мегӯям, ки агар ишқ нест, зар коҳро монад ва ба кор наояд. Ту, ки дар дил ишқ надорӣ ва чӣ будани муҳаббатро намедонӣ, ғам хӯр! Дар бозори ишқ ғам ҳамеша ройгон аст.

– Агар лаззати ишқро намедонистам, ба кулбаи ту намеомадам! Онаам гуфт, ки агар дари ҷононаи худро зиёрат накарда бошӣ, сад бор ба Макка равӣ ҳам, ҳаҷҷат қабул намешавад.

– Гапи онаат дуруст. Лекин ман ҷононаи ту не!

– Ғурури ҳусн ба ту мезебад. Онаам маро таъкид кардааст, ки сарв пеши қади Нигина ба лаби ҷӯ об хӯрад, лекин вайро ҳунар як ҷаву ғурур аз зару зевар як хирман шудагӣ…

– Офарин ба очаи ҳамадонат! Тарки ман гӯ, эй писари нағзи шоҳкампир.

– Ба вай тамасхур накун, ки ҳаводори туст. Ҳусну ҷамолу ақлу фаросати туро ба осмон бардошта, онаҷонам гуфт, ки дар ҳавою ҳаваси ин гул ҳазор булбул савдозада шудаасту ҳар касе Нигина зани ӯ бошад, ба чаҳор иқлим подшоҳ гардад!

– Оҳ-ҳо! Ин гапро бори аввал мешунавам. Агар очаат бо чунин ният туро ба манзили ман роҳӣ карда бошад, масъала ранги дигар мегирад.

– Ҳа-дия! Онаҷонам гуфт, ки бо дасти гиро чанг бар домани Нигина зан, то зеббахши дигар мард набошад…

– Яъне ғарази ту аз даркӯбӣ чанг андохтан аст? Аз чунин чанг маро нанг меояд. Ваҳ, чӣ қади пасту ҷуссаи лоғар?!

– Онаҷонам мегӯяд, ки бисёр хӯр, то фарбеҳ шавӣ. Гов барин мехӯрам, лекин аз хар лоғартарам… Фақат… ту лабу даҳон каҷ накун, эй парӣ, гапи ганда нагӯ. Ҳарфи дурушт аз лабу даҳони зебо нозебост!

– Шоир Анварӣ гуфтааст, ки лаҳҷаи ёр теғи султонист дар фаслулхитоб…

– Ба ман шеър нахон, ки намефаҳмам. Анварӣ як сӯ гузору гапи онаҷонамро шунав, ки ҳамафаҳм аст: ҳар касе аз лаби ширини дилбараке чу Нигина нақлу наво хӯрад, ҳалолаш бод!

Нигина қоҳ-қоҳ хандиду гуфт:

– Эй Узлоғшоҳ! Ошиқ ту ё онаҷонат?!

– Ошиқи дилдода манам! Лекин бо маслиҳати онаҷонам ишқ мебозам. Вай мегӯяд, ки булбул ба товус Нигинаро нишон дода гуфтааст: «агар ҷилвакунон равӣ – чунин рав!» Ин гап тӯғрӣ-мӣ?

– Шояд…

– Онаҷонам зулфу гесӯю кокули туро таъриф карда мегӯяд, ки аз ин гесӯи диловез нест имкони гурез! Ин гапаш ҳам тӯғрӣ-мӣ?

– Шояд…

– Шакар ба даҳонат! Онаҷонам гаштаю баргашта таъкид кард, ки ошиқ бе тӯҳфаю савғотӣ ба маъшуқа дӯстрӯй намешад.

– Банди гапро гуфтааст онаҷонат!

– Хайрият… Ин хел ки бошад, ангуштари вайро ба ёдгор гир ва чашми карам ба рӯйи Узлоғшоҳ кушо!

– Тӯҳфаи табаррукро пас гардондан нохуб аст, – гуфт бо чашмони бозингар Нигина. –Лекин… ҳар касе тӯҳфа орад, дар дил ғаразе дорад. Ин савғоро иваз чӣ бошад?

– Як бӯса…

– Чӣ?!! Эй бача, ҳӯш дорӣ? Меҳмон агар баодоб бошад, интизор мешавад, на талабгор…

– Аз сарат гардам, Нигина, маро ноумед накун! Ман хуб медонам, ки як тори мӯйи ту аз молу мулки ду олам қиматбаҳост. Лекин дили шайдои ман ҳамагӣ ба як бӯса хурсанд аст. Савғои табаррук бигиру дили ошиқи шайдо шод гардон…

– Эй шайдописар, ки бӯсаи ошиқона мехоҳӣ, лаб фурӯ банд! Эй гулҳаваси гумкардароҳ, ки ба ҳунари ман рағбате надорӣ, магар аз амри акоят ҳам хабар надорӣ? Оё намедонӣ, ки Шоҳзода Ҷалолиддин маро кабутари ҳарам ва дастнорас хондааст?!

Ҳамнишини Шоҳаншоҳи олам будан маро бас аст!!!

– Эй ғунчаи норасида, ба шукуфтан тайёр шав! То ба кай аз ғами ту оҳ аз дили шайдо кашам? Ту ҷилва додию нимкушта кардӣ, ақлу ҳушам рабудӣ. Ҳар чӣ дорам аз моли дунё азони туст. Маро накуш!

– Агарчӣ суханат зӯр асту кафат пур аз дурр, ранҷи беҳуда накаш, ки он ҳама ҷавоҳир гӯшвори маро мувофиқ нест! Бо ман дандонзанӣ накун, ки Шоҳзода Ҷалолиддин ҳама дандонат мешиканад!!

– Лақаби ман Башшош аст, яъне бачаи шухи хандон. Худатро кушӣ ҳам, пинакам таҳ намехӯрад!

– Эй писари нохалафи подшоҳ, ҳушёр шав! Наход кӯлоҳи валиаҳдӣ бар сарат гаронӣ мекунад?

Эй бар ту қабои салтанат омада муфт,

Васвас машав, ки навбати давлати туст!

– Эй кабки қафасбанд, ба ман дӯғ назан ва шеър нахон. Ба йошии ман тамасхур накун ва нохалаф нагӯ. Агар бори дигар тамасхур кунӣ, беибо мукофоти масхарагӣ ба ту хоҳам дод! Чунки ман фарзанди ҳалолу ҷойнишини он падар ҳастам, ки Шоҳаншоҳи олам мебошад. Лекин… аз вай умедатро кан, ки дигар ба Ғӯрганҷ намеояд!

Нигина аз шунидани ин хабари обнорасид, аммо андӯҳовар ошуфтаву данг53 шуд ва абрӯ дарҳам кашида, забони эътироз кушод:

– Ақл дорӣ ё не? Оё худ мефаҳмӣ, ки чиҳо гуфта истодаӣ? Ту маст ё ҳушёр?!

Узлоғ густох каф ба ҳам зада, шодиомез нидо кард:

– Аз дидори ту чунон мастам, чунон мастам ман имрӯз, ки дигар ҳаргиз ҳушёрӣ нахоҳам! Як нигоҳ ба лаби майгуни ту кайфи як хум шароб дорад!

– Ин гапро ҳам очаат гуфт?

– Не, инаш гапи худам! Онаам гуфт, ки подшоҳи мо бар амиралмӯъминин душман шуда, оҳанги Бағдод кард, то халифаро ҳалок кунаду хонадони аббосиҳонро аз тахт фурорад. Аз куфрони неъмат карданаш ғазаби Худо омаду дар ними роҳ ба лашкараш шикаст овард.

Аз шумхабар Нигина ба даҳшат омаду пайиҳам се савол дод:

– Кай? Дар куҷо? Чӣ хел?

–Онаам мегӯяд, ки як ҳафта пеш ба сари лашкари Хоразм аз осмон бало рехтааст. Вақти гузаштан аз ағбаи Ҳулвон ногаҳон тундбоди сахт вазида, барфи сарди лаклакӣ беист борида, ҳаво хунуки қаҳратун шуда, дар як соат чил ҳазор сипоҳию дусад ҳазор аспро сармо задааст… Баъди ним рӯз ними лашкари мо аз дасти лашкари сармо мурдадилу пажмурдаву ниммурда шудааст…

– Баъд чӣ шудааст?

– Онаам мегӯяд, ки аз шиддати сармо пушти лашкар ба подшоҳ хунук гашта, аммо аксарият ба халифа дилгарм шудаанд…

– Зоти олитабори мо чӣ ҳол доранд?

– Ҳолати падарамро мепурсӣ? Онаам мегӯяд, ки аз чунин шикасти шармандавор сари баландаш хам шуда, аз ғусса кораш булъаҷаб шудааст…

– Булъаҷаб ба кадом маъно?

– Ман аз куҷо донам? Онаам мегӯяд, ки баъди мағлубият аз балои осмонӣ мубталои шароб шудаасту доим масти аласт мегардад, яъне аз бода беёду беҳуш – фисқу фуҷуру ким-чии дигар оғоз кардаасту мурдаақли шаҳватзинда шудааст. Шаробе намондааст, ки нахӯрда бошад ва кори зиште намондааст, ки накарда бошад…

Онаам боз мегӯяд, ки хурду калон аз чунин подшоҳ малулу безор шудаанд. Сипоҳӣ сипар афканда, аспу хачир наъл партофта, ҳама ба вай нафрат доранд. Ин аломати заволи давлат будааст…

– Мардум мегӯянд, ки модаркалони ту аз кушта шудани Шайхулислом ҷигарсӯхта асту сояи подшоҳ аз девор метарошад ва то метавонад, дар ҳақи вай бадгуфторӣ мекунад…

– Дар ин мавзӯъ онакалонам мегӯяд, ки агар аз ду ҳукми охирини подшоҳ яке ботил мешуд, вай бурд мекард. Чунки вақте ба тахт нишаст, бериш буду бо дуои Шайхулислом бузургӣ ёфт. Лекин афсӯс, ки вайро фақат риш бузург будаасту хирад кӯса! Дар натиҷа, шайхе, ки як умр дар ҳаққи подшоҳ некӣ кард, ба ҷойи хилъату ҷома ҷуволи марг ёфт. Ин кори подшоҳ ҷиноят асту Худо ҷазои сазовор дод.

– Оре, дар ин масъала ҷурм аз ҷониби аълоҳазрат содир гашту бо модаркалонат ҳамфикрам. Ман ҳам мушоҳида кардам, ки шоҳаншоҳи муаззам дар мақоми ғурур ба охирин пояи нардбон расидаасту дар ҳолати мастӣ ҳукми хато баровард. Беҳуда нагуфтаанд, ки нишоти бодаи гулгун дар пай дарди сар бисёр дорад…

– Онакалонам мегӯяд, ки фарзандаш дар ҳавзи шароб сарозер афтидаасту агар маст шавад, сурати шеру сирати саг мегирад. Аз ҳамин сабаб вай аз уқобӣ ба магасӣ расида, ба хари шаҳват часпидааст, пояи нардбони ҳукуматаш бар рӯйи ях қарор доштааст. Онаам бо пакан54 қасам хӯрд, ки баъди чунин шармандагӣ агар чашмаш ба чашми писари майпарасташ афтад, бо дасти худ чашмашро кӯр мекунад!

49.бегларбегӣ – беги бегон, бузурги шаҳр.
50.баҳт – холис, соф.
51.баҳӣ – дурахшанда, равшан, тобон.
52.нишастангоҳи арӯсу домод – ду чаҳорпояи мудавваре, ки паҳлӯи ҳам гузошта шудааст.
53.данг – ҳайрон, моту мабҳут
54.пакан – нон (хоразмӣ)
Vanusepiirang:
16+
Ilmumiskuupäev Litres'is:
10 veebruar 2023
Kirjutamise kuupäev:
2023
Objętość:
690 lk 1 illustratsioon
Õiguste omanik:
Автор
Allalaadimise formaat:
epub, fb2, fb3, ios.epub, mobi, pdf, txt, zip