Loe raamatut: «Нигина ва Мирмалик», lehekülg 24

Font:

ОҲУИ ШЕРГИР

Пешгуфтори китоби сеюм. Таснифи пораҳо аз саргузашти ошиқони саргашта

Аз таъсири дуо ва панди Момои Самарқандӣ ҳолати Нигина тамоман дигаргуна гашт. Аввал шодӣ карда, мисли гули садбарг варақ-варақ шукуфт. Баъд ҷигархастаи ғамзада шуд. Яъне ба лаб кулӯх молид – не гап мезаду не нон мехӯрду не об менӯшид. Андактар боз тағйир ёфт – аз шодкомӣ фориғу аз ғам осуда гашта, муддати бардавом дар мобайни хона беҳаракат нишаст. Ба нуқтаи номаълуме менигаристу гоҳ табассум мекард, гоҳе ду-се қатра ашки ноинтизор мерехт. Ин асно вай бо дили худ дар гуфтугӯ буд ва ба чанд саволи навпайдо ҷавоб меҷуст.

Саволи нахустин «аз қафаси заррин чӣ сон метавон берун парид?»-ро осон ҳал кард: ба шоҳзода Ҷалолиддин масъаларо мефаҳмонаду мадад мепурсад ва бо гиряву зора илтиҷо мекунад, ки ба ҳар қимате ё ҳилате ӯро аз дарбор ба озодӣ барорад, амонатро бе хиёнат ба падар супорад… Аммо саволи дуюм ва асосӣ дандоншикан шуд: аз Самарқанд ба кадом самт боли парвоз мекушояд ва минбаъд чӣ кор мекунад?!

Саманди орзу ва хаёлот нахуст ӯро ба Ворух бурду дар хонаи падар фуруд овард. Ба назараш чунин намуд, ки волидон нури чашми худро бо хушию хубӣ истиқбол гирифтанд, ҳар суханашро гиромӣ доштанд. Чанд хешу табору ҳамсояҳо бо чеҳраи кушод, бе ғаразу ҳасудхӯрӣ ба дидорбинӣ ва тӯҳфагирӣ омаданд. Вале амакдухтаронаш, дугонаҳои айёми кӯдакию ҳамсабақонаш Нигинаи хушлибос ва оростаю перостаро бо теғи нигоҳ пешвоз гирифта, бо чашми пур аз бухлу ҳасад тамошо мекарданд. Онҳо чун аз гурези ӯ воқиф гаштанд, ба танқиду инкори кабутари ҳарам забон дароз карданд ва ҳини гуфтор пичингу киноя, таънаю масхара мисли мурчу қаланфур истифода бурданд. Назокати арразабон бе ягон андешаю таҳаммул ба сарзанишу маломат гузашт: «Ҳамроҳи ман ба Ворух наумадию дар Хуҷанд мундӣ, тану бадан ҷунбундию дар суроғи Мирмалик ба Ғӯрганҷ рафтӣ. Лекин вай аз ту гурехта, шоҳдухтара зан гирифта, ба Хуҷанд баргашт. Шоири исфарагӣ ҳам дум хода карду кафтараки бечора ба хоразмиҳо дастнигар шуд. Яъне аз ошиқҳот мундаю ба Самарқанд умада, аз подшоҳ рунда шуда, саргардун гашта, ба Ворух шӯйковӣ умадӣ?!

Э пирдухтар! Бо кадум ру пеши моюн умадӣ? Бо кадум чашму ру ба моюн ниго мекунӣ? Марг беҳтар аз зиндагӣ ба шармандагӣ!!!»

«Пирдухтар» гуфтани амакдухтар чун наштар ба синаи Нигина халиду «паридухтар пирдухтар шуд, нимхӯрдаи подшоҳ бешавҳар монд!» гуфта, масхараомез хандидани ҳангоматалабҳои қишлоқӣ гулӯяшро аз ресмони дор сахттар фишурд. Фаҳмид, ки зару зевару бойигарӣ ва куртаю ҷомаю ҳама либосвории қиматбаҳояш барои ҷавонҳои ориятманди ворухӣ ду пули пучак арзиш надорад ва ҳама аз «бойдухтари пирдухтар» ҳазар мекунанду шахргаштаю аз ҳарами подшоҳ баромаданашро ҳазору як хел тафсиру шарҳу эзоҳ медиҳанд. Он гоҳ Нигина ҳам гапи Назокатро шиор карда, «марг беҳтар аз зиндагӣ ба шармандагӣ!» мегӯяду ё худро оташ мезанад, ё ба оби дарё мепартояд, ё аз кӯҳи Тешазадагӣ ба дӯзах мепарад… Ё мисли Муяссарбону дар ягон теппаи беодам хона сохта, бо пишаку мурғу париҳояш умр ба танҳоӣ мегузаронад…

Аз чунин оқибати кор Нигина сари пушаймонӣ ба поён афканду афсурдагии хотираш даҳчанд шуд ва чанд қатра ашки сӯзон ба домон рехт. Ва қатъан хулоса баровард, ки ҳоли ҳозир ба кӯҳистони Ворух чароғпоя рафтани оҳуи рамида номумкин, ҳатто хатои дағали зиндагисӯз аст!

Шоҳбайти нахустин шоири самарқандӣ Абуҳафси Суғдиро муносиби ҳоли худ донист:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо?

Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна равадо?!

Мисраи дуюмро такрор ба такрор хонду худ ба ҳоли худ хандид: «Ӯ надорад ёр» гуфтан оё дуруст аст? Не! Нигина ёр бисёр дорад, садҳо харидор ва ҳазор-ҳазор талабгор «зиҳӣ лаъли лабу нозук миён!» гуфта, чангу гарди домонашро тӯтиё мекунанд. Ба лафзи шоир Сайфуддин ҳама ситораҳои осмон дар зери пойи қомати волои ин нозукниҳол саф кашидаанду Нигина шоҳи хубон аст, агар аз Лайлию Ширин боҷу хироҷ гирад, равост…

Дарвоқеъ, андалеби Исфара ҳоло дар куҷо бошад? Дар Ғӯрганҷ, зери сояи вазири Турконхотун бошад ё раҳсипори Хуросон? Дар базми арӯсии Гулҷамол аз дур якдигарро диданду аммо натавонистанд ҳамсӯҳбат шудан… Оё боз дида ба дидор мерасида бошад? Кай? Э кош тезтар меомад… Вай нафақат ҳамдиёр, балки ҳамсафару ҳамрози санҷида, маслиҳатгару ҳаводори асили ӯст. Ҳатто… боре иқрор шуда буд, ки «булбули гӯё шудам дар гулситони ишқи ту»… Он рӯз, дар фуроварди базми ҷашни Меҳргон, ширакайф ба ҳузури Нигина омад. «Хилватиён ҳар куҷо маҷлиси хос оростаанду даст ба тороҷи хирад кушодаанд» гӯён ҳоли зори дили шӯридаи худ якбаяк ошкор кард. «Гумони ман яқин шуд, ки шоҳи бадэътиқоди сахтчашм дилбанди туст. Вай ишқи ҷавони маро хазон кард. Акнун намедонам чун кунам?!» гӯён шоирона фиғон кашид:

Ту имшаб доди ман аз худ бихоҳӣ дод, ман рафтам,

Ту хуш биншину май менӯш, мезӣ шод, ман рафтам!

Чу кардӣ чашми уммеди маро дар хоб, ман хуфтам,

Чу додӣ хирмани умри маро барбод, ман рафтам!

Аз ишқварзиҳои мастонаи шоир Нигина ба завқ омад:

– Ворухиҳо «ошиқ аз қозӣ натарсад» мегӯянд. Ошиқи исфарагӣ аз кӣ метарсад? Росташро гӯед: шояд ягон дилхоҳи дигар доред, ки аз ман дур шудан мехоҳед?

– -Ҳоҷате ба шарҳ нест. Оне, ки мехостам, дигаре бурд ва он чӣ мехостам, дар замирам мурд.

– Маро ҳеҷ кас ҳеҷ куҷо набурдааст! Бо оби Марям бадан шустааму дилу домонам пок… Аҳмад-ако, шумо чиҳо мегӯед?

– Худ медонам, ки ёри қадима гуноҳе надорад, аз вай худро дур кашидан аблаҳист. Аммо чӣ кунам, ки ин лаби дарё подшоҳу он лаби дарё малик… Ман дар мобайн ғариқ! Лоилоҷ дасту по зада, «Алфироқ, эй дил!» мегӯяму «Алвидоъ, эй ишқ!» мегӯяму нола мекашам:

Сирри ишқат бо кӣ гӯям, ин сухан афсона нест,

Бо дили худ ҳам нагӯям, гарчи ӯ бегона нест?!

Дар миён бинҳодаам ишқи туро бо ҷону дил,

Гарчи медонам, ки ҷойи ганҷ ҷуз вайрона нест.

Ман яке дил дораму пурхун зи ғам чун нордон

В-ин суханро фош кардам, гарчи ин мардона нест.

Андаруни нор пурхун асту механдад аз он-к

Дил басе дорад, валекин дар миён дилдона нест!

Ишқи мо афсона шав, гӯ, гирди олам ин замон

Кори олам чист, бингар, сар ба сар афсона нест?!

Андактар шоири дилгумкарда боз чанд ғазалу даҳҳо рубоӣ навишту ба Нигина бахшид, ки ҳамаро покнавис карда, дар дафтари алоҳидае маҳфуз медорад ва ҳар гоҳе намунае мехонад, мӯй дар сараш бар пой мехезад ва об аз чашмонаш мерезад. Оғози авроқи пурмуҳаббат ҳамон дубайтӣ аст, ки Аҳмадшоири ҷавон дар ҷашни ҳазора ба духтарчаи сесола бахшида буд. Имрӯз гулдухтари ҳаждаҳсола бовар дорад, ки Сайфуддини баркамол меҳри Нигинаро дар ганҷинаи сина нигоҳ медорад, аммо ниҳон медорад. Яъне агар Нигина «бахт аз таваккал» гӯён ҳамроҳи Шакархонум ба Бухоро равад, рози пинҳон ошкор мегардаду шояд мушкил осон мешавад ва ранҷро роҳат падид меояд: шоири тавоно ғизоли аз дом раста, ба пойи худ омадаро қавидил мегардонад ва аз хавфи Хоразмшоҳ осуда медорад. Он гоҳ Нигина ҳаёти худро ба ӯ мебахшад, ҳар куҷое равад, чун соя аз паяш меравад. Лекин… агар Сайфуддин дар Бухоро набошад, он гоҳ чӣ мешавад?! Як беваи муштипару як духтари бекас дар шаҳри бузурги дувоздаҳдарвоза чӣ кор мекунанд?! Дуруст аст, ки ҳар ду ҳунарманду чустанд, дар кӯча намемонанд. Махсусан Нигинаи олиҳунар ва бешгавҳар асло ба зери бори миннати касон ва хасон сар намениҳад, шаҳр аз маҷлиси унси вай пур аз ҳоё-ҳой ва ҳуё-ҳӯй мешавад. Ин нохуб нест, вале аз кохи баланди Шоҳаншоҳи олам ба қасри садри Бухоро паридани кабутари ҳарам хушбахтӣ нест, балки боиси мазаммат аст! Саъдӣ агар огоҳ шавад, байти машҳурашро бо истеҳзо гӯшраси оламиён мекунад:

Агар ба ҳар сари мӯят ҳунар дусад бошад,

Ҳунар ба кор наёяд, чу бахт бад бошад!

Оре, аз Самарқанд рамида, ба Бухоро рафтан шабеҳи аз борон гурехта, зери новадон омадан асту ба Хуҷанд кӯч бастан ҳазор маротиба беҳтар, ки Мирмалик он ҷост!! Оне, ки ҳамагон волии азми дуруст мегӯянд ва сидқан эъзозу икром менамоянд; оне, ки дар Воруху Хуҷанд ба духтарчаи нозуклаби зирадандон ва ширинзабон ҳадяҳо дода, пардаҳои ҳассоси дили нозукашро ба лапиш оварду дар аспрези Моҳпарӣ бо нигоҳи пурмуҳаббат қалби ноороми гулпарӣ тасхир кард; оне, ки дар Ғӯрганҷ аз ҳусну ҳунари волояш ба ваҷд омадаю волаю шайдо гашта ва аз муҳаббату муҳибати подшоҳ натарсида, меҳру муҳаббаташро ба кабутари ҳарам ошкоро ифшо кард, андар дили Нигина оташ андохт, лек худ чун дуд печиду рафт…

Рафту дигар наёмад. Аз худ дарак ҳам надод. Чаро? Тибқи фармони Хоразмшоҳ амал карда, ба ҳар ду дида ангушт ниҳод, то шоҳи бадкина ба Нигина газанде нарасонад? Ё баъди ҳоким шудан аз серкорӣ ба сархорӣ фурсат наёфту ишқбозиро, ёри қадимаро фаромӯш кард? Ё ин ки занаш, Ойчечаки танноз садди роҳ шуда, шери жаёни Хуҷандро бо сеҳру афсун пойбанди худ гардонд? Ё дастнорас будани кабутари ҳарамро дидаю дониста, ҳавасаш ях басту дар раҳи ишқ ба оҷизӣ ва нотавонӣ тан дод?!

Посухи ин пурсишҳо алҳол барои Нигина номаълум, аммо як нукта возеҳу мусаллам аст: дар ойини ишқу муҳаббат фаромӯшкорӣ хатоест нобахшиданӣ! Зеро оне, ки дидор ба вай манъ шудааст, бо хабаре қонеъ, бо паёмаке сабукрӯҳ мегардаду аз ишорае ӯро роҳат меафзояд. Охирин номаи Мирмалик, «Худовандо, нигинамро нигаҳ дор, ки ёри аввалу охир ҳамин аст» гуфтанашро гаштаю баргашта мехонаду пайваста ғуссаю ғам мехӯрад, ки ба хӯрдан ҳеҷ кам намешавад, баръакс, рӯз то рӯз гаронбору тоқатфарсо мегардад. Маҳбубаи фаромӯшшуда худро ба тахтасанги осиё монанд мекунад, ки имкони ҳаракат надорад, лоҷарам таҳаммул мекунаду аз бардоштани бори гарон азоби фаровон мекашад ва менолад:

Огаҳ наӣ зи ҳолам, эй ҷони зиндагонӣ,

Дардо, ки дар фироқат мебигзарад ҷавонӣ…

Вақте ки Шакархонум бори аввал ин байтро шунида буд – он замон ҳар ду обидаҳои шаҳри Марв – Шоҳи ҷаҳонро тамошо мекарданд – ба риққат омада, «ту ҳам Мирмаликро фаромӯш кун, ҳазору як талабгор дорӣ!» гуфт.

Нигина гиряолуд ҷавоб гардонд:

Насиҳатгӯ маро гӯяд: ки «Баркан дил зи ишқи ӯ!»

Намедонад, ки ишқи ӯ раге то ҷони ман дорад!!

Он рӯз Нигина шеъру байтҳои ишқомез бисёр хонду ба хулосае омад, ки рамзу рукни ишқнавозиро ғайр аз андалеб на ҳар паранда медонад. Агар кабутари ҳарам ошиқ шавад, сазояш он аст, ки ҳама шаб ба девораи қафас бо дили пуралам шеъру афсона гӯяд ва хаёлан гули висол ҷӯяд, то аз пой налағжад. Зеро кабутаре, ки сӯҳбати шоҳин орзу мекунад, фақат ба ҳалоки худ кӯшиш мекунад.

Кабӯтар ба боз ар шавад кинасоз,

Муаллақзан ояд зи силии боз!

Зимнан, ҳолиё Нигинаро на фақат рӯзгор, балки афкор ҳам дигаргун аст, аммо қавлу қасаму суханаш ҳамоно яктост: андар кошонаи дили ман ҷуз Мирмалик ҳаргиз касе набуд ва мабод!! Ман ба ёди ширину гуворои Мирмалик аз молу мулки ду олам фориғам ва ҳамеша вайро меситоям. Ин ҷавонмарди гандумрангу кушодапешонӣ ва хушмӯйлаб, ки бинии дарозу баланд, чашмони сиёҳи ҷозибанок, абрувони Золи зар, китфони васеъ ва қаду қомати расо дорад, дар умқи дили нозукам сазовор маъво гирифтааст. Бовар дорам, ки меҳри Мирмалик оламтоб, меҳрварзии ӯ шӯҳраи офоқ асту шӯълааш ҳаргиз хомӯш намешавад ва баробари дидани маҳбубаи деринтизори худ фурӯзон гаштаю ба сад меҳр камари заррин баста, меҳмонпарастию меҳрубонию дӯстдорӣ мекунад. Баъд…

Худоё, ин чӣ бешармӣ! Чаро ба беҳуда гуфтан қадри хеш паст мебарам?! Агар касе сабаби ба Хуҷанд омаданамро пурсад, чӣ ҷавоб мегардонам? «Азбаски Мирмалик наздам нарафт, худ бо пойи худ омадам» мегӯям? Ё ин ки «Лайлӣ ба суроғи Маҷнун омад» мегӯям?! Ё…

Бас! Ҷуз ин қадар дигар ҳазён натавон гуфт! Чаро озмуда меозмоям? Чаро беҳуда ранҷи худ мефизоям? Чаро бо ҳарза мулки дилро харобу тани абгорро овора мекунам?

Ин чӣ кор аст, ки ман мекунам??!

Силсиласаволҳои соядор пару боли Нигинаро шикаст ва ӯ, ки лаҳзае пеш ҷониби Хуҷанд қанотак задан мехост, «аз бешармию беқадрӣ оворагии кӯҳу биёбон беҳ» гӯён самти парвозро мутобиқи зарбулмасали «оби рафта боз ояд» ҷониби Ғӯрганҷ тағйир дод. Ёдаш омад, ки дар он шаби пурмоҷаро Мирмаликро бартар дониста, ишқи Узлоғшоҳро рад карда буд. Акнун худ аз худ пурсид, ки дар он лаҳзаи мубтало гаштани шоҳзода ба вай сари итоат хам мекард, чӣ мешуд?

Дар дилу дидаи Махдумаи Ҷаҳон ҷо мешуд! Баъди Турконхотун дуввумин бонуи Хоразм, олтинхотун – зани баландмақому олимашраба мешуд! Фақат… мисли Турконхотун оламдаркаш нею мисли Маҳастӣ оламафрӯз мешуд! Як табассумаш ба хироҷи як шаҳр баробар мешуд!

Зимнан ҳанӯз дер нашудааст. Агар аз Хуҷанд дил канда, ба Ғӯрганҷи ободон, ки се сол манзил дошт, баргардад ва ханда бар лаб, бо нозу карашмаю айёрӣ доманкашон ба сӯйи Узлоғшоҳ хиромад, шоҳзодаи мубтало нозаш бо ҷону дил мехараду бо чашмони танги гурусна ба якрӯза роҳ пазира мешавад, тамоми буду бозёфташро ба пеши пои Нигина нисор мекунад. Зеро он шаб масту саргаранг буду то ҳол аз ҷузъиёти фиребу найранги Нигина воқиф нест. Турконхотун ҳам аз муносибату муомилаи оншаба саҳеҳ хабар надорад ва агар пурсад, Нигина худро сафед карда метавонад. Чунки дар ҳақиқат бегуноҳ аст, танҳо худро ҳимоят намуду Узлоғро дасти он надод, ки бо густохии кофирона чанг андохта, пироҳанашро бибӯяд, бибӯсад ва бидаррад. Бо ҳар роҳу восита шоҳзодаи мастро водор сохт, ки гардани шайтонро бишканад…

Нигина дилпур буд, ки Узлоғшоҳ ба ин суханпардозиҳо бе қилу қол бовар мекунад. Зеро аз боғи васли Нигина гул чидан вайро орзуи дерина асту як шӯълаи нигоҳ кофист, то оташи муҳаббати ин булҳавас баланд забона зада, дилашро кабоб гардонад ва Нигинаи нозанинро тори сару болои чашми валиаҳд нишонад. Валекин Турконхотун, ки онакалони макру ҳилаю тазвир аст, ягон ҳарфу ҳиҷои Нигинаро ҳақиқат нахоҳад пиндошт! Вай, ки шербачаи шағолчанголи худро ба марғзори хилват махсус барои оҳушикор фиристода буд, ба пирбуз мубаддал шудани сайди шоҳзодаро дида, аз ҷаҳл ларзида, чун модамори гурза ба худ печида, кафкафаканон зеҳри ҳалоҳил огандаасту Нигинаро дидан ҳамон ба дилаш бераҳмонаю зулмкеш неш мезанад ва ӯро синареш мегардонад! Ба ин аҷузкампири қудратманд як қатра оби сард кофист, ки оташи муҳаббати набераи булҳаваси худро фурӯ нишонад, дилашро ба якпора табдил диҳад, қипчоқбачаҳои гандамағзро ба Нигина шӯронад, ҳаёташро сӯзонад ва орзуҳояшро гӯронад!!

Нигина аз сина дами сарди зимистонӣ бароварду аз чашм сиришки гарму гулфоми тобистонӣ рехт, байте аз Хайём фарохӯри ҳоли худ хонд:

Ҳуш дор, ки рӯзгор шӯрангез аст,

Эмин манишин, ки теғи даврон тез аст!

Нигина, ки лаҳзае қабл бо фараҳмандӣ «оби рафта ба ҷӯй боз ояд!» гуфта буд, аз гапаш пушаймон гашта, зарбулмасали қадимаро ба аслаш баргардонд: «Оби рафта пас наояд!». Худоё, мадад намо, то дигарбора Ғӯрганҷро набинам, на дар хобу на дар бедорӣ!! Мушкиламро дар Самарқанд осон гардон»…

Ин бигуфту симои Хоразмшоҳ пеши назараш омад ва ҳар сухани некашро, таърифу тавсифҳояшро чун донаҳои марворид дар риштаи хаёл ҷамъ овард. Ҳадяҳои шоҳона, тиллопошию арҷгузориҳояшро, оғӯш кушодану навозиш намудану дастдарозӣ карданҳояшро низ ба ёд овард ва хулоса баровард, ки Хоразмшоҳи кабир ба ҳусни Нигинаи сағир ошиқи камназир аст, лекин дар лаҳзаҳои ҳушёрӣ аз баёни эҳсоси хеш худдорӣ мекунад. Шояд фарқияти синну солро ба ҳисоб гирифта, ба изҳори муҳаббати инсонӣ ҷуръат намекунад. Яъне ошиқи маст аст подшоҳ ва агар Нигина шеваю гуфтор тағйир дода, ҳини ҳушёрӣ – қабл аз «марҳабан бил сабӯҳ» гуфтани подшоҳ – бо дебои гулгун наздаш ояду тани нозуки қасабпӯш бо нози латиф ба ҷилва орад ва чун гулнори асили порсӣ фурӯзон гашта, тарзе шакаргуфторӣ намояд, ки табъи дилу бар муроди шоҳаншоҳи олам бошад, ба қавли ворухиҳо ҳама кораш вадаванг мешавад! Хусусан имрӯзҳо, ки Хоразмшоҳ дар садри давлат камтар, аммо дар садри ишрат бештар қарор дорад, агар ба андак ангезаи меҳр ва сухани ошиқонаи ӯ илтифоти бештар намояд, шоҳи ба як ишора маътал садчанд роғибу дӯстдор мешавад. Зеро Нигина хушрӯйтар, латифтар, ширинтар ва беҳтари беҳтар аз ҳама хубону бутони дарбор асту бар замми ин, агар шоҳ донад, ки надимааш маҳз барои нигоҳ доштани қадру қимату иззату эътибори Шоҳаншоҳи олам ба рӯйи Турконхотуни пӯсида ва Узлоғшоҳи шӯрида хати батлон кашидааст, меҳру муҳаббаташ ҳазор карат меафзояд ва кабутари ҳарам ба шоҳхотуни олам табдил меёбад! Зиҳӣ бахту иқболи баланд!! Зиҳӣ ҳаёти пурсаодату бегазанд!!!

Нигина ончунон ба ҳаяҷон омад, ки қариб буд дилкаф шавад. Бо азобе изтироби қалб паст нишонд ва баръало ҳис кард, ки як нимарухаш чун оташи дамхӯрдаи кӯраи оҳангарон тафсону дигар нимарухаш хунуктар аз оби яхдон дар фасли зимистон аст. Гармию сардии рухсор ба сурхию зардии рӯзгор ташбеҳ доду бо тамасхур бар худ нидо кард: «Дар ин айёми пуртаҳлука шоҳ куҷою ошиқӣ куҷо?!» Султон баъди сардиҳои Ҳулвон аз бими халифа он қадар тарскор шудааст, ки баъзан хешони дуру наздик, ҳатто модару фарзанду набераҳои худро душман меҳисобаду агар Чингизи гурбачашм ногаҳон ба пеш ҷаҳад, мисли муши ларзон можу муж мекунаду ҳама аҳли ҳарам, аз ҷумла кабутари наврастаро ба ҳоли худ партофта, дар сурохе пинҳон мегардад. Ҳама ҳар сӯ мегурезанду Нигинаи якдона, ки бо қомати якто гавҳари якто ба шумор меравад, дар мобайни Регистони Самарқанд яккаву танҳои танҳо мемонад.

Танҳо ки монд, аз Хайёми бузургвор рубоӣ мехонад:

Як қатра об буд, бо дарё шуд,

Чун зарраи хок бо замин якто шуд.

Омадшудани ту андар ин дунё чист?

Омад магасе падиду нопайдо шуд!

Не, Нигина магас нест! Кабутару кабки қафас ҳам нест! Вай алҳол оҳуи рамида асту аз шафоати дуои Момои Самарқандӣ, иншооллоҳ, оҳуи шергир мешавад ва барои ба дом афтондани ғазанфари нав ба дашту биёбону ҷангалистони дигар меравад. Зеро аз Хуҷанд бӯйи вафо ба машом намерасаду дар Бухоро шодию сафо падидор нест, аз Воруху Гӯрганҷ шиканҷаю ҷабру ҷафо ба гӯш мерасаду дар Самарқанд ба дарди дилу ҷигар дорую даво нест. Лоҷарам, барои табобати дарду ранҷи зоҳиру ботин табиб аз мулки дигар мебояд ҷуст…

Дар гузашта беморон ва ранҷурон таваллою зора мекарданд, ки «табиб аз мулки Искандар биёред». Ҳоло он шоҳи оламгир несту мулкаш ба дасти Хоразмшоҳ гузаштааст, ки худро Искандари сонӣ мехонад. Дар ин шоҳаншоҳӣ ҳама чиз ҳаст, ғайр аз табиби ҳозиқ ба дарди ошиқ! Пас, табиби дарди беморони ишқ куҷост? Наход дар мулки Чингиз бошад?

Нигина беихтиёр лаб газиду бо чашмони пуристеҳзо қиссаи хостгор шудани Чингизхон ва ҷавоби рад гардондани Хоразмшоҳро ба ёд овард. Вақте ин муомила аз даҳон ба даҳон гузашта, то гӯши Нигина расид, ҳазлу шӯхӣ пиндошта, «аблаҳе гуфту аҳмақе бовар кард» гӯён хеле хандид. Баъд ҳисси кунҷковии духтарона боло гирифту Шакархонум ва Саодатбегимро ба сӯҳбат кашид.

– Чингиз чӣ гуна одам бошад?

– Мегӯянд, ки мардест дарозболо, хушкандом, риштунук, гӯшбистар ва бинипучуқ. Номи аслиаш Темучин…

– Темуҷин будагист… Чандсола вай?

– Аз шаст гузаштагӣ.

– Як пояш дар лаби гӯр гӯед! Ин ҳамонест, ки ба рӯзгори пешин ҷодугарӣ мекард?

– Оре, ҳамон аст. Аҳли тиҷорат мегӯянд, ки то чилсолагӣ, интухин, ҷодугари баду бало буд…

– Агар ин подшоҳ ҳамон соҳир бошад, дар паҳлӯяш будан душвор корест…

– Гапат дуруст. Аҳли тиҷорат ҳам, интухин, мегӯянд, ки мухолифат бо Чингиз аломати гумроҳист, зеро вай, интухин, балои осмонист!

– Ба ин ҷиҳати масъала коре надорам. Ман гуфтанӣ, ки агар Темуҷин қудратманд гардад, ҳунар хор мешаваду ҷодугарӣ арҷманд…

– Чаро?

– Бозори шоирони ҷодусухан ва олимони ҷодубаён касод шуда, ду чашми ҷодуи ман аз кор мемонад.

– Ин хел нагӯ, Нигина! Ҳама медонем, ки Чингизхон дилбанди ишқи туст! Вай ба зулфи каҷи ту иқтидо кардааст, ки дар он ҳазор гуна банду занҷиру тоб асту ғоратгари ҷон ва дину дилҳост! Ҳама фитнаву офату бало аз зулфи фаттон сарчашма мегираду агар ин се ба ҳам даст диҳанд, ҳоли подшоҳи ҷодунажод дар се рӯз табоҳ мегардад….

– Вай, албатта, номусулмон аст?

– Пеш кофири мутлақ буд, ҳоло, интухин, бутпараст шудагӣ. Аҳли тиҷорат мегӯянд, ки дар замони Кучлуки кучук, интухин, аҳволи мусулмонҳои Қошғар табоҳ гашта буд. Интухин имрӯз дар он диёр масҷиду мадрасаҳо обод… Агар касе намоз хонад, интухин, Чингиз вайро боз надорад, валекин худаш сар ба саҷда набарад…

– Подшоҳи мо барин будааст. Мегӯянд, ки вақти мастӣ намозу саҷдаро фаромӯш мекунад…

– Баъди сармои Ҳулвон дилаш аз мусулмонӣ хунук шудагӣ. Агар ислоҳ нашавад, дил гувоҳӣ медиҳад, ки мамлакат аз дасташ меравад!

– Яъне ки ҳамаи мо аҳли ҳарами Чингизхон мешавем?!

Он рӯз ҳама аз чунин шӯхии густохона базавқ хандида буданд. Имрӯз бошад, масъала тобиши ҷиддӣ гирифта, Чингизхон ҷиддан ҳаводор ва харидори Нигина шудааст. Акнун чӣ бояд кард?

Ҷавоби аввалия аз эҷоди халқ баромад:

Пеши касе рав, ки талабгори туст,

Ноз бар он кун, ки харидори туст!

Агар ба ҳидояти ин байти машҳур амал кардан тақозои тақдир бошад, Нигина бояд ба суроғи шоҳи навқирони ҷаҳон барояд, ки худро шермарди замон меҳисобаду ҳавсалаи дидани наргиси шергири маликаи анҷумани ошиқон қалбашро беқарор кардааст. Агар ӯро ёбаду дилаш ба каф орад, дер ё зуд Маликаи олам мешавад! «Алҳақ, аз ин ширинтар достон нест! – ба дил ғурунгид Нигина. –Хостгории Чингизхон ҳадиси ниҳон несту вай пушту паноҳи бузург хоҳад шуд. Вале…

Шунидам, ки оташ бувад подшоҳ,

Ба наздики оташ кӣ ҷӯяд паноҳ?!

Яъне ба наздики Чингизхон рафтан бимнок асту ман чаро чун зарра саргардону сарсон шавам? Хубаш, дил ба рақсу наво машғул дошта, оринҷи Шамси Ҳола маҳкам қапида, маҳфилу маъракаҳои самарқандиёнро ободу хуррам гардонда, муддате чанд дар зовияи гумномӣ чун бунафшаи пажмурда сар ба зер афканда, сабр мекунам. Чун аз ҷониби шимол девбоди сахт ба вазидан шурӯъ кунад, дарахтони калонро меафтонад, биноҳои маҳкам ва кушкҳои баландро чаппа мегардонад, аммо ба гулу гиёҳи зайиф ва бунафшаи хамгашта зараре намерасонад. Он гоҳ, баъди хомӯш шудани тӯфон, аз худ дарак медиҳаму Чингиз агар хоҳад, маро арҷ гузорад!

Агар нахоҳад чӣ? Агар ягон зарра эътибор надиҳад, чӣ мешавад?! Ҳолдонҳо мегӯянд, ки аҳду паймони Чингиз лағжонак аст. Боре Камол Исмоил, аз забони падараш Ҷалолиддини Манкубернӣ гуфта буд, ки ба қавлу ваъдаи Чингиз эътимод кардан хатост, зеро корубори вай пайваста ба макру сеҳру афсун аст. Дар тасдиқи сухани худ порае аз номае хонда буд: «Чингиз мардест турушрӯй, талхгуфтор, бадхӯй, мардумозор, гадотабъ ва нопарҳезгор, ки айши мусулмонон ба дидани ӯ табоҳ гаштӣ… Ҷамъи писарони покизаву духтарони ҳурваши дӯшиза ба дасти ҷафои ӯ гирифтор, на заҳрои хандаву на ёрои гуфтор… Чингизи ғаддор гоҳ орази симини якеро тапонча задӣ ва гоҳ соқи булӯрини дигареро шиканҷа кардӣ»…

Нигина идомаи номаи махфии гумоштаро дар лавҳи хотир барқарор накард. Чунки ҳоҷат намонд: шоҳе ки гулдухтараконро тапонча мезанаду азобу шиканҷа медиҳад, инсон нест! Шоҳи ҳайвон асту сад ҳазор лаънати олам бар сараш борад! Агар ҳама оламро ба ӯ бахшад ҳам, сӯяш нимнигоҳе намекунад. Атои Темучинро ба лиқои Темуҷин бахшида, ҳадиси зиндагӣ ба ҳазрати Камол Исмоил мегӯяд, зеро ошно сухани ошно ба ишорате мефаҳмад ва расми бародарӣ нигоҳ медорад.

Ҷавонтарин шоири Хоразмро «Ҳазрат» унвон кардани Нигина беасос нест. Алҳол Камол сокини Бағдод ва беҳтарин шогирди Шайх Шаҳобиддини Сухравардӣ буда, бо ҳидояти ин олими мӯътабар ва азимушшаън, ки замоне ҳамчун сафири халифа Носир ба Ғӯрганҷ омада буд, ба мартабаи баланд расидааст. Набераи Хоразмшоҳ будани ӯро ҳама бузургони маркази хилофат медонанд, аммо ба эҳтироми падараш Ҷалолиддини Манкбурнӣ, ки порсоест салим ва некмарди ҳалим, ҳеҷ кас ин ҷавони далеру суханвару донишпарастро бо муомилаи сарду сахт озор намедиҳад.

Қабл аз сафари Бағдод ҳар ду сӯҳбати тӯлонӣ доштанд. Камол одоби муоширатро нигоҳ дошта, дар муқаддимаи сухан зулфи анбарин ва мӯйи ҷингила – гулолаи Нигинаро тавсиф кард:

Ҷаҳон шуд аз нафаҳоти насими мушкафшон

Чунон ки аз дами миҷмар гулолаи ҷонон!

Сипас, дар омади гап, аз шиддати ғазаб ларзида, ба сари халифаи ислом лашкар кашидани бобояш ва қатл шудани Шайхулисломро бо эҳсоси баланд шадидан маҳкум карду рафтору гуфтору кирдори Хоразмшоҳро ношоистаю новоҷиб ва нохирадмандӣ ҳисобид. Хиҷолат кашидаю ашк рехта, бобояшро сифлаю носипосу ҳақношинос хонд ва бо алам гуфт:

– Чун аз бобо ин гуна кирдор дидам, сари бахти вайро нагунсор дидам! Одатан, вақти пирӣ набера асои дасти бобо мешавад. Ман ҳам орзу доштам, ки даствораи подшоҳи олам мешавам. Дареғо, ки бобои мо орзуи ману дигар набераҳоро зери по кард:

Вақти қиём ҳаст асо дастгири мо,

Бечора он, ки кунад аз даствора по…

Нигина медонист, ки Шайхи Сӯҳравардӣ маҳз бо илтимоси Сайфи Исфарангӣ шогирди паровари ӯро ба шогирдӣ қабул кардааст. Аммо Шоҳаншоҳи олам «ин қазия бар хилофи ризои мо» гӯён набераашро танбеҳ додааст: «Шогирди вакили халифа шудан тариқи вафо ба мо нест, сахт бад кардӣ, зуд қафо баргард!» Инро шунида, шоҳзода Ҷалолиддин ба муҷиби зарурат миёнҷӣ шуда, падарро розӣ кардааст, ки барои гумоштаи бобо дар Бағдод шудани набера иҷозат диҳад…

Нигина тасаввур кард, ки Камоли Исмоил интизори ӯ назди воридгоҳи Бағдод чашм ба роҳ истодааст. Дарҳол боли парвоз ғундошту наздаш фуруд омад.

– Эй Нигина, салом. Хуш омадӣ ба меҳвари хилофат! Чаро чун пештара намехандӣ ва пар-пар намезанӣ? Туро чӣ расидааст, ки хомӯш менолӣ? Шоду хандон овоз барор, эй дӯст, ки дида ба дидор расид!

Нигина бо азоби алим, гиряолуд овоз баровард:

Ханда гар аз чеҳра накшояд гиреҳ,

Гиряам аз хандаи беҳуда беҳ!

– Гиряи бисёр офати дили зайиф аст, эй азиз! Бар ман бигӯй, ки чаро бефараҳӣ ва аз чӣ изтироб дорӣ? Нохалаф бошам, агар дар эдун лаҳзаи ҳассос худро ба канор гирам! Бифармо, ман дар канори ту…

Нигина чун каломи нарму самимӣ аз замири шоир шунид, худро ором дошта натавониста, ҳой-ҳой гиристу чор қиссаи пурмоҷарои достони ошиқонаи кабутари ҳарамро аз дӯстдориҳои Мирмалику ишқварзиҳои Хоразмшоҳ то ҳамлаи Узлоғшоҳу хостгории Чингизхон – ҳамаро мӯ ба мӯ ҳикоят кард. Меҳрварзию шеърҳои ошиқонаи андалеби Исфараро низ хотиррасон намуд. Сипас пайи ҳам чор савол дод:

– Илоҷи ин дарди тоқатфарсо чист? Тадбири халосии маро аз ин ҳалқаи сарбаста чӣ гуна мебинӣ? Роҳи ҳалли ин муамморо кӣ медонад? Кушояндаи ин қулфи сарбамӯҳр кист?

Камоли Исмоил лаҳзае андеша гуморида, ба чор саволи мусалсал яклухт ҷавоб гардонд:

– Илоҷи дарди ҳарина, тадбири халосӣ аз ҳалқаи сарбаста, роҳи ҳалли муаммои мушкилро фақат Худо медонад ва кушояндаи ҳама қуфли мазбут он Ягона аст!

Саҳеҳ фаҳмидӣ, эй азизи Худо?!

Дӯшизаи оқила ва рамузфаҳм бо аломати тасдиқ сар ҷунбонду гуфт:

– Фаҳмидам. Рӯ ба қибла, ки истодаам, дилам торафт рӯшан мешавад.

– Эй азизи Худо, фаҳмидам, ки азми сафари қиблаи ислом дорӣ. Ин хуб аст! Хеле хуб аст!! Қуръони арабӣ ва обидаҳои ватани ислом басо муқаддас ва рӯзирасон, олами арабият фарохмайдон аст. Агар бо сидқу сафо тоату ибодат кунӣ, мӯъминаи биҳиштӣ мешавӣ!

– Иншоаллоҳ ё раббил ъоламин.

– Агар сухан дуруст бигӯям, муаммою масъалаҳои туро дар Самарқанду Гӯрганҷ ба тӯли фикр натавон ҷамъ кардан ва ба зӯри хирад натавон ҳал кардан! Зеро инсони хокӣ натавонад об ба ресмон бастан!!! Фақат Офаридгори олам ба ҳама кор қодиру тавоност ва дар Каъбаи мукаррама туро аз чашми бадандешон дар амон медораду дар Мадинаи мунаввара ҳумои бахтро водор мекунад, то сояи худ аз сари ту барнагирад!

Эй Нигинаи азиз, зуд бош, ҳало!

Пунба зи гӯш дур кун, эй азиз, аз Каъба бонги наҷот мерасад!

Нигина бо нигоҳи шӯълавар ва дили мунаввар олами рӯҳониро тарк гуфту ба олами ҷисмонӣ омад ва бо чеҳраи нуронӣ аз ҷой хесту худаш ба худаш роҳнамо ва уқдакушо шуд:

– Эй Нигина, чун аз сирри ғайб воқиф нестӣ, навмед нашав, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст! Аз бозиҳои пинҳон дар паси парда эҳтиёт бошу пешомадро аз пешонӣ дон…

Домани андешаро қайчӣ зан ва ҷониби Каъбаи мукаррама зуд ба роҳ баро!

* * *

Нигина борҳо шунида буд, ки нияти нек ними давлат аст. Комилан дуруст будани ин таъбири мардумӣ рӯзи дигар бори дигар исбот шуд. Вақти субҳона вай ҳеҷ чиз нахӯрд ва Шакархонум ҳарчанд зораю зӯрӣ кард, ҳатто қатрае чой нанӯшид.

– Маро натарсон, духтар! – лаби ларзон ба шиква кушод Шакархонум. –Дина як рӯзи дароз як калима гап назадию, интухин, имшаб мижа таҳ накардию лом накафондӣ, ҳатто «шаб ба хайр» нагуфтӣ. Акнун аз ғизо даст кашидӣ. Интухин, ягон калима гап зан, то аз зиқӣ дилам накафад…

– Зиқ нашавед, ойтӣ. Мавҷи тӯфонхез беосеб гузашт. Акнун, иншоаллоҳ, ҳама кор хуб мешавад.

– Чӣ хел мавҷу, интухин, боз кадом тӯфон?!

– Гуфтам-ку, ҳамааш гузашт. Дар намози бомдод нияти ҳаҷ кардаму акнун маро мебояд ҳафтае рӯза доштан…

– Нияти хуб кардӣ, духтар. Интухин, Худо муродатро ҳосил гардонад! Маро ҳам мебарӣ?

– Ихтиёр дар дасти худи шумост, ойтӣ. Агар хоҳед, бо ман равед, агар хоҳед, ин ҷо монед. Ё ба Ғӯрганҷу Бухоро бармегардед?

– Аҳволи Ғӯрганҷ тағйир ёфтаву, интухин, бади бад шудааст. Дар Бухоро касе надораму бесарпаноҳам…

– Наход?!

– Ҳа, духтар. Як бенаво аёл ман. Бешавҳару бефарзанду, интухин, бекас. Як муштипари берӯзию бетӯшаю беному нишон… Дарахти беравнақи бешоху барг… Интухин, пули бесикка ман…

– Бас, ойтӣ! Ба шумо чӣ шуд?! Ман хоҳари шумо! Духтари шумо ман! Мо болу пари ҳамдигарем…

– Раҳмат, духтар! Илоҳо умрат дарозу дари бахтат кушода шавад! Интухин, ба муроду мақсад расию ҳар тарафе, ки равӣ, маро бо худ барӣ. Ҳамеша ман бо тую ту бо ман бошӣ…

– Ҳимматро баландтар гиред, ойтӣ! – бо ноз итоб кард Нигина. –Аз Худо талаб кунед, ки ман бо вай бошаму вай бо шумо…

Шакархонум ашки шодӣ бо нӯки қарс пок карда, «Вай кӣ бошад?» гуфтанӣ буд, ки дарро кӯфтанд. Хидматгор аз шикофи дар ба берун нигаристу бе ягон пурсиш ҳар ду табақи дарвозаро кушод ва шодона нидо кард:

– Язакҳо омадаанд!

Баъди ҳолпурсӣ сарязак бо садои нарму форам гуфт:

– Нигинабону! Ҳар чӣ зудтар тайёр шавед. Ба сафар мебароем.

– Куҷо меравем?

– Ба Хуҷанд.

– Ба Хуҷанд??! Чаро?!

– Бубахшед, ки ҷавоби қотеъ надорам. Ҳамин қадар гуфта метавонам, ки ба Хуҷанд рафтани шумо амри Шоҳаншоҳи олам аст…

* * *

Амри нави Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ чун ҳамеша номуқаррар ва ногаҳонӣ садо дод. Баъди ғалаба бар Ҷӯҷӣ дашти Турғайро бо душворӣ тай намуда, аҳли сипоҳу солорон дар шаҳрҳои Ҷанду Утрор ва Исфиҷоб серӯзӣ дам гирифта, аммо дар Банокат ҳамагӣ як шаб истоданду субҳи барвақт ба соҳили рости Сайҳун гузашта, дар сари дуроҳа ҷамъ омаданд. Аз ин гузаргоҳ – нахустин дарвозаи Мовароуннаҳр – ба шаҳри Самарқанд тавассути дашти Катвон роҳи наздик, аммо душворгузаре вуҷуд дошту як роҳи дигар лаб-лаби дарё аз шаҳри Хуҷанд мегузашт, ки нисбатан тӯлонӣ, аммо ободон буд. Тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳи наздик бояд бармегаштанд. Вале дар лаҳзаи охирин фикри подшоҳ тағйир ёфт ва солори лашкари худро ҷеғ заду фармуд, то бе шитобу ҷадал дашти Катвонро убур намуда, дар пойтахт ӯро интизор шаванд.

– Мо нахуст ба Хуҷанд меравем, ки коре ҳаст басо муҳим андар шуғли мамлакат, – гуфт Хоразмшоҳ ва фарзандаш Ҷалолиддинро паҳлӯи худ хонд. – Дар куҳандизе, ки қадамҷои Искандар аст, бо амирон, аркони ҳарбу ҷайши вилоёти марзӣ мушоварат ороста, сипас ҳамакаса ба Самарқанд меоем, то базми ғолибият ороем…

Амри подшоҳ бечунучаро иҷро гашту лашкариёни хос аз боди Сайҳун тезтар вазида, қабл аз ғуруби офтоб ба Хуҷанд расиданд. Кӯҳандизи кӯҳнаи аз замони Искандари Мақдунӣ боқӣ мондаро мардуми маҳал арки калон мегуфтанд ба ду маъно – қалъаи бузург ва ҷойи садрнишин. Хоразмшоҳ аз баландӣ муддате ба атроф чашм давонду табъи гирифтааш кушода шуд ва дар чеҳрааш аз хастагӣ осоре намонд. Бо нигоҳи пурмеҳр Ҷалолиддинро нигаристу хушҳол хитоб кард:

Vanusepiirang:
16+
Ilmumiskuupäev Litres'is:
10 veebruar 2023
Kirjutamise kuupäev:
2023
Objętość:
690 lk 1 illustratsioon
Õiguste omanik:
Автор
Allalaadimise formaat:
epub, fb2, fb3, ios.epub, mobi, pdf, txt, zip