Loe raamatut: «Нигина ва Мирмалик», lehekülg 31

Font:

Мирмалик ҳарчанд кӯшид ва овоз баланд барангехт, Нигина розӣ нашуд. Абрӯ дарҳам кашиду бо шиддати тамом гуфт:

– Ман мастурӣ ба тарсуӣ нафурӯшам! Агар зино мехоҳед, якбора ханҷар дар дилам занед!! Синаам бишкофеду коми дил ба даст оред!!!

Агар аз азоби рӯзи қиёмат натарсед, аз Худои азза ва ҷалла эҳтиёт бошед, ки ҳозир асту нозир асту қодир асту бино ва шунаво! Савганди шумо дар арши аъло шунида шуд. Аз савганди шумо Пири бузургвори мо огаҳӣ ёфтанд. Акнун то ақди никоҳ баста нашавад, лоақал як бӯса бар мо раво набувад!! Нею агар боз гарданшахӣ кунеду дасти таҷовуз дароз кунед, қасам ба Худо, худро бо заҳри ана ин нигини дастам мекушам!

Нигина даст ба даҳон наздик оварду гӯё ба сари Мирмалик як машк яхоб рехт. Саросема оринҷи ӯро маҳкам дошту бо табассуми тайиб сар ҷунбонда, дасти дигар боло бардошт ва сулҳомез гуфт:

– Ман таслим. Ҷонам тасаддуқи ту, эй ҷони ширин!! Бигзор гапи ту гапи ман шавад:

Дар риштаи ақд баста бошем,

То ҳар ду ба ҳам ҳуҷаста бошем!

Субҳи солеҳон пеши пойи Пири Бузургвор меафтам, то хутбаи никоҳи мо бихонад.

* * *

Шайх Маслиҳатдин, ки сар ба муроқаба105 фурӯ бурда буд, садри Хуҷандро муддате маътал дошту пас аз саломуалейк ба паҳлӯи худ шинонд ва бо табассуми обӣ гуфт:

– Аз ровиёни ахбор шунидам, ки ошиқони дидору гуфтори якдигар аз сари шаб то вақти хуфтан гулу булбули бӯстони Хуҷанд шудаед.

– Мо қарор кардем, ки то дами вопасин шодию ғам бо ҳам бинем…

–Бале, воқифам, ки баъди савганд ба сулҳ қарор афтод. Хуб кардед, ки зишту хуб аз ҳам ҷудою хайру шарр бо адлу хирад ҷо ба ҷо гузоштед ва ному номусро ба гӯшаи бешарафӣ наниҳодед. Ҳаргиз нахоҳам, ки ҳар ду ба нохубӣ дар ҷаҳон овоза гардед.

Донам, ки ту садри шергирӣ,

Бар оҳуи худ макун далерӣ!

– Ҳазорсола шавед, Пирам! Баъде ки маҳрами дил шудем, ба хулосае омадем, ки… маҳрами тан шавем…

– Маҳрамият борбардори нишоти офият аст! Ёрони ҳамранг ва ҳамсанг ҷуфти сазоворанду мо тартиби куфру имон ва ойини кешу насабро риоят карда, нияти хайри дилдодаҳоро ба анҷом мерасонем. Аммо на имрӯз! Як рӯзи дигар сабр мебояд…

– Чаро?

– Сешанбе нофи ҳафта асту барои никоҳ нофеъ нест, бахти нофарҷом ба бор орад. Аммо пагоҳ чаҳоршанбеи муродбахш асту рӯзи понздаҳум, моварои моҳи раҷаб – явмулистифтоҳ аст. Яъне рӯзи кушоиш талабидан, ибтидои амали нек. Дар ин рӯзи муборак дарҳои осмон ва Каъба барои қабули дуо ва арзу ниёз кушода мешаванд.

Маслиҳат ин аст, ки пас аз дидани рӯйи мубораки фарзанди нав ва иёдати модари азиятдида, ки чашминтизорӣ мекашад, бо чеҳраи кушод ташрифи шоирону дӯстонро муборак мехонӣ ва ба шукронаи тавлиди фарзанд шоиста зиёфат медиҳӣ. Зеро некӯӣ намудан ба дилҳо роҳ ёфтан асту дилнавозӣ кардан ба хушнудӣ шитофтан! Хушнудӣ ёри туву ёри ёри ту бод!

Равзанаи шашум. Мавҷу авҷи нағмаҳои булбулон дар сабқати як гулу сад харидор

Мирмалик монанди шамоли форами саҳарӣ аз соҳили дарё ҷониби маҳаллаи Мирзоён вазида, бо ҳадяи гаронбаҳо дили ҳамсарашро шод гардонду аз дидани ҷамоли навруста дили хеш фархунда сохт ва дояро низ инъоми навраҳон бахшид. Ин бевазанак аз табори Турконхотун, ки ҳамрикоби Ойчечак барои парасторӣ ба Хуҷанд фиристода шуда буд, чун соя аз дунболи кадхудо берун баромада, баъди арзи сипос бо оҳанги пӯзиш гуфт:

– Эй шаҳриёри муаззам, маро маъзур доред, ки ду-се даҳан гапи пароканда дорам.

Мирмалик хоҳиш пазируфт ва ба лаби кат нишаст.

– Хуб кардед, ки дили озурдаи маликаро бардоштед, эй соҳибкарам! Кадбонуи хонадонатон аз дирӯз дар хумори дидор ва гуфтори шумо чашм бар роҳ буданду дилтангӣ мекарданд…

– Шоҳаншоҳи оламро то сесӯ гуселонда, дер баргаштему аз аёдати шабҳангом ҳазар кардам.

– Шумо, ки дар мақоми баланд истодаед, ба ҳоли мо механдед? Кай ба Хуҷанд расидану дар ошёнаи Нигина чӣ кор карданатонро аллакай ними шаҳр медонад! Вақте малика фаҳмиданд, ки баробари шунидани номи Нигина ақл аз сар нақл карда, ба дигар ҷониб паридед, ончунон бошиддат гиристанду нолиданд, ки гумон кардем, дубора дарди зойиш азоб медиҳад! Аз чашми модари навзод он қадар оби ҳасрату надомат ба чеҳраи тифл шорид, ки гумон кардем, ба покшӯӣ ҳоҷат намонд. Сипас сад хор-хор дар ҷигари малика афтод ва аз синаи пурдард ҳамагӣ як ҷумла берун баромад: «Худоё, чашмаш намак гирад!»

– Чашми кӣ?!

– Чашми Нигина, ки некиҳои Ойчечакро дар Ғӯрганҷ фаромӯш карда, дар Хуҷанд бадбини малика шудааст. Илоҳо, ҳеҷ ба муддаояш нарасад!

– Дуои бад накун, хато бо узру ато ислоҳ кардем…

– Малика аз дошани шумо шод гаштанд, вале аз муомилаи шумо бо Нигина басо ғамноканд. Гуфтанд, ки баробари аз ҷойгаҳ хестан таҳонаро пури занбӯри сиёҳ кунонда, он раққоса он ҷо дароварда, то намурад, дарро намекушоянд.

– Ин қадар бераҳмӣ чаро?

– Барои он ки Нигина дар ниҳон тирагӣ бисёр дораду даҳҳо ҷавонмард ба доми тазвири вай уфтодагӣ… Табассуми ширини ин ишвафурӯш, ки садяке аз сеҳри чашмаш тӯшаи сад соҳир аст, кони намаки фитна аст. Худоё, ба боди бало дучор гардон ин беҳаёро!

– Агар ба айбҷӯӣ камар бастаӣ, чандон ки мехоҳӣ бигӯ. Лекин… фаромӯш накун, ки то дирӯз ҳамроҳи маликаат «Офарин бар дасту бозуят!» гуфта, Нигинаро ба осмон мебардоштед.

– Мо ба рақсаш мафтун ва ба ҳунараш қоилем. Дар Ғӯрганҷ ҳар гоҳе ба ҷилва ояд, насими остини вай димоғи моро мешӯронду бо ангушт шикан-шикан карданаш набзи дили моро пасту баланд мекард. Бо дастгирии Ойчечак онакалони бузурги мо ин раққосаи аз қаъри чоҳ баромадагиро ба авҷи моҳ расонд. Вале кӯрнамак будааст ин сойкелдӣ! Дар Ғӯрганҷ ба сари Узлоғшоҳ об рехту ба Хуҷанд омад, то теша бар решаи Ойчечак занад…

– Худат гуфта будӣ, ки Хоразмшоҳ вайро ба Хуҷанд овард, то ба никоҳи хеш дарорад…

– Ҳамин хел гапу калоча буд. Лекин ғар буданашро фаҳмида шоҳи олам ба рӯяш туф карда, партофтанду рафтанд. Акнун ки шоҳу шодгуна ба мисли офтобу шабнам шудаанд, ин фиребхӯрда шуморо фирефтан мехоҳад. Барҳазар бошед, ки ин кӯҳистонӣ дар миёни мо аҷнабист! Аз деҳа рондаю аз ақрабо монда, дар мулки Хоразм овораю дастибадаст вай! Бо андаке ҷамол бисёр мол ҷамъ оварда, «даст ба киса – ишқ ба дарвоза» гуфта, умри ҷавонӣ барбод медиҳад. Эй шаҳриёри муаззам, на нилуфар бувад ҳар гул, ки дар обдон бошад! Мочахар беҳтарин ҷули атлас пӯшад ҳам, хар аст! Вай як замон бо шумою як замон бо дигаре ҳамоғӯш мешавад.

– Наход??

– Бовар кунед, рост мегӯям. Яқин медонам, ки вай ҳоло ба Саъдӣ муомила дорад. Як олуда бас бошад, ки як шаҳр биёлояд! Бо гӯши худ шеъри шоирро шунидам:

Туро худ ҳар кӣ бинад, дӯст дорад,

Гуноҳе нест бар Саъдӣ муайян…

– Беҳтарин шоирони олам беҳтарин шеъри худро ба Нигина бахшидаанду бо як овоз мегӯянд, ки миёни нозанинон нозанинтарин нозанини нозукниҳод ва нозофарин ин шамъи мунаввари рӯз асту агар хоҳӣ, ки дар нимашаб офтоб бинӣ, аз рӯйи Нигина ниқоби гулбарг фурӯ гир!

Доя бо таассуф сар афшонду писхандомез гуфт:

– Ҳазор афсӯс, ки шумо фақат нақшу нигори товусро таҳсин мекунед, вале пойи зишту ифлосашро намебинед…

– Эй гаранг, зебу фари товус аз пари товус асту ин парандаи зебо майдасолори кабутари ҳарам! Ифтихор дорам, ки ин навниҳол сарви хиромони ман аст!!

– Ҳоло ба об нарасидаед, чаро мӯза мекашед? Эҳтиёт бошед, ошноӣ бо кафтараки тардоман хатар дорад!

– Сухан ба оҳанги таҳдид чаро?

– Вақте маликаи гиромӣ аз омадани Нигина воқиф шуданд, моро фармуданд, то ба унвони Турконхотун таъҷилан нома фирис- тем. Мо навиштем, вале маълум шуд, ки Худованди олам аз қазияи Нигина огоҳанд ва барои сайди оҳуи гурезпочик ба Хуҷанд шикорчӣ роҳӣ карда, чунин гуфтаанд: «Савганд хӯрдаам, ки нахандам, то замоне ниқори Узлоғшоҳ ситонда нашавад!» Ин амри махфиро барои он ошкор сохтам, ки сухани дӯстонаи маро таҳдид гумон набаред ва бори дигар хоҳиш мекунам, эҳтиёткор бошед…

– Хидмати ту арзандаи подоши олист!

– Ба ростӣ? Чаро?

– Валиаҳди гиромӣ дирӯз маро вазифадор карданд, ки кабутари ҳарамро аз чанги Чингизхон ва дигар бадхоҳон мисли гавҳараки чашм ҳифз намоям.

– Инаш барои ман гапи нав асту акнун масъала ранги дигар мегирад. Шумо, ки тахт дореду кӯлоҳ дореду насаби пок ва зани хуб, нек биандешед, ки кадом амр бароятон муқаддам аст? Ба модари шоҳаншоҳи олам мадад мерасонед ё халал?!

– Гӯши ман фақат як амр шунидаасту фармонпазирам. Аз арбадаи Узлоғу хурӯши модаркалонаш бехабарам ва амри вайро аз паси девор шунидам. Аммо сухани туро баръало шунидаму кӣ буданатро донистаму ҳушдор медиҳам, ки забон аз ғайбати покон кӯтоҳ дор, то умрат дароз шавад!

Ба ҳурмати тифли навзод имрӯз нармдилӣ карда, дояи вайро сазовор ҷазо намедиҳам, вале агар торе аз мӯйи Нигина кам шавад, аз худат гила кун! Фаҳмидӣ?

Дояи гунаҳкор пеши пойи шаҳриёр зону зада, узр пурсиду тавба кард ва сархам ба хидмати тифлу модари навзод шитофт. Мирмалик ба дарбон ҳушёрию зиракиро таъкид намуда, чун ба дорулҳукумат расид, аввал доруғаро ҷеғ заду фармуд, ки ду нафари мӯътамадро оҷилан ба кошонаи Маҳастӣ фиристад, то Нигинаро ноаён таҳти назорат ва ҳимоят гиранд. Сипас муддате ба ҳаллу фасли он муҳимоти ҳукумат машғул шуд, ки бинобар ташрифи Хоразмшоҳ мавқуф гузошта буд. Яке «Нигина бо Саъдӣ муомила дорад» гуфтани доя вайро бесаранҷом карду дилаш ғаш хӯрд. Корро чала монда, сӯи кошонаи Маҳастӣ шитофт. Дид, ки Нигина ҳамроҳи Шакархонум ва марду зани ношиносе дар суфакати мобайни ҳавлӣ нишаста, шеърхонии олуфтамардеро бодиққат гӯш мекунанд.

Ҷумлаи таърифии Зиёи Хуҷандӣ аранге ба хотираш омад: «Саъдӣ мардест бофарру хушком, далеру густох, бузургманишу бовиқор, ҷаззобу хурӯшон ва ширинзабон, шеъри баланду нигоҳи мӯшикоф дорад, аммо лӯъбатбозу майгусор…»

Аз дигар орифони Хуҷанд низ дар хусуси табъи баланду ҷамоли нутқ ва ҳусни фасоҳати ин шоири тавонои Аҷам тавсифи бисёр шунида, медонист, ки дар фазлу камолаш соҳибқаламони олам муттафиқанд. Бар замми ин, аз дишаба суханҳои шӯълавари Нигина фаҳмид, ки ба сурату сирати зебои андалеби Шероз бисёр соҳибҷамолон низ дилбохтаанду гули хуштаровати Ворух дар моварои онҳост ва аз ҳамин сабаб Пири бузургвори Хуҷанд вақти гусел ин шоири ширинкаломро андалеби шайдо номид, яъне рақиби шаҳриёр ҳисобид, вале эҳтирому бузургдошти меҳмонро дубора таъкид кард:

– Дар шаҳри қадимаи мо, алҳамдулиллоҳ, арбоби донишу ҳунар бисёранд ва ташрифи ҳар соҳибдиле тимсоли Саъдӣ боиси хуррамии мост! Зеро чунин меҳисобем, ки агар Хуҷанди ободон арӯси ҷаҳон бошад, арбоби накӯном зару зевари тирозанд. Замоне ки гулзори табиатро айни шукуфтану сабзидан аст, ба шукронаи қадами мубораки азизон ба хидмат камар чуст бояд баст…

Мирмалик омадани худро ошкор накарда, ба шеърхонии Саъдӣ гӯш андохт:

Эй гули хушбӯй, агар сад қарн бозояд баҳор,

Мисли ман дигар набинӣ булбули хушгӯйро!

Нигина гули дасташро афшонду фазоро муаттар гардонд ва бо ноз «булбули хоболуд бахти бедор надорад!» гуфт ва афзуд «Эй булбули хушгӯй! Ҷавонмард бояд дар маҷлиси муҳоварат106 хушгӯй бошад, аммо дар маҳфили муошират107 хубрӯй!»

Аз ин гап булбули Шероз карахт шуд:

– Аҷаб лутфи латифе! На ҳар кас ба каломи мавзуни Саъдӣ эрод мегирад.

– Интухин, ягон шеъри нав доред? – пурсид Шакархонум.

– Албатта. Нахуфта шаби дароз андалеби хушгӯй аз мағзи ҷон ғазале суфт барои Нигина:

Маро ту ҷони азизиву ёри мӯҳтарамӣ,

Ба ҳар чӣ ҳукм кунӣ, бар вуҷуди ман ҳакамӣ!

Ғамат мабоду газандат мабоду дард мабод,

Ки мӯниси дилу ороми ҷону дафъи ғамӣ!

Надонам аз сару поят кадом хуштар аст?

Чӣ ҷои фарқ, ки зебо аз фарқ то қадамӣ!

Ту – мушкбӯйи сияҳчашмро кӣ дарёбад?

Ки ҳамчун оҳуи мушкин аз одамӣ бирамӣ.

Каманди Саъдӣ агар шери шарза сайд кунад,

Ту дар каманд наёӣ, ки оҳуи ҳарамӣ!

– Чизе, ки навиштаед, эй шоир, ғазал нест интухин, каломи мӯъҷиз асту каромат! – аҳсант хонд Шакархонум. – Дардномаи муҳаб-бат асту қалби ҳар ошиқи асилро меларзонад. Нигина чӣ посух дорӣ, интухин, ба шоир?

–Чанд бор гӯям, ки ман оҳуи ҳарам не, маро дигар товусу кабутару кабк ном набаред. Мехоҳам, як бонуи хушбахт бошаму некном аз сӯҳбати некон шавам.

Саъдӣ мутааҷҷиб шуда, пурсид:

– Рақсе, ки дар ҳама ҷаҳон достон гаштааст, чӣ мешавад?

– Инашро аз садри Хуҷанд пурсед, ки валиаҳди Хоразмшоҳ тақдири кабутари ҳарам ба изни эшон гузоштааст

– Шоҳзода кабутар ба дасти ғазанфар супорид?!

Нахо-од??! Аҳсано ва ҳам… вовайло!

– Афсӯс нахӯр, шоир! – Мирмалик чобук худро ба нишастангоҳ расонду баъди саломи урфӣ даст пеши бар гузошт: – Хайра мақдам, эй меҳмони гиромӣ! Кабутари ҳарам адо, дигар ҷавлон намезанад.

– Чаро?

– Барои он, ки мо хоҳем – нахоҳем ҷанг бо муғул дар пеш асту маҷрои зиндагӣ куллан дигар мешавад ва ҳама рақс бо шамшер мекунанд.

Саъдӣ дарҳол байти муносиб қофия баст:

Ин бор на бонги чангу дуҳул аст,

Ин бор масофи шеру ҷанги муғул аст.

– Шеърат ҳақ асту рост, эй шоири бузургвор!

– Ба худам ҳам писанд асту кайҳо боз як уқдаро кушодан мехоҳам: ту, ки паҳлавонмарди Аҷам будию дар санъати куштӣ гирифтан ба сарӣ омада будӣ ва сесаду шаст банди фохир донистӣ, чаро марди ҳарбанда шудӣ, ба амирии Хуҷанд чун афтодӣ ва чаро номатро ба Темурмалик гардондӣ?

– Худат медонӣ, ки нозу неъмат бе озору меҳнат нест, эй шоир! Бисёр хизмат кардам, то ин дараҷат ёфтам. Ба рӯзгори ҷавонӣ дар як зӯрозмоӣ даҳ паҳлавони туркро ба пушт хобонда, аз садри қарохонӣ Темурмалик лақаб гирифтаму Хоразмшоҳ ин лақаб ба лафзи хоразмӣ гардонда, Дамир Малик гуфт ва подоши хизматҳоям вилоят дод. Бо писараш Ҷалолуддин аҳди бародарӣ дорем..

– Ба ман гуфтанд, ки дар Хуҷанд Хоразмшоҳ сару чашми Ҷалолуддин бибӯсид ва дар канор гирифт ва ҳар рӯзаш назар беш кард, то валиаҳди хеш кард…

– Бале, додархонди ман ҷойнишини подшоҳ! Умед дорам, ки акнун Саъдии ширинсухан номи Мирмалик ба ҷаҳониён машҳур мегардонад…

– Ғазали мадҳу қасидаи тамаъ гӯям? Ҳаргиз! Саъдиро шараф бар зар набошад! Лекин ту, эй садри Хуҷанд, шароб хӯру тараб кун, ҳукм фармою хандон зӣ, ки Саъдӣ бароят насиҳате мегӯяд:

Эй Мирмалики одилу солори сарварон,

Холӣ мабош як нафас аз ҳоли кеҳтарон!

Бедор бошу маслиҳат андешу хайр кун,

Дарвеш даст гиру хирадманд парварон.

Некахтарон насиҳати Саъдӣ кунанд гӯш!

Гар бишнавӣ, сабақ барӣ аз саъдахтарон.

Бодо ҳамеша бар сари умрат кулоҳи бахт,

Дар пешат истода камарбаста ахтарон.

То он гаҳе, ки пайкари моҳ аст бар фалак

Холӣ мабод маҷлисат аз моҳпайкарон…

– Илҳоми ту ҳамеша масъуд ва эҷодат доимо маҳмуд бод, эй шоир! – гуфт Мирмалик ва аз бодому писта мағз бароварда, назди Саъдӣ гузошту гуфт: – Эй шоири рамузфаҳм, ҳар қадар аз ишқи гулрухону зулфи парешон сухан гӯем, кам аст. Лекин хуб мешавад, агар доираи сӯҳбат васеъ гардонем ва ёрони меҳрубон ба ҳам орем, то ҷамъияти дӯстон парешон нашавад.

– Нияти хуб, вале амри муҳол аст ин! Дер ё зуд мо ҳар кадом дунболаи кори хеш мегирем ва дар ақсои олам пароканда мешавем. Аз ҳама пеш ман меравам:

Саъдӣ, ту бирав, хайма ба гулзори дигар зан,

К-ин меваи боғи ту ба тороҷ расидаст!

– Алҳазар аз тороҷ, эй шоир! Ман ғоратгар наям ва ҳама кори имконпазир ба ҷо меорам, то шоири маҳбуби мо болидарӯҳ бошад. Хуҷанд маъвои нозанинҳои олам асту беҳтарин дилбари дилнавоз, бути қандлабу моҳи ишвагари Тироз ба андалеби Шероз пешкаш мекунам.

Саъдӣ бо лаби хандон гуфт:

– Бигӯям: Ин ҷо парирӯёни нағзанд.

Чу гил бисёр шуд, пилон билағзанд!

– Бигзор пилон билағжанд, эй шоир, аммо андалебон чаҳ-чаҳ зананд, рақсанду ханданд ва ба коми дил расанд! Имшаб афсонабоғи Исток ба қиблаи дӯстони муштоқ табдил медиҳем, чандон ки матлаби дили ошиқон бошад, гулпариҳои Сайҳунро ҷамъ меорем, забони барбату рубоб, дарёи шарбату шароб ва лаззати кабоб ба дарозо мекашем!

Биё, соқӣ, дар ин базми тарабхез

Мае дар ҷоми ошиқмашрабон рез!

Мекӯшам, то меҳмондорӣ табъи дили ту шавад!

– Тарсам, ки нашавад.

– Чаро?!

– Ин пурсиш гарон расад ошиқи дардмандро! Росттарин ва некӯтарин посухи шоирона эдун аст, ки ҳолиё ҳам тозарӯям, ҳам хиҷил, ҳам шодмон, ҳам тангдил…

– Мағзи посух дарнаёфтам…

– Тозарӯям, ки Нигинаро ёфтам. Хиҷолат мекашам, ки ёфтаро бохтам – ҳар ду забардастем, аммо дар ин шаҳр ту ҳокиму ман ғариб… Шодмонам, ки дӯстонро гирди хони шоҳона ба ҳам меорӣ, аммо тангдил аз онам, ки сӯҳбати мо оё дӯстона мешуда бошад?

Дилам то ишқбоз омад, дар ӯ ҷуз ғам намебинам,

Дили беғам куҷо ҷӯям, ки дар олам намебинам!

– Мағзи сухани шоирро ана акнун пӯстканда мебинам. Лекин… гумон мекунам, ки ба рӯйи нозанин бо меҳр нигаристан ҳеҷ касро гуноҳ набошад. Агар барои як нозанин миёни Хоразмшоҳу Чингизхон кашмакашу адоват авҷ мегирад, байни мо ишқ асту муҳаббат асту дигар ҳама ҳеҷ!!

– Ташаккур, эй садри Хуҷанд, ки маро аз ҳолати ғариб берун овардӣ. Дилпур шудам, ки фарҷоми дӯстии андалебу кабӯтар ва ғазанфар ҷазир нашавад. Фақат… шиори маро асло фаромӯш накун:

На ба шутуре саворам, на чу хар ба зери борам,

На Худованди раъият, на ғуломи шаҳриёрам!

– Фаромӯшхотир нестам ман ва ба ҳеҷ ваҷҳ дили шоире озурда насозам, эй дӯст! Ҳеҷ гоҳ густохию дуруштӣ накунам ва мардона нигарон шавам, ки малак чашми ризову марҳамат ба кӣ боз мекунад… Ҳокимам, аммо ҳар чӣ дӯст фармояд, он кунам!

Эй Бузургвори Аҷам! Ҳарчанд малак азиз асту хони малик лазиз, мехоҳам ҳамсони Сайфуддин бо ту бародарӣ кунам…

* * *

Гулбоғи зебо ва хушҳавои Исток дар канораи Сайҳун зиёфатгоҳи писандидаи шаҳриёрони қадиму ҷадид маҳсуб меёфт. Онро бо амри Мирмалик аз нав озинбандӣ карда, барои фароғату дилхушӣ, аз ғам пардохтану ба ҳам дарсохтани гулрухону булбулон кулли асбоби истироҳатро муҳайё сохтанд.

Илҳоми шоири истаравшанӣ Шарофиддин дарҳол ба ҷӯш омад:

Канори обу сояи гулбеду гӯшаи боғ

Хуш аст бо санами зебо барои фароғ!

Саъдии хушилҳом бадоҳатан ҷавоб гардонд:

Имшаб, ба ростӣ, шаби мо рӯзи равшан аст,

Иди висоли дӯст алорағми душман аст!

Ин мазмун дар пешгуфтори шаҳриёр возеҳ таъкид гардид:

– Дар анҷумани мо ҷамъе аз арбоби нутқу маънӣ ва хираду ҳикмат нишастаанд, ки ҳама булбулони рӯҳанд. Эшонро сад салому дуруд ва хидмату ҳурмат аз мост. Устодони номбардори Хуҷанд, ки дар хунёгариву мутрибӣ ва пойкӯбию лӯъбатбозӣ чирадастанд, ҳама анвои рақсу суруд ва наю руд омода сохтаанд, то бо камоли ҳунар ҷамоли дӯст мунаввар гардонанд. Ҳаббазо барбату чанг, ҳаббазо суруду оҳанг! Ҳаббибзо андалеби Аҷам Саъдии Шерозӣ!

Ҳафт кишвар намекунанд имрӯз

Бе мақомоти Саъдӣ анҷумане!

Аҳли маҳфил бо нидоҳои тасдиқӣ ишораи шаҳриёрро дастгирӣ карданду Саъдӣ бе ҳеҷ муқаддима дурри шоҳвор аз даҳон афканд:

Бомдоди ошиқонро шом нест,

Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест!

Аҳсант туро, эй шаҳриёр, ки се рукни асосии маҷлиси шоирону ошиқон – рубоб, кабоб ва шаробро фароҳам овардӣ. Дар вилоят дигар касе қудрат ва ҳиммат надорад, чунин базм биёрояд! Мо ҳама меҳмони туем ва икроми мусофир воҷиб аст. Мо имшаб ҳақ дорем, ки Даҷла-Даҷла бинӯшем…

– Як Сайҳун кифоя нест магар?

– Фақат барои сарсабзии ту оби як Сайҳун басанда асту ба дигарон чӣ мерасад?

З-андоза берун ташнаам, соқӣ, биёр он обро,

Аввал маро сероб кун в-он гаҳ бидеҳ асҳобро!

Байти шаробӣ барои хонсолору соқӣ, обдорон ва пешхидматон ишораи саҳеҳ гардид ва ҳама ба ҷунбуҷул даромаданд. Мири тараб бо нидои «Аз навои чангу барбат базми мо холӣ мабод!» Зиёуддини Форсиро ба шеърхонӣ водор карду Абдуҷалилро ба танбӯрнавозӣ. Собирхон оҳанги дилхурӯш навохту Насиба чангро ба наво овард ва Қутбия ба ҷилва омад. Хонсолор лаҳза ба лаҳза такаллуфи дигар мефармуду моида108 аз нозу неъмат пур мегардонд.

Майдеҳ ва майдасолорҳо дар байни давранишастаҳо мокувор ҳаракат карда, дар навбати аввал мо–йуҳтоҷи Нигинаву ҳамроҳонашро муҳайё менамуданд, ки ҷойгоҳи алоҳида доштанду шаш нафар буданд: дар тарафи чапи Нигина ду шоираи соҳибҷамоли хуҷандӣ – Зебою Раъно чеҳра меафрӯхтанду аз тарафи чап Шакархонум ва Соҷидаю Обида – ду канизаки аз хидматгорӣ озодшуда боғ-боғ мешукуфтанд. Аммо нишемангоҳи ду баробар бузургу музайян ба шоирон тааллуқ дошту тахти садри Хуҷанд ва авранги садри маҳфил дар мобайни гулбоғ мисли ҷуфти ахтари тобон ба назар мерасид.

Мирмалик ва Саъдӣ аз табақи булӯрин чанд дона зардолуи қандак хӯрданду чеҳраи шоир мусаффо гашт:

– Мебинам, ки малики арҷманд фармудааст он чӣ мақбули мост, муҳайё доранд, то ба дилхушӣ вақт гузаронем…

– Бале, имшаб ба сад меҳр меҳмонпарастӣ кардан матлаби мост. Сад ҷони мо фидои шоири некуниҳод бод, ки ӯро Худованд ба хуҷандиён расонд! Мардуми дилташна ҳар чӣ бештар аз давлати сӯҳбати пурфайз баҳра бурдан мехоҳанд.

– Ман чӣ? Шоири хушдили беёр, ки марди сафар аст, дар ин ҷаннатмакон аз киву аз чӣ баҳра бардорад? «Шунидан чу дидан набошад дуруст» гуфтаанду агар имкон ва иҷозат бошад, кабутари ҳарам чашму дили маро лоақал бо ҳунари волояш мунаввар созад …

– Агар илҳомаш ояд, албатта ба хиром меояд. Аммо илҳоми Зебои Хуҷандӣ аллакай ба хурӯш омада, ки шоираи некусухан асту паричеҳраи покдоман…

– Ба дурустии сухани шаҳриёр шак надорам. Зеро аз покдоманон ҳусн ҳаргиз парҳез накунад. Дил гувоҳӣ медиҳад, ки ба истиқболи ман аз соҳили Сайҳун бахти шабафрӯз меояд:

Имшаб, ки ҳузури ёри ҷонафрӯз аст,

Бахтам ба хилофи душманон пирӯз аст.

Гӯ, шамъ бимиру маҳ фурӯ шав, ки маро

Гар Зебо дар канорам аст, рӯз аст!

Мирмалик бо ишораи ангушт шоираро пеш хонд. Бонуи нозукхиром бо ҷилваи ҳарифафкан мавзун ба миён омаду бо чашмони махмур Саъдиро нигариста, табассуми маҳтобӣ ҳадя кард. Ба шоири гулназар илҳом аз мағзи ҷигар омад:

То кай, эй Зебо, дили ман бори танҳоӣ кашад?

Тарсам, аз танҳоӣ аҳволам ба расвоӣ кашад!

Сарвболои мано, гар чун гул оӣ дар чаман,

Хоки поят наргис андар чашми биноӣ кашад.

Рӯи тоҷиконаат бинмой, то боғи ҳабаш

Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад.

Шаҳд резӣ, чун даҳонат дам ба ширинӣ занад,

Фитна ангезӣ, чу зулфат сар ба раъноӣ кашад.

Саъдиё, дам даркаш, ар девона хонандат, ки ишқ

Гарчӣ аз соҳибдиле хезад, ба шайдоӣ кашад!

– Дар ин маҳфил ягона шердил шумо будаед, эй ҷавонмарди асил, хаста набошед! – гуфт бо лутф Зебои лаззатёфта ва қадаҳи гулфом аз дасти Саъдӣ гирифта, ба канори хонтахта ниҳоду бо овози ширадор шеъри ҷавобӣ хонд:

Эй ҳусни юсуфӣ зи ҷамоли ту як асар,

Ҳастӣ зи ҷумла сарвқадон сарфарозтар!

Тубову сарву ар-ару шамшоду исток

Бар гил зи ҳасрати ту фурӯ рафта то камар.

Бар хубиву назокату рафтору хулқу ҳусн

Мислат назода модари гетӣ дигар писар!

Зебо зи килки хомаи мушкин рақам кашид,

Бинвишт васфи қомати Саъдӣ ба мушки тар…

– Офарин бар забони ширинат, эй гули Зебо! Пештар биё, эй зебопарӣ! Дили ман ҳар чӣ хост бар ту, ту ҳамон баҳри ман хостӣ. Ишваи чашмони ту маро ид болои ид аст. Пештар биё, эй ҷон! Биё!! Эй ҷон, биё!!!

Ба ҳамдигар часпидану печидани шоир ва шоира аз назари Нигина пинҳон намонд. Ягон баҳона меҷуст, то аз ҷой хезаду ба меҳрубонию лутфи хуш Саъдию Зебои сармастро ҳушёр гардонад. Чун ҳамеша андалеби Исфара саривақт ба имдодаш расид. Сайфуддин пешопешу Шамси Ҳола аз қафо ба гулбоғ даромаданду бо нидои «Дӯстон, салом! Мо омадем!» диққати ҳамагонро ба худ ҷалб карданд. Мирмалик баробари дидани Сайфуддин бағал кушода, ба пешвозаш шитофт:

– Марҳабо, бародар, марҳабо! Хуш омадӣ, андалеби Исфара!

Саъдӣ ҳам ёронро мисли хуршед истиқбол гирифт:

Ду ҳамҷинси деринаи ҳамқалам,

Марҳамат намоед якҷо ба ҳам!

Нигинаро низ дар пояш тоқат намонд ва ба пазира иқдом кард. Хоҳарона «Аҳмад-ако, салом!» гуфту сано хонд. Муддате як моҳу се ситора дар мобайни гулбоғ нурафшон истода, ба якдигар дурру гуҳар фишонданд. Саъдӣ дарҳол ба хурӯш омад:

Аз ин маҳпораи обидфиребе,

Малоиксурате, товусзебе.

Ки баъд аз диданаш сурат набандад

Вуҷуди порсоёнро шикебе!

Нағмасароёни маҳфил аз таъсири бадеҳа ба ҳолати самоъ баргашта, чангу рубоби хуш заданду гулдухтарони муғанния «Мақоми Хуҷанд» оғоз карданд. Овози таҳсин аз ҳар ҷониб баланд садо доду шӯриши дил Нигинаро ба хурӯш овард ва ҷалолу ҷамолу ҷилваи зебо базмафрӯзи зиёфат шуд. Бадри хушхироми мунир бо нигоҳи гарм ва ғамзаи чашм дилҳои парешонро атрофи сарви баландболо гирд овард. Се андалеб гирди моҳ ахтар шуданд. Нигина ба ваҷд омада, чунон фаттон рақсид, ки ҳамагон хира монданд ва саноҳо хонданд, аммо касеро ҷуръати дастафшонӣ набуд.

Нигина фаҳмид, ки интихоб ва таҳрик аз ӯст. Бо ишораи абрӯ садри олимақоми шаҳри азимро шефта гардонду ба самоъ овард ва марду занро ба по хезонд. Зебои Хуҷандӣ, ки мисли Нигина хушрӯй буд, бетоқат шуда, шӯхрӯй гашту андар зулфу гесувон абиру мушк пошида, дастпонаи зевар дар бозувон андохту мастона ба хиром омад ва Саъдиро ба рақс даровард. Шоири болидарӯҳ дар атрофи гули худрӯй бошавқу шӯр давр гашта, беист чаҳ-чаҳ мезад:

Дил зинда мешавад ба умеди вафои ёр,

Ҷон рақс мекунад ба самои каломи дӯст…

Рақси ду ҷуфти ҳамболу пар ба муддаои дили ҳамагон анҷом ёфт. Аммо садри маҳфил бонувонро иҷозаи рафтан надоду ба нишастангоҳи шоирон шинонд ва ба садри Хуҷанд рӯ овард:

– Дар Шерозу Исфаҳон сӯҳбати аҳли дил чунин аст, ки ҳар яке бо навбат суханҳои ширину рангин ва байту ғазали дилнишин мегӯянд ва бо ҷуфти хеш ҷуръае менӯшанд. Ин ойин ба ранги маҳфили хуҷандиён мутобиқ аст ё номувофиқ?

– Ҳар чизи хубу олӣ – табъи дили хуҷандӣ! Навбати аввал аз кӣ?

– Бузургсоли мо Шамси Ҳола байни чор Шамси Самарқанд аз ҳама болобаланд аст:

Самарқандро гирифтӣ ба шеъри хуш, эй Шамс,

Биё, ки навбати Хуҷанду вақти Исток аст!

Шамси Ҳола, ки қиссаи занковии худро дар Самарқанд ба Нигинаю Шакархонум баён карда буд, бо илтиҷо гоҳ ба Саъдию гоҳ ба Шакархонуми бухороӣ нигариста, байти тозаэҷод бо пешгуфтор пешниҳод кард:

– Эй шоири аҷаллаи афзали акмал! Ошиқу маъшуқа ҳар ду хоҳарзодаи мананду модари ман холаи онҳо. Илоҷе дарёб, то дуои модар мустаҷоб гардад ва аҳди нигоҳ ба ақди никоҳ табдил ёбад:

Ба маҳбуби дили худ бастаям аҳд,

Ки пош созам ганҷу зар ба як ақд!

Ҳама ба назари кунҷковӣ Шакархонумро нигаристанду вай бо овози ларзон гуфт:

Ман меваи хоми сояпарвард наям,

Пинҳон аз чашми Шамс ҷаҳонгард наям!

Ҷавоб ба Саъдӣ писанд омад:

– Оре, лаззати ангур бева донад, на худованди мева! Эй соқӣ, май маёвар, аз он биёбар, ки май аз вай ҷӯш кард!

Бо ишораи хонсолор ду ҷавони озодаю олуфта кӯзаю ҷом оварданду турунҷу биҳии покизаву реза ва бо таомули хуҷандӣ андак-андак ба қадаҳҳо майи гулфом рехтанд. Ситораи паррон ва нурафшони маҳфил, ки тоҷгули шукуфтаи арғувониро мемонд ва бо анвои зарофат доди суханварӣ медод, дарҳол эрод гирифт:

– Чакрае шароб дар қаъри пиёла чун қатрае хун дар дили афсурда аст, эй шабоб. Бе май чӣ нашъа хезад аз дидани пиёла?!

– Тарсам, ки маст нашавед…

– Шоирро бо се-чор қадаҳ маст кардан амрест муҳол! Ба шоир май гаронбор бояд дод, то сабукбор шавад:

Ғофилон аз зиндагӣ – мастони хоб,

Зиндагонӣ чист? Мастӣ аз шароб!

Чун қадаҳҳо холӣ шуданд, ровии базм даст ба китфи Шарофиддин расонда, аммо чашм аз Соҷида наканда, гуфт:

– Шамси Ҳола духтари хола дарёфт. Акнун навбати бародари истаравшании ман, ки дар роҳи Хуҷанд дурдонае дид басо пурҷилою хушнамо. Шод гаштам, ки на бо бегона, балки бо ин дурдона рақсид ва чархид ва хурӯшид…

– Олуча ба олу нигариста ранг мебарораду шогирд аз устод ишқбозӣ ёд мегирад, – Шарофиддин, ки май гарон нӯшида буд, беандеша ба гап даромад: – Иқшварзии булбули Шероз дидаму ҳавасам омаду «аз карнайча як пуф» гуфтаму боз гуфтам, ки

Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,

Кабутар бо кабутар, ғоз бо ғоз…

– Ғоз не, боз! – луқма партофт Шамси Ҳола.

– Эй ошно, ёд нате! Ту гап задӣ, ман ҷим шиштам. Ту ҳам ором шин, ки гапам гум шуд. Ман гуфтанӣ будам, ки… решаи номи Соҷида «Соҷ» аст, яъне номи дарахт, балути ҳиндӣ. Лекин… мо истаравшаниҳо мурғи кунҷитхӯракро соҷ мегӯем… Не, ин хел не… Ман гуфтанӣ будам, ки ун дилбанд аз кокули дарозаш ба дилам банд андохт… Обу адо шудам… сар ба замин ниҳода, соҷид шудам, лекин шеър гуфтан наметонам…

Шамси ширакайф хост ба Шароф ягон шеъри ишқӣ интиқол диҳад, ранҷиду дӯғ зад:

– Эй ошно, боз мегӯям, ки ёд нате! Ман ҳам шоир!

Шоире Соҷид шуда, тан чун ҳилол

Духтари ошиқшуда бар вай ҳалол!

Ҳама қоҳ-қоҳ заданду Соҷида ҳам базавқ хандид ва нимғурма гуфт:

– Ман духтараки шаҳрӣ нестам, ки шарму ҳаё надонам. Аз Анварӣ як байт медонам:

Эй бародар, ишқ савдое хуш аст,

Дӯзах андар ошиқӣ ҷое хуш аст!

Маҳфилиёни сабукбол офарин хонданду Саъдӣ бо нигоҳи меҳрполо Сайфуддини Исфарангиро нигарист:

– Агар Фарҳодро ҳосил нашуд пайванд бо Ширин, шукрона мегӯям, ки ду ҳамсафари ман имшабро бо ёри дилхоҳе бар канори сабзазоре рӯйбарҳам хуш мегузаронанд. Яъне на ман танҳо гирифторам ба доми зулфи зебое, дигар дӯстон низ бо дилороме саре доранду савдое!

Ишқ дар олам набудӣ, гар набудӣ рӯйи Раъно,

Гар на гул будӣ, нахондӣ булбуле бар шохсоре!

Ҳолиё айни вақт аст, агар андалеби Исфара ба гули Раъно рози дил ифшо намояд.

– Сӯи ошёни қудсӣ паридам дамеву пайки мурод маро хушклабу ташна бар лаби оби ҳаёт баргардонд. Чӣ хуш, ки аз нафаси сарди Сайҳун маҷлиси мо гарм гашту ба вақти самоъ бо ҷӯши шароби ноб дил ба дил роҳ ёфт ва нигоҳ ба нигоҳ пайваст. Аммо ба самовиҳо чӣ суд аз гуфтани бисёри ман? Фақат ишорае кофист, ки ин рӯйдод моро аз мумкиноти толеъ аст.

Ҳолиё, ки дар миёни обу оташи ин сарои сурур аз табу ларза беқарор бо паридорони маҷлиси унс чун гирдбод мечархем, маро мебояд минбаъд чусту чолоктар шавам, дар ошноии чашмони шаҳлою наргисмисоли Раънои хеш аз мавҷ бесангтар ва аз ҳубоб тиҳирӯтар бошам. То агар ғам дуаспа ояд, бо сардханда бори ишқ шодмон ба дӯш бардорам:

Ошиқон аз сари шамшери ғамат ҷон набаранд,

То ба чавгони вафо гӯй ба майдон набаранд.

Кори хомон бувад он, к-аз сари шаҳватбозӣ

Ба роҳи ишқ дароянду ба поён набаранд.

Шергирон, ки ба ҷон бастаи занҷири диланд,

Ҳукми дилро натавонанд, ки фармон набаранд!

Лекин онҳо, ки дар ин ҳалқа мақоме доранд

Номи дилро ба забон дар ғами ҷонон набаранд…

Баста бодо нафаси субҳдаму боди сабо

Қиссаи дарди маро гар ба Хуросон набаранд…

Сайфуддин бо нигоҳи нафис Раъноро жарф нигаристу аз мағзи дил хитоб кард:

Вақти субҳ аст, хез, бода биёр, эй санам,

Дар варақи рӯҳ каш аз хати соғар рақам!

– Офарин, эй Сайфи Исфара! Кас надидаст одамизод аз ту ширинтарсухан, ҳам сара! – лаб ба тавсиф боз кард Саъдӣ. – Ҳар чӣ гуфтӣ, аз ниҳонхонаи дили Раъно гуфтӣ. Вай сухан дар хилоф нахоҳад гуфт!

Гули Раъно ба андалеби шайдо байти обдоре бахшид:

Кунун омад вақти ошиқнавозӣ

Ба зулфи худ диҳам шабро дарозӣ…

Саъдӣ нигоҳи гарме ба Зебо ҳавола карду чор мисраъ хонд:

Сӯҳбати ёри азиз ҳосили даври бақост,

Якдама дидори дӯст ҳар ду ҷаҳонаш бақост!

Дарди дили дӯстон гар ту писандӣ, равост,

Ҳар чӣ мурод аз шумост, ғояти мақсуди мост!

Шоир чун мушоҳида кард, ки шоира ба шавқ наомад, мисраи охиринро бо андак тағйирот дубора хонд:

– Ҳар чӣ муроди Зебост, ғояти мақсуди мост!

Зебои Хуҷандӣ ишорати дӯст хуш пазируфт ва худро ба паҳлуи андалеби Шероз расонд:

Кас чун ту ба ақл зиндагонӣ накунад,

Дар шеваи ишқ меҳрубонӣ накунад.

Эй ёри сабукрӯҳ, зи васлат имшаб

Шодам, агар ки субҳ гаронӣ накунад…

Лаҳни форами шоираи хушилҳом Саъдиро ба таҳрик овард:

– Ало, эй соқии оташрӯй, каломи оташинро шунидӣ? Ба оби бода ақл аз ман фурӯ шӯй!

Шод бош, эй ширинлаб сухангӯй. Эй моҳпораи обидфиреб, эй малоиксурати товусзеб:

Кас надонам, ки дар ин шаҳр гирифтори ту нест,

Магар он кас, ки ба шаҳр ояду ғофил биравад…

Руҷӯи шоир таровиши эҳсоси шоираро дучанд афзуд:

Сӯям нигарист, оҳ, шоири сармаст,

105.муроқаба – дил ба Худо бастан ва аз фикру андешаи дунё дур шудан
106.муҳоварат – сӯҳбати мардон
107.муошарат – сӯҳбати марду зан
108.моида – дастархон
Vanusepiirang:
16+
Ilmumiskuupäev Litres'is:
10 veebruar 2023
Kirjutamise kuupäev:
2023
Objętość:
690 lk 1 illustratsioon
Õiguste omanik:
Автор
Allalaadimise formaat:
epub, fb2, fb3, ios.epub, mobi, pdf, txt, zip