Loe raamatut: «Нигина ва Мирмалик», lehekülg 21

Font:

– Яъне ту гуфтан мехоҳӣ, ки Шоҳаншоҳи олам аз қасами модар тарсида, дигарбора ба Ғӯрганҷ намеояд? Магар вай намедонад, ки тарс бародари марг аст?!

– Ин хел не. Онаҷонам мегӯяд, ки падари ман солиёни зиёд шабу рӯз дар андешаи ободонии Самарқанд буд. Хеле пурсуҷӯ кард, то бидонад, ки дар куҷои шаҳр обу ҳаво хуш бошаду барои сохтани қасри бузург мувофиқ. Оқибат ҷойи табъи дил ёфту кушки шоҳаншоҳӣ сохт ва Самарқандро пойтахти дуюми Хоразмшоҳиён эълон кард. Азбаски пас аз шармандагӣ бо пӯсту рӯйи сӯхта ба Ғӯрганҷ баргашта наметавонад, хоҳад-нахоҳад ба Самарқанд меравад.

– Ин хулосаи модаркалони туст. Вале раъйи падаратро худаш медонаду Худо. Вай пошоҳ аст, куҷое хоҳад-меравад!

– Акнун наметавонад! Онаҷонам мегӯяд, ки бефаросатиҳои фарзанди ғаюрро хеле сабру тоқат кардем, то кор ба гӯшу чашму забон буд. Акнун корд ба устухон расидаасту дигар ҳоҷати таъхир нест. Акнун вайро аз подшоҳӣ маъзул мебояд кард…

– Ин ғадри модар оё хиёнат ба фарзанд нест?

– Баръакс, онакалонам мегӯяд, ки худи писар дасти модарро озод кардааст, то лаҷоми мулк ба дасти валиаҳди ҷавон супорад. Яъне акнун ман подшоҳ мешавам!

– Ин табаддулот носипосӣ, бевафоӣ ва кӯрнамакии писар дар ҳақи падар мешавад. Ҳаргиз ноҷавонмардӣ накун, то оқипадар нашавӣ!

– Ман аҳдшикан нестам. Лекин онаҷонам мегӯяд, ки мо ба як сӯ шавем аз пеши подшоҳ ва Самарқанд ба ӯ супорему худ дар Ғӯрганҷ монем. Ту бо ман мемонӣ!

– Саросема нашав, ки ҳолӣ подшоҳ нестӣ. Тақдири маро бародари бузургат ҳал мекунад.

– Касе намедонад, ки Ҷалолиддини Манкбурнӣ мурда аст ё зинда?! Агар аз дасти сармо раҳида бошад, ҳамроҳи падар мемонад. Онаҷонам мегӯяд, ки мо вайро ба ҳалқаи худ ҷой намедиҳем. Яъне ки ту хоҳӣ-нахоҳӣ дар Ғӯрганҷ мемонӣ! Ту акнун они манӣ, ҷони манӣ, ҷонони манӣ!!

Узлоғшоҳ худро подшоҳ ҳисобид магар, ки бебок пештари «ҷонона» парида, ӯро бӯсидан хост. Нигина кафи дасти чап ба сандуқи дили шӯридасар ниҳода, вайро қафо тела доду бо дасти рост ба рӯяш нармакак силӣ зад ва бо нози сохта гуфт:

– Эй турктоз ошиқи бадбахту бешарм! Бӯса изҳори ишқ асту муҳаббат кори ҳар нодон нест. Оне ки на шарм дораду на сабр, ошиқ нест!

Узлоғшоҳро аз номеҳрубонии даст ва кинояҳои забони Нигина қаҳру хиҷолате ба рӯ омад. Хост ба як зарба вайро ба фарш афтонаду кораш тамом кунад. Аммо «то дилат хун нашавад, меваи ширин наёбӣ» ва «барои гул заҳмати хор мебояд кашид» гуфтанҳои модаркалонашро ба ёд оварду сухан бо нармӣ идома бахшид:

– Эй нозанин! Агар аз зарби дасти ту ман кушта шавам, бо хурсандӣ мегӯям, ки бақои умри ту бод! Бо поят маро помол кунӣ ҳам, чизе нагӯям. Чунки дар роҳи ишқи ту хортар аз хоку хасам. Фақат… бовар кун, ки ман ҳам дил дорам ва туро дӯст медорам!

– Хуб кардӣ, ки ошуфта нашудӣ, – аз каломи гарм дили сарди Нигина андаке гарм гашт. – Мардуми араб мегӯянд, ки «зарбул ҳабиби забибун!» Яъне, зарбаи маҳбуба чун мавиз ширин аст…

– Онаҷонам мегӯянд, ки ошиқкушӣ савоб аст!

Ҳарду ба завқ хандиданду Нигина бо шавқи аввала пурсид:

– Боз чиҳо мегӯянд онаҷонат?

– Мегӯянд, ки ошиқи неканҷом аз подшоҳи бадфарҷом беҳтар асту ошиқро мурод ба зар дуруст мешавад, на бо номи падар.

– Ин гапҳои онаҷонат ба ман маъқул…

– Онаҷонам боз мегӯянд, ки ошиқ барои аз маҳбуба як бӯса ситондан бояд хоки дари вайро ҳазор бӯса занад…

– Ин панди хуб аст, ҳамеша дар хотир нигоҳ дор.

– Имрӯз онаҷонам гуфт, ки оби дарёи ишқ ба нӯшидан кам намешад…

– Ман мегӯям, ки оби пок ифлос аз нӯши магас мешад!

– Ҳар чӣ ба даҳонат ояд, гуфтан гир. Ту шаҳду ман магас, ту асалу ман занбӯр, ту шамъу ман парвона, ту гулу ман булбул…

– Ҳеҷ кас ҳаргиз аз парвона садое нашунидааст, лекин ту мисли занбӯр дар буни гӯшам ғинг-ғинг мекунӣ?

– Баръакс, мисли булбули шӯрида чаҳ-чаҳ мезанам. Магар дурри гаронсанг ба гӯши ту гаронӣ кардааст, ки нолаи зори маро намешунавӣ? Намебинӣ, ки ман мисли садҳо ошиқи роҳгумкарда аз ҳар тараф ба ту қаробат меҷӯям… Ту, ки шеър менависӣ, хуб медонӣ, ки гул шукуфад, булбул масту ғазалхон мешавад. Охир ту ҳам шукуфон шав, то ман маст шаваму гӯям, ки бар бӯи пероҳани ин нозукбадан мирам!

– Агар дил шод набошад, чӣ сон тавон шукуфтан? Ситоише, ки сабук бошаду хушку осон оқибат бори гарон орад!

– Боз дӯғу даранг мекунӣ? Чаро? Охир то ҳол сухане тунд нагуфтаам, фиреб надодаам, дурӯғ набофтаам ва бад накардаам, ки бад мукофот диҳӣ. Чаро сухани дурушт гуфта, маро девона мекунӣ?

– Барои он ки туро нон гандумист, аммо суханҳоят ҷавин. Фақат аз номи очаҷонат гап мезанӣ, аз дили худ сидқан ҳарфе ба забон наовардӣ…

– Гапи худам ҳамин, ки агар дар ҷоми ман заҳр андозӣ, хомӯш менӯшам! Чун ки як ангушт аз шаҳди забонат маро позаҳр асту мехоҳам, ки Нигина маро аз ин мурод бознадорад.

– Ҳушёр бош, эй Узлоғшоҳ, ба кӯйи Нигина ҳар кӣ дар талаби шаҳд ояд, умед нест, ки дигар ба ақл бозояд!

– Забон нигаҳ дор, эй ишвафурӯши деҳотӣ! Ба мани девона худат фаҳмон: ту кистӣ ба чунин ҷамолу зебоӣ, ки ақлу ҳушам рабудию дилам ба ғорат бурдӣ?

– Ман духтари паридорам…

– Ҳа-ҳа-ҳа! Гумон доштам, ки ман бандаи заминию ту фариштаи осмонӣ! Мехоҳӣ, дар бораи як духтараки гулпарӣ ҳикоят кунам.

Нигина бо камоли рағбат розӣ шуд. Барояш фурсате лозим буд, то амалиёти минбаъдаро тарҳрезӣ намояд. Зеро валиаҳди ҷавон ё аз ҳушмандӣ, ё аз нодонӣ сирри ниҳони давлатдориро фош карду агар суханҳояш дуруст бошад, Хоразмшоҳ ҳоли табоҳ дорад ва, мутаносибан, рӯзгори Нигина куллан тағйир меёбад. Эҳтимол аст, ки агар Узлоғшоҳ ба шарафи даҳанбӯсӣ мушарраф гардад, кабутари ҳарам суррияи55 валиаҳд мешаваду орзуи деринаи Турконхотун ҷомаи амал мепӯшад. Он гоҳ раққосаи кабкхиром бойбегими Ғӯрганҷ мешаваду давлатманду сарватманду ҳамнишини Махдумаи ҷаҳон! Ё ин ки ба таъбири Узлоғшоҳ «ишвафурӯши деҳотӣ» ба «ҳуснфурӯши шаҳрӣ» табдил меёбад. Аммо… оташи ишқи покаш нимкушта шуда, ҳаёташ беранг гашта, ҷӯшу хурӯшу набзи дили паровараш сокиту беназм мегардад, ҳама шодмонию хушию сафои ахтари тобони самои ҳунар завол меёбад, гулшукуфти боғи ҷавонияш ба хазон расида, бахткӯр мешавад. Ин даҳшат аст! Даҳшате аз шикасти Хоразмшоҳ даҳчанд бадтар!!

Албатта, Нигина ҳеҷ вақт ба ин роҳ намеравад. Зеро ҳеҷ намехоҳад, ки зару зевари фаровон дар бар, аммо дасти армон бар сар дар шаҳри мусофирӣ яккаву танҳо ва дастнигар бимонад! Он беҳ, ки чун ғарибе бар фарши сиёҳ нишаста, аз айшу роҳати базми подшоҳи нав ва зиёфатҳои онакалонаш бенасиб монад, аммо аз ёр ҷудою аз хоки диёр бенасиб намонад…

Азбаски лаҳзае пеш дилаш бархе ҷониби Узлоғшоҳ майл намуд, хост дар ойинаи дил ба ҷойи акси дилҷӯйи Мирмалик сурати нозебои валиаҳдро тасаввур кунад. Натавонист. Вале аз барқи нигоҳи Мирмалик чароғи дилаш равшан гашту илоҷи аз беномусӣ раҳо шуданро дарёфт: дар токчаи боло бахурдони чинӣ дид, ки ҳар шаб уду лодан ва сипанд месӯхтанд, то аз дудаш хона хушбӯй шавад. Бахурдонро диду маслиҳати Шакархонум ба хотираш расид ва нафаси сабук кашид. Барояш яқин гашт, ки Худованди меҳрубон гиреҳ аз кори баста кушода, чун барқи хотиф бо суръати баланд ба кабки саргардон мушкилкушо фиристодааст…

Узлоғшоҳ аз ин гапу ниятҳо бехабар бо шавқу завқ манзараҳои саробӯстонашро таърифу тавсиф намуда, оқибат ба сари мақсад омад:

– Дина як канизаки зебо барои рӯбучин ба саробӯстон омада буд. Манро дидан ҳамон сурху сафед шуду дар пеши поям афтод. Ман вайро ба по хезонда, дар канор гирифтаму рӯяшро бӯсида, ба хилватхона бурдам… Вақти гусел вай хандаомез мегирист ва шукр ба Худо мегуфт, ки шоҳзода маро бӯсиду бӯйиду…

– Эй ки ба айш ғарқаӣ ва дарду ғам надидаӣ, дунёи ошиқон аз афсонае, ки гуфтӣ, ҳазорон ҳазор ёд дорад: ин хел каломи дағал назди мо эътиборе нест, бидон! Муроду мақсади ту аз ин афсонаи фач чист? Ман канизак не, охир!

– Надимон низ аз баҳри хизматгориянд. Вале ту дигарӣ! Ту барои ман аниси беҳтарин, гавҳари якдона хоҳӣ монд!

– Гапат ҳақ, ман гавҳари якдона, аммо ту… гавҳари носуфта. Ҳайф ки бо дусад сӯҳон худро ҳамвор накардаӣ! Ту кӯтоҳқаду кӯтоҳдастӣ, ба шохи сарви баланд даст назан…

– Валиаҳде, ки пагоҳ ё фардо ба тахти подшоҳӣ мешинад, дасткӯтоҳ нест!

– То онакалонат барҳаёт аст, туву падарат дасти дароз надоред, алмудом дастнигаред! Ҳолиё модаркалонат лақаби туро ҷалил кардааст, аммо ту на ҷалилӣ ва на ҷамилӣ!

– Эй духтари беадаб, андоза нигаҳ дор! Аз ман чӣ бадӣ дидӣ, чӣ бад гуфтам, ки шунидӣ?

– Кори бадтарини ту он аст, ки дуздона ба манзили ман омадӣ!

– Дигар сабру қарорам намонд, эй гул! Войи ҷони ҷавони ман, ки аз ишқи ҷонгудози ту ба дод омадааст!

Якта шеър медонам, бароят мехонам:

Во фарёдо! Зи ишқ во фарёдо!!

Корам ба яке турфанигор афтодо…

Гар доди мани шикаста додо – додо,

В-ар на, ману теғ! Ҳар чӣ бодо – бодо!!

– Ошиқи беқарорро гапу кор аксар хато гардад…

– Бигзор хато шавад. Онакалонам насиҳат кард, ки агар кор ба хушӣ барнаояд, девонагие дар он бибояд. Агар бори дигар ба гапам хилоф орӣ ва гулӯи дилам фишорӣ, пеши саги нигаҳбонат гурба сар медиҳам. Чунки косаи сабрамро лабрез кардӣ. Хубаш, биё, ба шодӣ ғубор аз дилҳо барорем…

– Ман розӣ. Аммо ту бигӯ, ки ғаму ғубор аз дили ман чӣ сон берун меорӣ?

Узлоғшоҳ ба кафи Нигина як киса зари холис ниҳоду бо табассуми фарох гуфт:

– Ин маблағ барои мушку анбару атриёти моҳонаи ту. Ҳар рӯз хелбахел атласу дебо мефиристам, то пироҳани зебо доимо тани барно оро диҳад. Гайр аз ин бароят иқди Башош ҳадя овардам.

– Чӣ хел иқд?!

– Гарданбанде, ки ҳафт пора лаъли Бадахшон ба ҳафт ранг дар ресмони заррин кашида шудааст!

– Ба молу чизи дунё ниёз надорам. Агар ҳадяҳои туро нагирам, маро чӣ мефармоӣ?

– Онаҷонам гуфт, ки то Нигина аз ту хушнуд нагардад, берун нарав. Аввал зорӣ куну дилаш ба каф овар. Дидӣ, ки нашуд, зар бидеҳу болои сабилаш нақора бизан. Агар розӣ нашавад, зӯрӣ кор фармо…

– Бигӯ, ки бо зӯрӣ чӣ хоҳӣ кардан?

– Чун бикунам, он гоҳ бигӯям.

– Он гоҳ дер мешавад. Фаромӯш накун, ки зӯри беҳуда миён мешиканад ва хашму шаҳват мардро аҳвал мекунад.

– «Аҳвал» чӣ маънӣ дорад?

– Каҷбин. Яъне шаҳди ишқ ҳар ноқиббасиратро насиб намегардад! Бо нохуни пой сар нахору тӯҳфаҳоятро гиру рав ва дигарбора маро заҳмат надеҳ…

– Эй каҷкӯлоҳи кажзабон, чанд зарбате задӣ, акнун зарбате нӯш кун!

Ҳеҷ куҷо намеравам, то ба ман сар фуруд наорӣ! Агар ба нағзӣ нахоҳӣ, дар рехтани хуни нофат ба бераҳмӣ ҷадал мекунам!

Таҳдиди баръалоро шунида, Нигина бо изтироби тамом аз ҷой хест, то шӯри ғайрат аз дили Узлоғшоҳ дур афканад ва худро аз мазаррату расвоӣ берун кашад. Сохтакорона хандид ва бо оҳанги таҳсин гуфт:

– Шуд, эй валиаҳди меҳрубон! Шумо аз имтиҳони муҳаббат бо сари баланд гузаштед. Санҷидаму озмудаму бовар кардам, ки ишқи шумо ҳақиқӣ ва комил аст. Ман таслим! – кадбону ду даст боло бардошта, аммо ба Узлоғшоҳи даҳоняла имкони ҷунбиш надоду меҳмоннавозӣ то шифти хона боло бардошт. – Акнун ин ишқсаро пурра дар ихтиёри шумо. Ман бисоти ишқбозӣ фароҳам меорам, то нишоти сарфарозӣ табъи дилатон бошад.

Нигина бо чолокии хайратовар бахурдон аз ток гирифту бо нозу айёрӣ ва димоғи хуш гуфт:

– Иқдоми аввали ишқбозон муаттар ва хушбӯй гардондани хилваткада аст. Чӣ мефармоед-уд бисӯзам ё мушку анбар?

– Ё ҳар се! – бо завқ хитобид Узлоғшоҳ. – Ҳар чизи хушбӯй, ки дорӣ, бисӯзон ва димоғи ман муаттар гардон!

Нигина, ки маътали ин нидо буд, хокаи мушку анбарро андак-андак дар бахурдон ба ҳам омехту аз токчаи дигар духна бароварда, ним каф ба рӯйи бахурдон пошид ва оташсанг ба Узлоғшоҳ дароз карду дари паҳлӯиро нишон дода, бо нозу адои ширин гуфт:

– Агар малоли хотир набошад, шумо оташ гиронеду омода шавед, ман ба гармоба дарояму либос иваз кунам ва покиза ба оғӯшатон дароям…

Узлоғшоҳ бо мамнуният оташсанг болои бахурдон бурда, шарор парронд. Нигина зуд ба гармоба даромад ва баъди чанд дақиқа берун омад. Хона хушбӯй буду дуди бахурдон адо, аммо ошиқи ҷигаркабоб масти хоб – на маҷоли ҳаракат дошту не кӯшиши нишот…

Духна кори худро карда буд: аз дуди муаттар, аммо хобовари зудтаъсир ва заҳромези ин рустанӣ, ки пили дамонро аз пой меафтонд, касе нафас кашад, филҳол мехобиду тираақл мешуд ва ин ҳолатро табибон духнатуннавм мегуфтанд. Узлоғшоҳ, ки инро намедонист, баҳузур димоғ муаттар гардонда, акнун баланд хуррок мекашид ва то рӯзи дигар бедор шудану ба ҳолати аввала омадани ақлаш багумон буд…

* * *

Узлоғшоҳ чун аз хоби гарон чашм кушод, худро бараҳна хуфта дар оғӯши сарди кампираки пичасафеди пажмурда ва бадбӯе диду дуди бахурдон аз димоғаш баромад. Дасти аҷуза дар гардани шоҳзода ҳалқа буду чалаи Турконхотунро ба ангушти чиркинаш хаста ва гӯшвори қадимаро ба гӯши қарқин овехтаю беист фиш-фиш садо бароварда, пишаквор мехобид.

Ҷавони саргарон ҳарчанд кӯшид, ҳеҷ ба хотир оварда натавонист, ки кай ва бо кадом роҳ ба ин кулбаи вайрона омадаасту чаро бо аҷузкампири дилнокаш ҳамхоба шудааст?! Аз ҳама аламовараш он буд, ки ҳарчанд кофт, сару либосашро наёфт. Ночор худро ба карбоспораи ифлоси нимдаридае печонда, бо азоби алим аз дарвоза ба кӯча баромаду рангпаридаю ҳаросон ба чапу рост нигарист ва надонист, ки дар кадом маҳаллаи шаҳр қарор дорад. Хавотиромез бо тамоми қувват фарёд кашид:

– Эй мардум! Мадад кунед! Маро ба пеши онаҷонам баред!!!

Одамони зиёде сӯйи овоз давиданду аҳволашро дида, бо тамасхур хандиданд ва ба ҳар лафз «кампирак шӯйи нимдевона ёфтааст» гуфтанд. Онҳо медонистанд, ки бошандаи ин кулба дар ҷавонӣ раққоса буду дар миёнсолӣ дар ба дари мардум гашта, чизҳои наву кӯҳна фурӯхта, даллагӣ мекарду худаш ҳам сабукпо буд. Аммо кӣ будани ҷавони аблаҳбашара, девонасимо ва танурёну дидагирёнро ҳеҷ кас намедонист…

Кӣ будани ҷавони шарманда, чӣ сон бо кампири фартут ҳамоғӯш шудани ӯ, дар куҷо будани сарулибоси вай ва дигар ҷузъиёти ин қиссаро фақат Нигинаю Шакархонум медонистанд, ки аллакай дар Шамохақалъа буданд. Онҳо баъди «ҷобаҷо» кардани Узлоғшоҳ бо мадади чор язак56 субҳи барвақт кӯч бардошта, аз Ғӯрганҷи пурбим фирор карда буданд ва дар ин макони бехатар, ки нишемангоҳи Шайх Наҷмиддини Кубро буд, дастури Шоҳзода Ҷалолиддинро интизорӣ мекашиданд…

Равзанаи ҳафтум. Исботи зарбулмасали «Нек аст ҳар он бад, ки ба бедодгар ояд»

Ҳангоми ғуруби офтоб ба дарвозаи ғарбии Самарқанд гурӯҳи калони ҳоҷиёни аз зиёрат баргашта наздик расиданд, ки бо тарзи либоспӯшии хос аз дигар ояндаю равандаҳо фарқ мекарданд. Бо амри сорбон ҳама аз аспу уштуру хачир поён фуромада, марду занҳо алоҳида-алоҳида саф оростанд. Дарвозабон ба адои вазифа шурӯъ намуду номи касеро аз рӯйхат хонад, он ҳоҷӣ асп ё уштури худро кашола карда, ба шаҳр медаромад.

Ин тартиби нав сабаб дошт: бо дастури ҳоҷиб57 ҳоҷиёнро дар ду тарафи дарвоза ду гурӯҳи махсус «истиқбол» мегирифтанд. Аз чап чор марду зани хушлибоси самарқандӣ тибқи таомули урфӣ «Зиёрат қабул!» гӯён, ҷавобан «Мурод ҳосил!» мешуниданду оби Зам-зам ё тасбеҳи табаррук ба даст меоварданд. Аммо дар тарафи рости дарвоза чор сипоҳии саропо мусаллаҳи турксимо хомӯш истода, ҳар дарояндаро бодиққат назорат мекарданду махсусан ба занҳо чорчашма менигаристанд.

Ҳанӯз даҳ ҳоҷӣ ба шаҳр надаромада, боз чор сарбози таҳамтан дар назди дарвоза намудор гардид. Айнан дар ҳамин лаҳза яке аз ҳоҷиёни миёнасол, ки аз ҳама ақиб меистод, ноором шуду «Роҳ диҳед!» гӯён саросема ба пеш ҳаракат кард ва лаҷоми шутурашро сахт кашид. Лекин ҳайвони якрав аз ҷой наҷунбид ва гӯшхарош ҳурунгид. Андарзамон аз дохили аморӣ – тахти равони соябондоре, ки дар пушти уштур баста буданд, нолаи зане баланд гашту диққати ҳамаро ба худ ҷалб кард. Яке аз сипоҳиёни турксимо чанд қадам пештар омада, бо лафзи дурушт пурсид:

– Ин занак ким?

– Хоҳарам! – ҷавоб гардонд ҳоҷӣ. – Вай бемор. Роҳ кушоед, тезтар гузарем.

– Йуқ, тухтанг! – амр дод сипоҳӣ ва ба сорбон нидо кард. – Эй бошлиқ! Уштур хобон!

– Чаро?

– Ман бинам, вай занак ким?!

– Хоҳарам вай. Касал! – бетоқат шуд ҳоҷии миёнасол ва бо китф сипоҳиро саҳл ба қафо тела дод. – Роҳа кушо! Аҳволаш вазнин…

– Йӯқ! – баланд дод зад сипоҳӣ ва ҳамроҳонашро ба кӯмак хонд. –Мо бинем, вай ким?

– Номаҳрам шумоҳо! Набинед! Роҳ диҳед!

Ба сари моҷаро баробари сипоҳиёни турк он чор сарбози таҳамтан ва марду занҳои хушлибоси истиқболгиранда низ ҳозир шуданд. Сорбон ва дарвозабон ҳам ҳоҷиёни сафбастаро ба ҳоли худ гузошта, барои хомӯш кардани ғалмағал шитофтанд. Яке аз таҳамтанҳои ҷомасиёҳ камарбанди худро нишон дода, сарвари язакҳои58 шоҳзода Ҷалолиддини Манкбурнӣ будани худро маълум карду киву чикора будани сипоҳиёнро пурсид.

– Мо ятоқҳои59 шоҳзодаи валиаҳд Узлоғшоҳ! – гуфт боифтихор сипоҳии назди амора. – Бо дастури Худованди ҷаҳон Турконхотун омадаем. Ина хати маншур…

Язак аз дасти ятоқ коғазро гирифта, бо овози баланд қироат намуд. Ҳама фаҳмиданд, ки ин сипоҳиён бо амри Турконхотун муаззаф шудаанд, раққосаи дарбори шоҳаншоҳӣ Нигина бинти Абдулсайид ва ҳамроҳи ӯро дар назди дарвозаи Самарқанд нигоҳ дошта, билфавр бозпас ба Ғӯрганҷ баргардонанд.

– Худоё, ин чӣ гап?! – дасти ҳайрат ба гиребон бурд яке аз мардҳои хушлибос. – Мо вазифадор шудаем, ки Нигина бинти Абдулсайидро бо иззату икроми зиёд пешвоз гирем. Ана амри подшоҳи олам…

Язак ин дастурро низ бо овози баланд хонд. Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ ҳокими Самарқандро фармуда буд, ки мақдами Нигинаро гиромӣ доранд ва дар таъзими иҷлоли вай кӯшида, ба кушки ҳар чӣ некӯтар фуруд оранд…

– Гапи фарзанд дар пеши амри модар ягон зарра қадру қимат надорад! – ба мубоҳиса ҳамроҳ шуд сарвари ятоқҳо. – Аз қадим ҳамин хел буду то абад чунин мемонад. Яъне агар дар ин амора Нигина пинҳон хобида бошад, мо вайро ҳамроҳи соҳиби шутур аз шамол тезтар ба Ғӯрганҷ мерасонем.

– Нигина чӣ гуноҳ дорад?

– Инашро Худованди олам медонад. Вазифаи мо…

– Ҳамааш фаҳмо! – сухани ятоқро қайчӣ зад язак. – Агар Нигинаро ёфтанӣ бошед, ин ҷо беҳуда истодаед. Мегӯянд, ки вай ба Нишопур равона аст.

– Чаро?

– Мегӯянд, ки дар ин диёр лолазоре бисёр хуш шукуфтаасту шоҳаншоҳи олам маҳфили шодӣ ороста, нишот дорад ва аҳли ҳараму ҳашам пеши худ хондааст, то ҳамроҳ биёроманд.

Дар ҳамин асно зани маҳмилсавор «Об!» гӯён сар баланд карду садри ятоқҳо сӯйи кампир бо кароҳат нигариста, ҳамроҳонашро фармуд, ки зуд ба аспҳо савор шаванд.

– Зиндагонии шоҳаншоҳи олам дароз бод! – гуфт вақти ба зин нишастан. – Гӯши ман ҳам аз бод хабар ёфта буд, ки ҳолат ҳамчунон аст тавре ту гуфтӣ, эй язак. Хайр, мо сӯйи Нишопур мепарем…

Фиристодаҳои Турконхотун рафтанду намояндаҳои Хоразмшоҳ бо нигоҳи пурсиш ба сарвари язакҳои шоҳзода Ҷалолиддин нигаристанд.

– Мо чӣ кор кунем?

– Ҳамроҳи мо аз дарвоза дарун дароед. Он ҷо маслиҳат мекунем.

Дар шафати ҳоҷибхона сорбони ҳоҷиён ва ду ҳоҷибону, ки айни талотӯб ба шаҳр даромада буданд, болои палоспорае нишаста, обу нон мехӯрданд. Сарязак бо ишораи ангушт яке аз занҳои хушлибоси ба пешвозгирӣ омадаро пештар хонд ва пурсид:

– Нигинаро мешиносӣ?

– Албатта! Ду бор дар базми подшоҳӣ рақсашро дидаам. Байни абрувонаш холи базеб дорад!

– Дуруст мегӯйӣ, эй некӯкор! – лаб ба табассум кушод сарязак ва ҳоҷибонуҳоро нишон доду гуфт: – Пеши он хотунҳо бирав, эй некӯкор ва аз ҳоли Нигина шав хабардор!

Хонуми хушлибос китф дарҳам кашида, ҳайрон-ҳайрон он сӯ шитофт ва бо як дидан Нигинаро шинохту аз ҳаяҷон баланд нидо кард:

– Шукри Яздон, Нигинаро сиҳату саломат мебинам!

Шакархонуми оҳистагуфтор низ бо тамоми ҳастӣ изҳори шукру шодӣ кард:

– Расида буд балое ба домони мо, интухин, шукри Худо, ки ба хайр гузашт! Зинда бошед, эй ҷавонмардҳо!

Бо шунидани ин суханҳо дар рухсораи сап-сафеди Нигина андаке сурхӣ пайдо шуд ва беҷуръатона пурсид:

– Ҳангомаи Ғӯрганҷ тамом шуд? Мавҷи ҳодисахез беосеб гузашт?!

– Осуда шав, духтарам, дасти бало кӯтоҳ шуд, – гуфт саробони ҳоҷиёни Самарқандӣ. –Ба шаҳри мо дасти дарози Турконхотун намерасад. Самарқанд аст ин ҷо! Хоразму Хуросону Мозандарон, ки мулки Хотуни ҷаҳон аст, он тарафи Ҷайҳун монд…

– Хайрият! – ин калимаи осонро Нигина бо душворӣ талаффуз карду ба хаёл рафт. Хотироти ошуфтааш худ аз худ варақгардон шуд. Ёдаш омад лофу газоф, хушомадгӯйиву тӯҳфаҳо, ишқҷӯйӣ ва кӯшишу таҳдидҳои Узлоғ… Ёдаш омад он лаҳзаи тақдирсоз, ки ишқи поки Мирмаликро аз ишқи хоми шоҳзодаи валиаҳд бартар дониста, дар талоши некномӣ ба ҳуҷуми қатъӣ гузаштанаш… Ёдаш омад лаҳзаҳои охирини дар Ғӯрганҷ буданаш, шоҳзодаи нокомро бо таҳқири зиёд аз хонаи худ берун афкандану ҳамроҳи язакҳои шоҳзода Ҷалолиддин ба Шамохақалъа фирор карданаш…

Рӯзи дигари он шаби пурмоҷаро қалъадор, ки аз зумраи дӯстони ҷонии Ҷалолиддини Манкбурнӣ буд, давоми қиссаро ҳикоят кард:

– Як сарбози мо бо чашми худ дидааст, ки Узлоғи нимҳушёрро муханнасҳои60 шаҳр ба миён гирифта, бо расвоии том аз хонаи кампираки гӯлахӣ бароварда, бо дафу сурнай кӯчагардон кардаанду занҳо дук ба дасташ дода, забон ба алфози қабеҳ ва ҳаҷву масхара кушодаанд. Дар назди арки подшоҳӣ Узлоғро кадом як миршаб шинохта, зуд ба Турконхотун хабар расондааст. Онакалон ҳоли зори набераро дида, девонаавзоъ шудаасту дар ҷустуҷӯи Нигина ҳамаро ба по хезондааст…

Нигина, ки аввали қиссаро бо шавқ мешунид, аз ҷумлаи охирин сахт тарсид. Зеро дӯстон ба вай гаштаю баргашта таъкид карда буданд, то аз Турконхотуни золиму маккора ва ситамгару ҷобира ҳамеша барҳазар бошад, ки агар вай хашмгину ғазаболуда шавад, дунёро чаппагардон мекунад. Сайфуддин ҳам пайваста насиҳат менамуд, ки «агар дил ба даст овардан хоҳӣ, дили Турконхотун дар ҳама гапу кор нигоҳ дошта, баъзан аз ҳад гузашта, тавозӯъ бояд кард, вагарна оқибати кор сӯрохии нол мешавад!». Нигинаи пандпазир ҳамеша аз рӯи ин гуфтаҳо амал мекард, вале он шаб… он нашуд, ки Турконхотун мехост. Он шуд, ки Худо хост!

Қалъадор тарсу ларзи Нигинаро мушоҳида карда, аз гуфтаи худ пушаймон гашту ба дилбардорӣ гузашт:

– Зиқи бад нашав, духтар! Худованд раҳмону раҳим аст, қодиру меҳрубон аст, бандаҳои оҷизро худаш аз банди мусибат мераҳонад. То ман ҳастам, дар ин қалъа ҳатто пашша ба ту озоре намерасонад!

– Ҳар касе ба Нигина зулм кунад, зулм бар худ мекунад! – гуфт бо қатъият яке аз язакҳо. – Моро мебояд ҳар чӣ зудтар Нигинаро ба Самарқанд расонем, то дар паноҳи подшоҳ аз ғазабу ниқори Турконхотун наҷот ёбад.

Хирадманд кӯшад, к-аз оташ раҳад,

На худро ба сӯзанда оташ диҳад!

– То Самарқанд роҳ дарозу хатарнок аст, – лаб ба эътироз кушод қалъадор. – Турконхотун, ки душмани маккор ва ғаддори хонагист, дар ҳама шаҳру корвонсаройҳо ва бурҷу гузаргоҳҳо қарақчӣ61 мегузорад, то Нигинаро аз роҳ занад.

– Ин хел бошад, чапғалат меравем, аз бероҳа истифода мебарем…

– Шумо ҷавон ва камтаҷрибаед, тарсам, ки роҳ гум кунеду шиддати бисёр бинед…

– Пас чӣ бояд кард? Истиқомат дар Ғӯрганҷ ба Нигина номумкин асту дар қалъаи Шамоха ногувор…

– Оре, ба вай хеле душвор – не роҳи сафар дораду не ройи иқомат, – қалъадор беист пушти сар хорида, тадбир меҷуст. – Ҳис карда истодаам, ки вақти ҳилаю макр аст ва дар ин амал мо бояд аз Турконхотун як сару гардан боло бошем. Рафтем аз Пири муаммари Хоразм маслиҳат мепурсем.

– Ҳоҷат ба рафтан нест, ман худ омадам, -Шайх Куброи сабзҷома ва қоматбаланди фарохпешонӣ бомаром асо ба замин кӯфта, пеши ҷамоати саргарангон омад. – Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳу ва баракотуҳу! Дар хилватгоҳ ором нишаста натавонистам, чун қиссаи ногувори кабутари ҳарам шунидам, ки бародари гиромиям Шайх Маслаҳатдинро ба ҳукми набера аст. Эй насими сабо ва нишоти дилҳо, марҳабо! Чолок бош, ки ал фирору фи вақтиҳи зафарун! – гурези сари вақт зафар аст! Аммо ба нодонӣ раҳсипарӣ накунед, то гавҳари ноёб аз даст надиҳед. Қолаллоҳу таъоло: «Ва ло тулқу биайдикум ило-т-таҳлукати». Яъне Худои таъоло мегӯяд, ки хештанро бо дасти хештан дар таҳлука маяндозед. Аммо ту зиқ нашав, эй навадаи бародарам. Ман барои раҳнамоӣ омадам ва чун медонам, ки дуъои Пирон дар ҳар лаҳзаи рӯз мустаҷоб бувад, аз даргоҳи он Ягона барои туву ҳамсафаронат роҳи бегазанд металабам. Ҳоло ки фурсати ҳаҷ анҷом ёфтаасту зойирон аз Маккаю Мадина баргашта истодаанд ба туву нигаҳбонат сатр мепӯшонему ба гурӯҳи ҳоҷиён ҳамроҳ мекунем…

Ин пешниҳод бо таъзими ҳамагон пазируфта шуду қалъадор дарҳол бо сорбони ҳоҷиёни самарқандӣ гапро пазонд. Вай Нигинаро духтар хонду Шакархонумро хоҳар ва ба ҳар ду сатру ҳиҷоби муқаддас пӯшонд ва бо ному насаби дигар ба рӯихат дохил кард. Чор язаки вафодори Ҷалолиддин, ки аз ибтидо нигаҳбони махуф ва амини кабутари ҳарам таъйин шуда буданд, бору бухчаи заруриро ба хурҷини асп андохта, ҳамсафари ҳоҷиён шуданд. Онҳо гоҳ аз пешу гоҳ аз қафо ноаён ҳаракат карда, нигини қиматбаҳои подшоҳро аз чанги қарақчиҳои Турконхотун ҳифз намуда, бегазанд то Самарқанд расониданд…

Сукути ҳузновари Нигина ба Шакархонум нафорид. Аз оринҷаш кашида, мулоим силтав доду насиҳатомез гуфт:

– Маъюсӣ бас! Мардуми Бухоро мегӯянд, ки дар ноумедӣ басо умед асту, интухин, поёни шаби сиёҳ сапед бошад!

– Хоҳари ман дуруст мегӯяд, – марди қаднавчаи самарқандӣ бо чашми навозиш Нигинаро нигарист. – Қабл аз сафари ҳаҷ шоире меҳмони мо буд. Ба ҳамин мазмун байти зӯре гуфт, ки дарҳол дар лавҳи хотирам ширеш баст:

Ба ҳангоми сахтӣ машав ноумед,

Ки абри сияҳ зояд оби сафед!

Ба тани абгори Нигина мадори тоза дамид ва марди ношиносро ба истинтоқ гирифт:

– Он шоир куҷост?

– Гуфт ки азми Бухоро дорад.

– Танҳо буд ё ҳамроҳ дошт?

– Онҳо ду кас буданд.

– Пойи дуюмӣ андаке мелангид?

– Ҳа. Шоири дуюм Сайфуддин Аъраҷи Исфарангӣ буд. Аз таҳпурсият донистам, ки муаллифи шеър будани Саъдии Шерозиро донистӣ. Шояд кӣ будани маро ҳам медонӣ?

Нигина бодиққат ба чеҳраи марди ношинос синча карду бо аломати инкор сар ҷунбонд.

– Ман Шамсуддини Ҳола. Дӯсти…

– Шуд. Шуморо ғойибона медонистам, акнун шинохтам. Аҳмад-ако дар сифати шумо як шеър гуфтааст:

Камоли дувал, мафхари Шарқхона,

Зиҳӣ дар маонӣ чу Ҳола ягона!

Ниҳонхонаи заҳри афъӣ зи лутфат

Пур аз нӯшдору чу занбӯрхона.

Ба осори туст иқтидои кавокиб,

Ба айёми туст ифтихори замона…

Нигина аз шеърхонӣ дар кӯча ва ҳузури бегонагон шарм дошту сухан кӯтоҳ кард:

– Ин шеъри дароз. Лекин байти охираш аҷоиб:

Ту чун номи худ ҷовидона бимонӣ,

Ки маънии Ҳола бувад ҷовидона!

– Шеъри зӯр будаасту лекин ман як чизро сарфаҳм нарафтам, – бетакаллуф ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд сарязак. – Шумо, эй шоири некназар, Шамсуддин Хола ё Ҳола? Кӣ будани холаро ҳама медонем, аммо «ҳола» чист?

– Доираи равшан дар гирди моҳ ҳола аст. Онро хирмони моҳ ҳам мегӯянд. Ҳола тахаллуси шоирии ман, ному насабам Шамсуддини Ҳомид…

– Чӣ хел нағз, ки шуморо дидам. Ман акнун дар Самарқанд танҳо нестам! Дӯсти бародарам дӯсти ман аст!

Шакархонум дарҳол Нигинаро шодишарик шуд:

– Ҳалқаи дилатро кушо, эй Нигина, ки ба ҳалқаи дӯстони мӯътабар расидем. Интухин, дигар асло натарс!

– Ман қавитар аз тарс ҳастам, ойтиҷон! – Нигина зайли аввала ҳозирҷавоб гардид. – Агар метарсидам, он шаб Узлоғшоҳро масхара намекардам. Ҳоло он қадар тавоноӣ дорам, ки ҳар шароите болои сарам ояд, метавонам аз худ дифоъ кунам. Зеро ҳис кардам, ки дӯстони асил дорам. Раҳмат ба ҳамаи шумо, ки дар мавҷхези ҳодиса рахти бахти маро ба об тар накарда, хушк берун овардед!

Аз суханҳои самимӣ сарязак ба ваҷд омад:

– Ин хел ки бошад, эй моҳи дар зулмот нуҳуфта, нурафшон шав!

Ҳама бо аломати таҳсин сар ҷунбонданду яке аз бонувони хушлибос бо оҳанги пазириш гуфт:

– Эй кабутари ҳарам, изҳори фараҳ ва сурур намо, ки дубора ба ҳарами шоҳаншоҳи олам расидӣ! Марҳабо, фарши ҳарами мо махмалин асту бо тозагулҳо ороста!

Самарқанд сайқали рӯйи замин аст,

Ҳавояш фораму хокаш маҳин аст.

– Нигина ба шумо ва шуморо ба Худо месупорем, – гуфт бо оҳанги хайрбод сарязак. – Аммо фаромӯш накунед, ки агар кабутари ҳарамро ранҷе расад, шоҳзода Ҷалолиддин ба мо некӯӣ накунаду мо ба шумо…

* * *

– Аз кӯҳсор насим ба нармӣ вазиду айёми баҳор расид ва дар атрофи бораи Самарқанд низ лола шукуфт. Нигина ҳам тадриҷан гарду ғубор аз дилу рухсор шуста, ғунчасон майли хандидан дошт. Чун пештара ҳамроҳи Шакархонум дар ҳавлии алоҳида, берун аз ҳарам иқомат мекарду рӯз то рӯз ҳавлу ҳаросаш камтар мешуд. Ба вай Самарқанди бузург ва ободон, ки нозу неъмати фаровон дошту сокинонаш ҳалиму мехрубон ва ширинзабон буданд, дар қиёс бо Ғӯрганҷ бештар писанд омад. Кадбонуи ҳарами подшоҳӣ Саодатбегим, ки назди ҳоҷибхона истиқболаш гирифта буд, худро самарқандии асил муаррифӣ карда, ба гуфтору рафтори меҳрбор кабутари ҳарамро мафтуни хеш гардонд.

– Хоразмшоҳ шаҳри моро забт накардааст, балки Самарқанд дили шоҳро тасхир кардааст! – гуфт бо ифтихор кадбонуи соҳибҷамол ва рӯйдодҳои ҳафт-ҳашт сол муқаддамро бо обуранги зиёд тасвир кард. Ба Нигина аён гардид, ки он вақт ҳокими Самарқанд сарсулолаи қарохониён Усмон ибни Иброҳим будаасту «Султони бузурги султонҳо» лақаб доштааст. Вай духтари гӯрхони қарахитоиро ба занӣ хостааст. Лекин ҷавоби рад гирифта, бо аломати эътироз аз онҳо рӯ тофта, ба номи Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ хутба хондаву сикка зада, ӯро ҳамчун меҳмони ифтихорӣ пешвоз гирифтааст. Яъне шоҳаншоҳи олам аз камон як тир наандохта, соҳиби Самарқанд шуда, дар иваз духтари нозанинаш Нозпариро ба ҳокими занталаб Усмон бахшидааст.

– Тӯйи арӯсӣ дар Ғӯрганҷ гузашту вақте Усмон барои ба никоҳи худ даровардани духтари подшоҳ овора буд, қарахитоиҳо бесоҳиб мондани шаҳрамонро фурсати муносиб шумурда, мисли мӯру малах ҳуҷум оварданд, – бо оҳи пурдард гапашро давом дод Саодатбегим. – Мо аз Хоразмшоҳ мадад хостем. Вале он замон дар Ҷанд исён буду вай омада натавонист. Самарқандиҳо ноилоҷ худ ба мудофиа хестанд ва як соли расо муқовимат нишон доданд. Дар ин муддат расо ҳафтод бор ҷанги тан ба тан шуд. Шасту нӯҳ маротиба самарқандӣ ғолиб баромаду фақат як бор қарахитоӣ дастболо шуд, вале базудӣ шармандавор қафо гурехт. Вақте Хоразмшоҳ ин ҷо расид, дар гирду атрофи Самарқанд ягон қарахитоӣ набуд, лекин шаҳри ҷангзада ҳоли табоҳ дошт…

Бо чашми худ дидам, ки Хоразмшоҳ ба хоки хунолуд дузону нишасту бо дарду алам

Самарқанди қандманд,

Ба ин ҳолат кӣ афканд?

гӯён чанд қатра ашк рехт. Баъд бо азму нияти қатъӣ аз ҷой хеста, идомаи шеъри қадимаро тарзи дигар хонд:

Аз Ғӯрганҷ ту беҳтарӣ,

Пойтахти Хоразм мешавӣ!

Хоразмшоҳ ба қавлаш истоду Самарқандро ба иқоматгоҳи худ табдил дод, ба сохтани масҷиди ҷомеъ ва қасри подшоҳӣ шурӯъ намуд ва шаҳрамонро ободон карду мехоҳад, ба сайқали рӯйи замин табдил диҳад…

– Кош Хоразмшоҳ як бор ба Хуҷанд ҳам сафар мекард. Аз файзи қадамаш Тирози ҷаҳон даҳчанд обод мешуд…

– Чаро Исфара нею Хуҷанд гуфтӣ?

– Исфара зодгоҳи ман, аммо Хуҷанд парвозгоҳам! Ман аз хуҷандиҳо як умр миннатдор ва… қарздор…

– Исто, Нигина, оҳанги сухани ту бо оҳанги сухани Шоҳаншоҳи олам якхела шуд. Шавҳарам мегӯяд, ки подшоҳи Хоразм дар як маҳфили шодӣ сари мастӣ чунин гуфт: «Ман аз хуҷандиён як умр сипосгузорам, чунки агар сипаҳбуди хуҷандӣ набудӣ, шоҳи Хоразм Шоҳаншоҳи олам нашудӣ!»

– Ин ҷумлаи шоҳона чӣ маънӣ дорад?

– Дар як ҷанги калон қарохитоиҳо ғалаба карда, Султон Хоразмшоҳро асир гирифтаанд. Лекин нашинохтаанд вайро. Чунки тибқи одати деринаи худ либоси сарбози одиро пӯшида, ба муҳориба баромада будааст.

Дар асирхона Хоразмшоҳро ҳамроҳи як сипаҳбуд ҷой додаанд. Вай сирри подшоҳро накушода, баръакс маслиҳат додааст, ки шоҳ худро ғулом вонамуд кунад, то барои аз асорат гурезондани ӯ имконият бештар шавад. Хоразмшоҳ сари таъзим фуруд оварда, дастобрези сипаҳбуд шудаасту ҳар чӣ фармояд, «Лаббай!» гӯён, бо камоли эҳтиром иҷро мекардааст.

55.суррия – зани ғайриникоҳӣ
56.язак – муҳофизони шоҳзода, сарлашкар ва дигар бузургони дарбор
57.ҳоҷиб – сардори дарвозабонҳо
58.язак – нигаҳбон (паҳлавӣ)
59.ятоқ – нигаҳбон (туркӣ)
60.муханнас – нармода
61.қарақчӣ – назоратгар (туркӣ)
Vanusepiirang:
16+
Ilmumiskuupäev Litres'is:
10 veebruar 2023
Kirjutamise kuupäev:
2023
Objętość:
690 lk 1 illustratsioon
Õiguste omanik:
Автор
Allalaadimise formaat:
epub, fb2, fb3, ios.epub, mobi, pdf, txt, zip